Нукоти муҳим дар тарбияти кӯдак

100

Нукоте, ки дар идома мехонед, марбут ба тарбияти кӯдак аст ва риояти ин нукот ба падару модарони азиз кӯмак хоҳад кард, кӯдаконашон дар умури зиндагӣ боназму муваффақ бошанд.

Таҳсину подош

Беҳтарин подош барои кӯдакон таъриф, тамҷид, таҳсин ва муҳаббати падару модарон аст.

Истифода аз бозичаҳо ва хӯрокиҳои гуногун барои подош ба кӯдакон зарурӣ нест. Шояд истифда аз як тоблуи содае, ки дар онҳо рафтори хуби кӯдакатонро бо як ситора подош диҳед, муассиртарин таҳсин аз вай бошад.

Сираи иҷтимоии паёмбар – дрӯғ ба фарзанд мамнӯъ

Саботи қадам ва истимрор

Вақте муқарраротеро барои кӯдакатон таъйин мекунед, набояд онро ба содагӣ тағйир диҳед. Бештари волидайн барои барқарории оромиш дар хона ва поён додан ба гиряи фарзандашон, қавонинро нақз мекунанд, аммо агар қоидаеро таъйин кардед, ҳеч кас (на парастори бача, на ҳамсаратон ва на худи шумо) набояд онро нақз кунад ва ҳамагӣ бояд онро мӯҳтарам бишморед. Қонун вақте қонун аст, ки ҳама онро риоят кунанд ва дар барбари он мутеъ бошанд.

Барқарории назм дар зиндагӣ

Назм ва риволи шахсиро дар хона барқарор кунед. Муҳимтарин асл дар барқарории риволи муайян дар зиндагӣ, таъйини вақти дақиқи хобидан, бедор шудан ва хӯрок хӯрдан аст. Вақте назми шахсиро дар зиндагӣ барқарор кардед, фақат дар мавориди хос монанди замони сафар ва беморӣ метавонед каме инъитоф нишон диҳед ва аз назми муайяншуда гоҳе чашмпӯшӣ кунед.

Тарбияти саҳеҳ фақат бо вуҷуди назм имконпазир аст, аммо ин фақат фарзанди шумо нест, ки бояд назмро риоят кунад, балки тамоми аъзои хонавода бояд муназзам бошанд, то кӯдак муназзам зиндагӣ кунад ва имкони тарбияташ фароҳам гардад.

Аҳамияти тарбияти кӯдак

Таъйини назму риволи мушаххас чаҳорчӯби барномаи хонавода аст ва бояд онро ҳифз кард, аммо ифрот накунед ва оқилона инъитоф нишон диҳед, чаро ки бешак хона пойгоҳи низомӣ нест.

Ҳадду ҳудудҳо бо риояти назм имконпазир мешавад ва назм яъне назорати қотеона ва одилона. Барои барқарории назм роҳҳои гуногуне монанди қотеият дар сӯҳбат кардан ё ҳушдори сода бо ҳаракати ангушт вуҷуд дорад, аммо нуктаи муҳим ин аст, ки ҳаргиз набояд назмро бо истифода аз хушунат ва танбеҳ барқарор намоем.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.