Ибодат дар кӯдакӣ – қисмати дуввум

106

Ибодат дар кӯдакӣ – қисмати дуввум

Имом содиқ(алайҳиссалом) фармуданд: замоне, ки кӯдак ба синни шаш солагӣ расид ӯро ба намоз хондан ва чунончи таҳаммули гирифтани рӯза дошт, ӯро ба анҷоми он водор намоед.

Марде аз фарзандаш назди ҳазрати имом Ризо(алайҳиссалом) шикоят мекунад, ки (фарзандам) як ё ду рӯз намоз намехонад. Имом (алайҳиссалом) фармуданд:

Чандсола ҳаст? Мард ҷавоб медиҳад: ҳаштсола. Имом(алайҳиссалом) мефармоянд:

Субҳон Аллоҳ ! Намозро тарк мекунад! Ҷавоб медиҳад: орӣ, дар вақте, ки мариз аст. Имом мефармояд:

Бояд ҳар қадр, ки метавонад намоз бихонд.

Аҳамияти тарбияти кӯдак

Дар ривояти дигаре равиши ёд додани ибодат ба фарзанди худро Имом(алайҳиссалом) ингуна мехонем:

Имом Содиқ(алайҳиссалом): мо фарзандони худро аз панҷсолагӣ ба намоз даъват мекунем ва шумо фарзандонтонро, аз ҳафтсолагӣ ба намоз хондан маҷбур кунед.

Дар ҳамин робита аст, ки имом(алайҳиссалом) мефармоянд:

Вақте, ки бачча ҳафтсола шуд, ба ӯ бигӯед даст ва рӯйи худро бишуяд ва намоз бихонд, аммо вақте ба синни нуҳсолагӣ расид, бояд дуруст таҳорат карданро ба таври комил ба ӯ биёмӯзед ва таъкид кунед, то намоз бихонад ва дар вақти лозим метавонед ӯро бо танбеҳ (бо бад нигоҳ кардан, ё ғазаб кардан ё задан бо шароити Исломӣ) ба намоз маҷбур кунед.

Роҳҳалли ғалаба бар хашм

Агар хонавода дар ибодат кардани фарзанд ҳаракат кунад ва дар тарбияти кӯдак талош намуда ва бовари динии ӯро қавӣ намояд, самараи он дар ҷавонӣ насиби ҳамаи ҷомеъаи Исломӣ мешавад.

Идома дорад………

Ибодат дар кӯдакӣ – қисмати аввал

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.