Калидҳои тилоии тарбияти фарзанд ва роҳи подош додан

136

Нуктаҳои кӯтоҳ ва корбурдӣ барои тарбияти кӯдакон

Одоби подош додан

1, Подоши муносиб, ба кӯдак барои такрори рафтори дуруст, ангеза медиҳад.

2, Корҳои дурсти ҷадид кӯдакро билофосила подош диҳед.

3, Ба ҳар рафтори хуб як имтиёз диҳед ва бигӯед “Агар даҳ имтиёз бигирӣ, фалон ҷоиза подоши туст”.

4, Бо пешрафти кӯдак, шароити дарёфти подошро сахтар кунед.

5, Пас аз тасбити рафтори ҷадид, фосилаи миёни подошҳоро тӯлонӣ ва тӯлонӣтар кунед, то дар ниҳояти он рафтор табдил ба як одат шавад.

6, Беҳтар аст навъи подошро бар асоси майлҳои мантиқии кӯдак танзим кунед. Аз кӯдак бипурсед “Агар битавонӣ се орзу бикунӣ, чӣ мехоҳӣ”? “Агар ба андозаи …. пулд доштӣ. Чи мекардӣ”?.

7, Подошҳоро гуногун кунед, то ҳамеша ҷозиба дошта бошанд.

8, Ҳаргиз ба подоше, ки аз ӯҳади анҷомаш барнамеоед қавл надиҳед.

9, Хӯш қавл бошед ва хеле зуд подоши ваъда дода шударо биҳед.

10, Дақиқан ба кӯдак бигуед, ки барои подош чӣ бояд бикунад; нагӯед “Масъулиятпзир бош”!. Бигӯед “Лутфан субҳҳо худат рахти хобатро ҷамъ кун”.

Роҳҳои танбеҳ бо равиши маҳрумият

1, Қабл аз иҷрои маҳрумият ба кӯдак иттилоъ диҳед, ки дар сурати идомаи рафтори нописандаш бо маҳрумият, танбеҳ хоҳад шуд.

2, Маҳрум кардан аз дӯстдоштаниҳо ва алоқаҳо монанди асбоббозии мавриди алоқа, бозӣ кардан бо дӯстон, тамошои телвизион, ихроҷ ба макони дигар, … аз равишҳои муҳрумият ҳастанд.

3, Маконеро, ки барои ихроҷи кӯдак дар назар мегиред набояд торик ё тарсон бошад, бояд макони амниятӣ бошад, ки барои кӯдак саргамркунанд набуда ва ӯро аз макони мавриди дилхоҳаш дур карда бошад.

4, Муддатзамони маҳрумиятро дар асоси синни кӯдак таъин кунед. Баъзе мутахасисони равоншиноси кӯдак менависанд дар баробари ҳар соли сини кӯдак як дақиқа мҳарумият дар назар гирифта шавад.

5, Замонсанҷ равшан кунед ва бигуед: “Ҳар вақт садои зангро шунидӣ, ба шарте, ки то он вақт ором бошӣ, маҳрумият тамом мешавад”.

6, Аз кӯдак бихоҳед коре, ки қабл аз анҷоми муҷозоти маҳрумият бояд анҷом медод, ба поён бирасонад. Ҳамкорияшро ташвиқ кунед.

7, Фақат дар мавриди лозим танбеҳ кунед; такрори зиёд ва бемавриди танбеҳ онро беасар мекунад.

Чанд нуктаи муҳими дарсхондан

Марҳалаҳои зер ба кӯдак кумак мекунад, то дарсади мувафақияташ дар имтиҳон боло равад:

1, Пешхонӣ: Аз ӯ бихоҳед матолиби як дарсро як бор ба сурати куллӣ ва зуд бихонад. Метавонад аз хондани муқаддима, титрҳои аслӣ ва фаръӣ ва хулоса кумак бигиред.

2, Савол кардан: Қабл аз вуруд ба асли мутолиа, саволҳои муртабит бо матолиб тарҳ кунед.

3, Хондан: Ҳоло шуръ ба мутолиа кунад ва ба гунае бихонад, ки посухи саволҳояшро дар матни дарсҳо биёбад.

4, Тафакур: Саъй кунад бо фикр кардан, он чиро мехонад ба матолибе, ки аз қабл ёд гирифта рабт диҳад ва нуктаҳои фаръиро ба матолиби аслии дарс иртибот диҳад.

5, Басти маъноӣ: Матолиберо,ки мехонад бо иборати худимонӣ барои худ тавзеҳ диҳад.

6, Аз бархондан: Матолиберо, ки лозим аст ба хотир биспорат, ибтидо бо садои балнд ва баъд ба сурати зеҳнӣ, аз ҳифз бигуед. Дар ин марҳила метавонад аз навиштан низ кумак бигирад.

7, Мурур кардан: Чанд соат қабл аз имтиҳон, ҳамаи дарсро бо суръати бештаре мурур кунад.

Вақте кӯдак ба мактаб намеравад

1, Барои макта нарфатн шароит бигузоред; барои мисол: »Агар табат боло буд метавонӣ хона бимонӣ«.

2, Агар кӯдак бо фирефтани шумо дар хона монд, нагузоред ба ӯ хуш бигзарад. Барои мисол аз саргармиҳо маҳрумаш кунед ва ғазоҳои муноисиби бемор ба ӯ бидиҳед.

3, Аз он чӣ дар мактаб дӯст дорад, бо хабар шавед ва онро дар замонҳои муносиб бозгу кунед. Барои мисол »Сомон имрӯз нақошӣ доред ҳа?«

4, Бо ҳамфикрии худи кӯдак, далелҳои дилзадагиҳояшро аз мактаб бифаҳмад ва барои аз байни бурдани онҳо талош кунед. Метавонед махфиёна ва ғайри мустақим аз муаллим, мусъулони мактаб ва ё дӯстони ҳамсинфонаш кумак бигиред.

Барои мисоли аввлӣ:

а. Рӯзи таътилӣ ба боздиди мактаб биравед ва бо завқ масоили мактабро барояш тавзеҳ диҳед

б. Дар сурати ниёз аз масъулони мактаб хоҳиш кунед, ки кӯдак дар ибтидои сол муддати кӯтоҳе мавриди ҳимояти бештари онҳо қарор гирад

в. Кӯдакро ба барқарории дӯстиҳои солим дар мактаб ташвиқ кунед.

г. Ба ҳар иқдоми ӯ дар мактаб рафтан имтиёз бидиҳед ва ба ҳар чанд имтиёз як ҷоиза.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.