Чанд асли муҳим дар забон боз кардани кӯдакон

75

Зуд шурӯъ кунед:

Аз ҳамон замон, ки навзодатон бо садоҳо ба атроф нигоҳ мекунад иқдом кунед. Бо ӯ сӯҳбат кунед ва ӯро дар роҳи посухи ҳатто бо як лабханд қарор диҳед.

Дар ибтидо шояд ӯ посух ва садои хоссе надиҳад аммо ба мурури замон ёд мегирад, ки бо садо ва нигоҳ ва ҳатто лабханд посухи шуморо бидиҳад.

Бо ӯ бо садои мутафовит сӯҳбат кунед:

Ҳатман шумо замоне, ки бо як кӯдак сӯҳбат мекунед садо ва ҳолоти худро тағйир медиҳед ин тағйир таваҷҷуҳи навзодро бештар ҷалб мекунад.

Телевизионро хомӯш кунед:

Албатта на ҳамеша аммо бахше аз рӯзро иҷоза диҳед то ӯ садоҳои зиндаи атрофашро бишинавад то қудрати тамаркузи ӯ боло биравад чаро, ки телевизион бо пахши мусиқӣ ва аз ин қабил садоҳо ӯро дучори як навъ сардагумь мекунад.

Барои кӯдак китоб бихонед

Китоб хондан беҳтарин коре аст, ки метавон барои рушди маҳоратҳои забонии кӯдак анҷом дод; албатта хуб аст то замоне, ки кӯдак кӯчактар аст, бештар аз китобҳои шеъри мутаносиб бо син ва ҳофизаи шунидории ӯ истифода кунед чун кӯдакон дар ин синну сол аз шунидани иборатҳои оҳангин бештар лаззат мебаранд.

Нукоте барои зудтар боз шудани забони кӯдак

– Замоне, ки дар ҳоли анҷоми кори рӯзмарратон ҳастед ё хориҷ ва дохили хонаед , то ҷое, ки мумкин аст, бо кӯдакатон сӯҳбат кунед. Ҳар чӣ бештар бо ӯ сӯҳбат кунед, калимаҳои бештаре ёд мегирад ва беҳтар метавонад сӯҳбат кунад.

– Замоне, ки дар ҳоли таъвиз пушак ҳастед, ба ӯ ғизо медиҳед ё ҳаммомаш мекунед бо ӯ сӯҳбат кунед ва бо як тамоси чашмӣ ва лабханд ба ӯ замон бидиҳед то посухи шуморо бидиҳад.

– Аз корҳои рӯзона истифода кунед то байни амал ва ашёъ ва калимоте, ки намоёнгари онҳо ҳастанд, робита барқарор кунед. Замоне, ки дар атроф ҳастед ба чизҳое, ки мебинед ишора кунед.

– Замоне, ки дар ҳоли сӯҳбат бо кӯдактон ҳастед, наҳваи сӯҳбат карданатонро соддатар кунед. Аз ҷумалоти кӯтоҳ истифода кунед ва рӯи калимоти калидӣ таъкид кунед. Ин кумак мекунад, ки ӯ рӯи нукоти муҳим тамаркуз кунад.

– Саъй кунед замоне, ки бо ӯ сӯҳбат мекунед, аз ҷумлае истифода кунед, ки аз ҷумлаи ӯ ҳудудан як калима бештар бошад яъне агар ӯ аз ҷумлаи ду калимаӣ истифода мекунад, ҳангоми посух ба ӯ ҷумалоти се ё чаҳоркалимаӣ ба кор бибаред. Барои мисол агар ӯ гуфт “моҳӣ” шумо метавонед бигӯед “бале, як моҳии бузург”

– Шумо метавонед доираи луғоти кӯдакатонро бо додани ҳаққи интихоб ба ӯ афзоиш диҳед. Масалан метавонед бипурсед “ту ангур мехоҳӣ ё себ?” ҳатто метавонед ҳар ду меваи себ ва ангурро ба ӯ нишон диҳед. Ин кумак мекунад, ки ӯ тасвири он калимаро дар зеҳн захира кунад.

– Агар барои кӯдакатон вақт бигузоред ва бо ӯ сӯҳбат кунед, ӯ ёд мегирад, ки чигуна сӯҳбат кунад. Ҳатто метавонад дар замони китоб хондан ба ҷои инки ӯро рӯи поятон бинишонед, муқобилаш бинишинед то битавонад дар замони сӯҳбат кардан шуморо тамошо кунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.