Мӯҳлат додан яке аз суннатҳои илоҳӣ

68

Мӯҳлат додан яке аз суннатҳои илоҳӣ

Худованд дар дунё барои худаш қонунҳое муаян кардаас, ки ба онҳо суннатҳои илоҳӣ гуфта мешаванд, аз ҷумлаи ин суннатҳо суннати “муҳлат додан” аст.  

«قُلْ مَنْ كانَ فِي الضَّلالَةِ فَلْيَمْدُدْ لَهُ الرَّحْمنُ مَدًّا حَتَّى إِذا رَأَوْا ما يُوعَدُونَ إِمَّا الْعَذابَ وَ إِمَّا السَّاعَةَ فَسَيَعْلَمُونَ مَنْ هُوَ شَرٌّ مَكاناً وَ أَضْعَفُ جُنْداً»

Бигӯ: ҳар кас дар гумроҳӣ аст, Худованди Раҳмон (тибқи суннати худ) муддате ба ӯ мӯҳлат ва мадад медиҳад, то замоне, ки ончиро ваъда дода ме‏шаванд бубинанд, ё азоб (-и ин дунё) ё (азоби) қиёматро. Пас (дар он рӯз) хоҳанд донист чӣ касе ҷойгоҳаш бадтар ва лашкараш нотавон‏тар аст. (сураи Марям- 75)

Худованди мутаол ба ҳамаи касоне, ки роҳи шарреро интихоб кунанд, мӯҳлат медиҳад. Ин мӯҳлат барои ин аст, ки шояд тавба кунанд, ё фарзандони солеҳе аз насли онон ба вуҷуд ояд. Гарчи бархе гумроҳон аз мӯҳлати илоҳӣ истифодаи бад карда, гуноҳони бештаре муртакиб мешаванд ва азоби худро бештар мекунанд. (Тафсири Атябулбаён)

Лутфи ҳаққ бо ту мудороҳо кунад

Чунки аз ҳад бигзарад расво кунад

Худованди мутаол ба ҳама‏и касоне, ки роҳи шарреро интихоб кунанд, мӯҳлат ме‏диҳад. Ин мӯҳлат барои ин аст, ки шояд тавба кунанд, ё фарзандони солеҳе аз насли онон ба вуҷуд ояд. Гарчи баъзе гумроҳон аз мӯҳлати илоҳӣ истифодаи нодуруст карда, гуноҳони бештаре муртакиб мешаванд ва азоби худро бештар ме‏кунанд.

 Бардоштҳое аз оят:

1- Суннати Худованд бар ин аст, ки замина‏и ҳаракат ва рушдро барои ҳама‏и инсон‏ҳо фароҳам кунад, ва ин инсон аст, ки агар гумроҳиро интихоб кард, Худованд муддате ба ӯ мӯҳлат ми‏ҳад, «مَنْ كانَ فِي الضَّلالَةِ فَلْيَمْدُدْ» ва агар роҳи ҳидоятро дар пеш гирифт Худованд бар ҳидояташ меафзояд.

وَ يَزِيدُ اللَّهُ الَّذِينَ اهْتَدَوْا هُدى

2- Мӯҳлат ва имдод, бархоста аз раҳмати илоҳӣ аст. «فَلْيَمْدُدْ لَهُ الرَّحْمنُ»

3- Куффор борҳо ба хатар ва азоб таҳдид мешаванд, вале онон мутазаккир намешаванд. «ما يُوعَدُونَ»

4- Худо баъзе гумроҳонро дар дунё азоб мекунад ва ҳисоби қиёматаш ҳам чунон боқӣ мемонад, вале баъзеро танҳо дар қиёмат кайфар медиҳад. «إِمَّا الْعَذابَ وَ إِمَّا السَّاعَةَ«

5- Дар лаҳза‏и марг, мақом ва мавқеият, бастагон ва нафарот ба кор наме‏оянд. ««شَرٌّ مَكاناً وَ أَضْعَفُ جُنْداً

6- Қиёмат рӯзи зуҳури ҳақоиқ ва кашф ва шуҳуд аст. «حَتَّى إِذا رَأَوْا … فَسَيَعْلَمُونَ»

 

Манобеъ:

1- Тафсири Намуна ҷ.13

2- Тафсири Нур ҷ.7

3 – Тафсири Атябулбаён

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.