Тартиби парҳез кардан

87

Қоидаи асосии парҳез он аст, ки ғизоро дар зарфи хурдҳаҷм бояд гирифт, зарфе ки диаметраш на бештар аз 17-18 сантиметр бошад. Ҳушдор! Зарфи хурд гирифтану дар он ғизои зиёд бор кардан дуруст нест, миқдори ғизо ҳам бояд кам бошад.

Мунтазам истеъмол намоед. Дар як рӯз панҷ маротиба тановул кардан (гарчанде гурусна ҳам набошед). Ин навъи парҳез имкон медиҳад, ки миқдори глюкоза дар хун дар як сатҳ нигаҳ дошта шавад ва аз ҳамлаи гуруснагӣ пешгирӣ кунад.

Ғизои худатонро таҳия кунед. Нисфи ғизо бояд аз чунин сабзавот иборат бошад: хӯришҳо, помидор, бодиринг, шалғам, қаламфур, сикории брокколи ва гулкарам (дар шакли хом ва ё дар об пӯташуда), 30% дигари ғизо бояд аз маҳсулоте тартиб дода шавад, ки аз карбогидратҳо бой ҳастанд: нони ҷавӣ, биринҷ, макарони ҷавин ва картошка, 20% дигари ғизо бояд аз сафедаҳо омода шавад: маҳсулоти ширии камравған, гӯшт, тухм ва моҳӣ.

Ғизое ки дар як рӯз танҳо 2 бор бояд истеъмол кард: пӯхтаниҳо ва чой.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.