Ғизои солими яхкардашуда

87

Оё сабзавоти тару тоза ҳамавақт солимтар ва дорои ғионокии зиёд ҳастанд ва ё сабзавоти яхкардашуд?

Пас аз кандани сабзӣ ва аз замин ва ё чида гирифтани помидор чӣ мешавад?

Дер боз мо дар дастархонамон маҳсулоти тару тоза мебинем. Бо ҳисоби миёна сабзавот се рӯз аз киштзор ба мағоза мерасад. Се рӯзи дигар ӯ дар яхдони мо дошта мешаванд. Хатто агар онҳо дар киштзорҳои беҳтарин парвариш карда бошанд ҳам, онҳо витамину минералҳои худро дар ин муддат гум мекунанд.

Мисол, лӯбиёи сабз, ки пас аз чида гирифтан дар муддати 24 соат 40% витамини С- ро гум мекунад. Дигар меваю сабзавотҳо низ ба ин мисол шуда метавонанд.

Сабзавотҳо пас аз чида гирифтан оҳиста- оҳиста ғизонокиашонро гум мекунанд, аммо инро пешгирӣ кардан мумкин аст.

Ғизонокии сабзавоти яхкардашуда дар худи ӯ нағз дошта мешавад, барои он ки муддати байни чидагирӣ ва яхкунонӣ ба ҳадду ақал кам карда шудааст- ин аз як чанд соат зиёд дароз намекашад. Доктори Донишгоҳи Иллиноис дар Шампейн, Барбара Клейн, ки тадқиқоти фарқи байни сабзавоти яхкардашуда ва тару тозаро мебарад, мегӯяд, ки “Бисёри витаминҳо дар сабзавоти яхкардашуда ва консервкардашуда хело хуб нигоҳ дошта мешаванд.”

дар вақти яхкунонӣ. Аз ҳама бисёр витамини С (тақрибан 25%) камтар мегардад, дигар витаминҳо бошанд камтар (мисол витамини B– тақрибан 10%). Бо вуҷуди он, ҷои он моддаҳои ғизоноке, ки дар вақти яхкунӣ гум мешаванд холати яхкардашудаи сабзавотҳо мегирад. Яъне, каротин (моддаи рангдиҳанда) дар консерв буда онро аз рӯшнои нигоҳ дошта ба кам шавӣ иҷозат намедиҳад. Нахӯди яхкардашуда назар ба нахӯди дар мағоза буда тақрибан 60% зиёдтар каротин доранд.

Баъзан маҳсулоти яхкардашуда назар ба маҳсулоти коркард нашуда зиёдтар ғизонокӣ дорад.

Тадқиқотчиёни Ҷамъияти Истеъмолкунандагони Австрявӣ ғизонокии сабзавоти яхкардашуда ва тару тозаи аз Италия, Испаниё, Туркия ва Исроил овардашударо муқоиса карданд. Витаминҳои нахӯд, карам, ҷуворимакка ва сабзии яхкардашуда назар ба сабзавотҳои тару тозаи аз дигар давлатҳо ворид кардашуда бештар буданд. Бояд донист, ки сабзавоти тару тозаи дар зимистон дар мағоза буда аз Аврупои Ҷанубӣ ё Африқои Шимолӣ ворид кардашуда назар ба он сабзавоти фаслӣ камтар витамин доранд.

Оби зиёд ва хӯрокпазии дуру дароз сабзавотро аз витаминҳо маҳрум месозад ва инро низ бояд гуфт, ки барои кам нашудани витаминҳои ҳам сабзавоти тару тоза ва ҳам коркардшуда онҳоро бояд дар буғ ё оташдони мавҷӣ тайёр кард. (на бо оби бисёр).

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.