Муқоисаи зан бо мард дар варзиш

175

Бе гумон, варзиш барои мардон хеле фоида дорад, балки зарур аст, аммо бояд ба ин нукта аҳамият дод, ки набояд занро бо мард баробар карда муқоиса кард. Муқоисаи зан бо мард, умедворӣ аз зан, ки корҳои сахту душвори мардонаро анҷом диҳад, зулму ситам ба зан аст.

Зану мард дар офариниш фарқҳои зиёде доранд, ки ин фарқу тафовут сабаби бартарӣ ва имтиёзи зан бар мард ё мард бар зан намешавад. Камоли мард дар ин аст сифоти мардонаро дошта бошад ва камоли зан дар ин аст, ки сифоти занонаро дошта бошад. Зан нозук офарида шудааст ва ин барои зан камол аст. Барои ҳамин, дар Ислом корҳои сахту душвори беруни хона бар ӯҳдаи мардон, ва корҳои сабуку нозук, ки бо шафқату меҳрубонӣ анҷом дода мешавад мисли: тарбияти фарзанд, тоза нигоҳ доштани хона, пухту паз, шавҳардорӣ, бар ӯҳдаи зан гузошта шудааст.

Бадани занҳо нисбат ба мардон беқувваттару нозуктар аст, лекин ин беқувватӣ барои онҳо камбудӣ нест.

Ҳазрати Алӣ алайҳиссалом фармуданд

فانهن ضعیفات القوی

Занон аз назари баданӣ беқувват ҳастанд.

Ба ҷойи ин, дар меҳрубониву таъсирпазирӣ, аз мардон хеле зиёд қавитар ҳастанд. Қуввати ҷисмонӣ барои мард ва қуввати меҳрубониву таъсирпазирӣ барои зан, зарур ва сабаби камол аст.

Оқои Хуза Калигула, раиси анҷумани байналмилалии мадориси олии тарбияти баданӣ, мегӯяд: Ман бо мусобибиқаҳо ва муборизаҳои ошкору байни зану мард мухолиф ҳастам, мақсади ман мусобиқаҳои сатҳи олии варзиш аст, на варзише, ки барои хушгузаронӣ ё омӯзиш, балки мусобиқаҳое ки бо соат ва чен кардани замин, ё варзише ки тибқи тавоне ки вобаста ба қуввату зӯр аст, баҳо дода мешавад.

Бовари ман ин аст – бо ин ки ба боварҳои зидди бовари худам эҳтиром мекунам- ки яке аз бузургтарин далели зиндагии мо дар ин олам, он аст ки зану мард бо якдигар фарқ доранд.

Ҳазрати Алӣ алайҳиссалом бо нигоҳи ба фарқияти зану мард дар офариниш, доварии хеле зебову ҳайратовар доранд. Марде дуто зан дошт, ки ҳардуи онҳо бордор (дуҷон) буданд. Ҳар дуи онҳо орзу мекард, фарзанде ки ба дунё меоварад писар бошад, то бо писардор шудан дар пеши шавҳар маҳбубтар гардад.

Дар он замон – ба далели бефарҳангӣ ва нақши пураҳамияти мард дар қувватдиҳии низоми ҳарбӣ – доштани фарзандони писар обрӯву ифтихор буд ва доштани фарзанди духтар, асбоби шармандагӣ мешуд.

Аз қазо ин ду зан дар як шаб ва дар як хона, таваллуд карданд. Яке аз онҳо духтар ва дигараш писар ба дунё меоварад. Зане ки духтар зойида буд, духтарашро бо писари зани дигари шавҳараш иваз мекунад, ки ин кор сабаб мешавад ихтилоф пайдо шавад ва касе наметавонад ин масъаларо ҳал кунад. Тибқи одат барои ҳалли ин маушкил, ба пеши дарёи илму дониш ҳазрати Алӣ алайҳиссалом мераванд. Он ҳазрат дастур медиҳанд ҳар ду модар, миқдоре таъйиншуда ва баробар аз шири худ ҷӯшанд. Онгоҳ он ду ширро дар тарозу вазн мекунанд.

Бо камоли тааҷҷуб мебенанд ки шири яке аз онҳо аз дигариш вазнинтар аст.

Онгоҳ ҳазрати Алӣ алайҳиссалом ҳукм мекунанд, ки фарзанди писар азони ҳамон зане аст, ки шираш вазнинтар аст. Аз инҷо мефаҳмем ки ба далели фарқ кардани сохтмони ҷисмии зану мард, Худованди мутаъол ҳатто дар хӯроки навзодон ҳам ихтилоф қоил шудааст. Шире ки писар онро мехурад, бояд витаминҳои беҳтаре дошта бошад, то устухонбандӣ ва бозуҳои мӯҳкамтарро барои мардон, ки вазифаи сахттар доранд, фароҳам созад.

Ба ҳамин далели фарқ доштани ҷисми зану манд, варзиш низ таъсирҳои мутафовите бар онҳо мегузорад, бинобар ин беҳтар аст занҳо аз варзишҳои сахт, ва хастакунанда дурӣ кунанд ва танҳо варзишҳои сабуки нарму фоиданокро анҷом диҳанд, то аз варзиш натиҷаи бад нагиранд. Ба ҳар ҳол аз назари Ислом, анҷом додани варзишҳои гуногун – то онҷо ки барои онҳо зараре надошта ва кори ҳаром дар он набошад – ҷоиз аст, зеро ҳар коре, то замоне далел бар ҳаром буданаш надошта бошем, ҷоиз хоҳад буд. Варзиши занҳо ҳам ба ҳамин қоида дохил мешавад ва то замоне ки далели қотеъ бар ҳаром буданаш надошта бошем, он ҷоиз аст.

Ислом намехоҳад занҳоро аз варзиш кардан манъ кунад, балки – ҳамонгуна ки аз фармоиши ҳазрати Алӣ алайҳиссалом хитоб ба фарзандаш имом Ҳасан алайҳиссалом фаҳмида мешавад – мехоҳанд тамоси зан бо номаҳрамро ба камтарин ҳадд расонад, зеро ҳарчи ин тамос бештар шавад, хатари ба фасод кашида шудани зан, ва дар натиҷа ҷомеъа, бештар хоҳад шуд.

Ҷомеъаҳое ки дар қарнҳои гузашта, ҳеҷгуна маҳдудияте дар иртиботи занон бо мардон, қоил нашуда буданд ва ба онҳо озодии мутлақ дода буданд, сахтиҳо ва мушкилоти зиёде доштанд ва фасоду ҷиноят зиёд шуда, каромоти ахлоқӣ нобуд шуда, самимияту меҳрубонӣ гармии худро аз даст додааст.

Аз назари Ислом, анҷом додани варзишҳое ки барои ҳифзи саломатӣ ва шодобии зан фоида дорад ва ба ҷисму руҳаш зарар нарасонад, ишкол надорад, вале ҳамаи ин кор бояд бо ҳиҷоби Исломӣ ва дар ҷойи солим анҷом шавад.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.