Фаҳми омодагии издивоҷ (1)

67

Шумо ба ин огоҳ ҳастед, ки дар ҳақиқат чаро мехоҳед издивоҷ кунед

Шумо фақат мехоҳед издивоҷ кунед, ки сирфан издивоҷ карда бошед ё ба таври хуб ва дақиқ медонед аз издивоҷ чӣ мехоҳед ва чаро мехоҳед боқии умратонро бо шарике, ки барои худ баргузидаед сипарӣ кунед? Яке аз нишонаҳои омодагӣ ва доро будани шароити издивоҷро доред ин аст, ки дақиқ бидонед ҳадафатон аз издивоҷ чист.

Барои расидан ба посухи ин пурсиш бояд аз худатон саволҳои сахт бипурсед ва худатонро ба чолиш бикашед, масалан инки издивоҷ бо касе, ки ӯро интихоб кардаед аз назари отифӣ ва рӯҳи чӣ фоидаҳо барои шумо дорад. Оё дар канори ӯ эҳсоси оромиш мекунед ва ба рағми тамомии ихтилофи назарҳо бо ҳам хуб ҳастед ва як робитаи хуб ва бидуни танишҳои мудовим доред ё не.

Агар ҳадафатон аз издивоҷ фақат расидан ба висоли касе аст, ки шадидан дӯстш доред ва ба дигар ҷанбаҳои робита чандон таваҷҷуҳе надоред лутфан даст нигаҳ доред ва каме бештар худатонро ба чолиш бикашед.

Барои издивоҷ ва зиндагии муштарак барномарезӣ кунед на барои маросими арӯсӣ

Маросими арӯсӣ як барномаи шод аст, ки баргузории он ҳам худатон ва ҳам атрофиёнатонро шод мекунад. Аммо оё ин масъала метавонад як далели маҳкам барои издивоҷ кардан бошад? Шумо фақат мехоҳед як ҷашни арӯсӣ бигиред ва дар маркази таваҷҷуҳ бошед? Ҷашни арӯсӣ фақат чанд соат тӯл мекашд аммо издивоҷ баҳси як умр зиндагӣ аст. Пас на барои як рӯз балки барои тамоми умр барномарезӣ кунед. Дар мавриди рӯзҳое, ки мехоҳед дар канори шарик зиндагӣ сипарӣ кунед, ҳатто замоне, ки дигар дар маркази таваҷҷуҳ нестед ва ҳама чи ба раволи оддӣ баргашта фикр кунед.

Таҷриба касб кардаед

Тибқи таҳқиқоти сурат гирифта беҳтарин син барои издивоҷ 25 солагӣ аст. Агарчи бархе афрод дар синну соли болотар ё поинтар ҳам ба натиҷаи хубе дар издивоҷ мерасанд ва наметавон барои ҳама тавсияи яксоне кард. Аммо ҳар чӣ таҷрибаи иҷтимоии шумо бештар бошад, беҳтар одамҳо ва равобитро бишносед ва ахлоқи одамҳоро таҷзия ва таҳлил кунед метавонед издивоҷи муваффақтаре дошта бошед.

Робитаи шумо амиқ аст

Яке дигар аз нишонҳҳое, ки мегӯянд шумо омодагӣ ва шароити издивоҷро доред умқи робитаи шумо бо касе аст, ки ба унвони шарики зиндагӣ интихоб кардаед. Шумо барои издивоҷ ба як робитаи бисёр амиқу самимӣ ниёз доред, амиқтар аз онки фақат тамом вақт саргарм бошед, ба меҳмонӣ биравед ва хуш бигузаронед. Шумо замоне омодагӣ ва шароити издивоҷро доред, ки бидонед робитаи шумо ҳатто дар шароити нороҳаткунанда ва сахт ҳам амиқ аст ва ин омодагиро доред, ки дар мушкилот ва чолишҳо канори ҳам бошед.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.