Аҳамияти рӯйи хандон ва шод дар ҷомеъа

89

Яке аз тавсияҳое ки Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуданд, он аст ки бо бародарони динӣ бо рӯйи хандон ва шод рӯбарӯ шавед. Марде пеши Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ омаду гуфт: эй расули Худо! Ба ман як панди хуб диҳед. Пас он ҳазрат дар миёни тавсияҳои худ фармуданд: бо бародарони худ бо рӯйи хандон ва шод рӯбарӯ шав.

Вақте бо афроди ҷомеъаи динӣ, ки ба онон бародарони динӣ гуфта мешавад, бояд бо рӯйи хандон ва қошу қавоқро овезон накардан рӯбарӯ шуд, ба тариқи авло бо хонавода бо зану фарзанд ҳам бояд бо рӯйи хандон рафтор кард. Чун робитаи одам дар хонааш қавитар аст ва зарурати рафтори хуб дар хона бештар аст. Дар миёни аъзои хонавода, ҳамсар нисбат ба дигарон ҷойгоҳи муҳимтар дорад. Рафтор бо ҳамсар бо рӯйи хандон, онқадар аҳамият дорад, Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ онро яке аз ҳаққи зан бар шавҳараш дониста фармудаанд: ҳаққи зан бар шавҳараш ин аст, ки ӯро гурусна намонад, баданашро (бо либос) бипӯшонад ва ба ӯ қошу қавоқро овезон накунад.

Дигаронро ба тарафи худ кашидан, фақат бо пул нест ва одам наметавонад фақат бо пул дигаронро ба тарафи худаш кашад ва дилашро ба даст оварад, аммо рӯйи хандон ва шодро ҳамеша ва барои ҳар кас истифода карда мешавад.

Ҳазрати Содиқ алайҳиссалом аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ нақл кардаанд ки он ҳазрат ба фарзандони Абдулмутталиб фармуданд: шумо ҳаргиз наметавонед бо боигариҳои худ ҳамаи одамонро фоида расонед, пас бо онон бо рӯйи хандон ва шод рӯбарӯ шавед.

Бо таваҷҷӯҳ бар аҳамияти рафтор бо дигарон бо рӯйи хандон ва шод, дар ҳадисҳо рӯйи хандон ва шодро аломати имон, нимаи ақл, аввалин ҳадяи Илоҳӣ ва аввали некӯкорӣ дониста шудааст. Дар муқобил тарки ин сифати некӯ зарари баде ҳам дорад. Ҳазрати Содиқ алайҳиссалом фармуданд: ҳар кас ба падару модараш бад нигоҳ кунад, агар ҳам падару модар ба ӯ зул карда бошанд, ( ба хотири нигоҳи бадаш) Худованд намозашро қабул намекунад. Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуданд: Ҳар кас ба мӯъмин нигоҳи тарснок кунад, Худованд дар рӯзе ки паноҳи ҷуз Худо вуҷуд надорад, ӯро дар ҷойи тарс қарор хоҳад дод.

Фоидаҳои рӯйи хандон ва шод

А. Аз байн бурдани кина

Ҳазрати Козим алайҳиссалом дар ривояте аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуданд: рӯйи хандон ва шод кинаҳоро (душманиҳои даруни дилро) аз байн мебарад.

Б. Тамом кардани душманӣ

Рӯйи хандон ва шод фақат кинаҳо ва душманиҳои даруни дилро аз байн намебарад, балки оатши ҷангу ҷанҷолро ҳам хомӯш мекунад. Ин ҷангу ҷанҷол ки дар хонаводаҳо ҳаст, бо ҳамин рӯйи хандон ва шод дар як лаҳза аз байн меравад.

Ҳазрати Алӣ алайҳиссалом мефармоянд: рӯйи хандону шоди ту, оташи душманиро хомӯш мекунад.

В. Эҷоди муҳаббат

Рӯйи хандон ва шод баъд аз инки душманиро аз байн мебарад, муҳаббати дигаронро эҷод мекунад. Муҳаббат аз муҳимтарин сабаби оромиши ҳамсарон аст, ки бо ҳамин рӯйи хандон ба даст меояд.

Ҳазрати Боқир алайҳиссалом фармуданд: рӯйи хандон ва шод оварандаи муҳаббат аст.

Г. Наздикӣ ба Худованд

Рӯйи хандон ва шод фақат фоидаи иҷтимоиву хонаводагӣ надорад, балки ин сифати нек инсонро ба Худованд наздик мекунад. Ҳазрати Боқир алайҳиссалом фармуданд: рӯйи хандон ва шод оварандаи муҳаббат аст ва (сабаби) наздикӣ ба Худованд аст, ва бадфелӣ (қошу қавоқро овезон кардан) оварандаи буғзу кина ва (сабаби) дурӣ аз Худованд аст.

Д. Оқибатбахайрӣ

Рӯйи хандон ва шод илова бар ин, ки дар дунё фоидаҳое дорад, дар охират низ фоидаи хушбахт шуданро дорад. Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуданд: бо бародарат бо рӯйи хандон рӯбарӯ шав ва бо бадфелӣ рӯбарӯ нашав, ки туро аз фоидаҳои дунёву охират боз медорад.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.