Муошират бо ҳамсояҳо

159

Ҳақиқат ин аст, ки ҳамсоягӣ ва ҳаққи ҳамсоя рафта рафта дар ҳоли камранг шудан аст. Ба хусус дар опортмонҳо, ҳастанд ҳамсоягони девор ба деворе, ки ҳатто исми якдигарро намедонанд, чӣ расад ба инки ёр ва ғамхори ҳам бошанд?

Аммо ин номеҳрубониҳо, фарогир нест ва дар бисёре аз маҳаллҳо ва ҳам дар рустоҳо, ҳамсояҳо, ҳамчунон арҷ ва қурб доранд ва мунис ҳамдигар дар рӯзҳои нороҳатӣ ва хушҳолӣ ҳастанд.

Шумо читавр? Робитаи шумо бо ҳамсоягонатон читавр аст? Оё самимӣ ва бомуҳаббат ҳастед ё сард ва ноошно?

Аз ҳисси оромиши бештар то беҳбуди саломатии равонӣ

Тақвияти робита бо ҳамсояҳо ҳамеша кори осонӣ нест. Баъзеҳо мегӯянд бидуни ин робита ҳам зиндагӣ мечархад, чӣ ниёзе аст ба изофа кардани дарди сар ва гирифторӣ. Баъзе, вале нигарони аз контрол хориҷ шудани мизони ин иртиботот ҳастанд; инки ҳамсоя бихоҳад тақозоҳои мутааддиде аз онҳо дошта бошад. Бо ин ҳол, шояд шинохт бо фавоиде, ки аз тақвияти ин иртиботот метавонад насиби мо шавад битавонад ба мо кумак кунад то ангезаи бештаре биёбем ва саъйи худамонро барои боз кардани дари шинохт ва дӯстӣ бо ҳамсояҳо афзоиш диҳем.

Имкони иҷроӣ кардани идаҳои бузургтар

Ҳангоме, ки ҳамсояҳо ҳамдигарро бишносанд ва як моҳияти муштарак байни онҳо эҷод шавад, иҷроӣ кардани баъзе идаҳо ба василаи онҳо осонтар мешавад. Масалан ин рӯзҳо теъдоди афроде, ки дӯст доранд баъзе идаҳоро барои кумак ба ҳифзи муҳити зист иҷроӣ кунанд, рӯ ба афзоиш аст; аз ҷудосозии беҳтари ошғолҳо то кошти сабзӣ дар боғча ё ҳатто насби нури хуршедӣ барои тавлиди барқ. Муваффақияти ин идаҳо дар замоне, ки ҳамсояҳо бо ҳамдигар дар иҷрои он ҳамкорӣ дошта бошанд, ҳам зиндагии онҳоро ба сарфатар мекунад ва ҳам тадовуми онро метавонад тазмин кунад.

Роҳкорҳои тиллоӣ барои тақвияти ишқу алоқа дар хонавода

Бархе фавоиди робита бо ҳамсояҳо

Амният ва оромиши бештар

Иддаои доштани ҳисси амният ва оромиши бештар , ҳангоме, ки ҳамсояҳоямонро мешиносем, иддаои газофе нест. Таҷрибаи полис нишон медиҳад дар сохтмонҳое, ки ҳамсояҳо ҳамдигарро мешиносанд, эҳтимоли сирқат ва дуздӣ аз хонаҳо метавонад коҳиш пайдо кунад. Ҷудои аз масъалаи дуздӣ ва сирқат, эҳтимоли осеб дидани мошин дар поркинг ва василаҳои шахсӣ дар фазои муштараки сохтмон ҳам дар чунин шароите камтар аст.

Пардохти осонтари ҳазинаҳои муштарак

Мушкилоти марбут ба сохтмон ва дардисарҳои налог ва… мушкили муштараки бештари афроде аст, ки таҷрибаи зиндагӣ дар опортмонро доранд. Таҷриба нишон медиҳад замоне, ки ҳамсояҳо ҳамдигарро аз наздик мешиносанд, мушкилот дар ин замина камтару пардохтҳо муназзам мешавад ва аммо ҳангоме, ки як хона дар пардохти ҳазина мушкил дорад, ҳамсояҳо бо вай беҳтар канор меоянд ва бо таниши камтар масъаларо ҳал мекунанд.

Фурсати вижа барои бачадорҳо

Дар сурте, ки шумо ҳамчун як сарпарсти хона ҳастед ва бачаи кӯдак дар манзил доред, доштани ҳамсоияе, ки вай ҳам кӯдак дорад, метавонад фазои матлуб барои шумо ба вуҷуд оварад. Танзими соати бозӣ дар фазои муштарак, даъват аз бачаҳои ҳамсоя ё ҳамоҳанг шудан бо онҳо барои фиристодани бачаҳои худ ба хонаи онҳо аз фоидаҳои ин мавзӯъ аст. Сирфан хаёл кунед, ке чанд соат пеш аз расидани меҳмон ин қобилиятро дошта бошед, ки фарзандатонро барои ду соат ба манзили ҳамсоя бифиристед то битавонед рӯи корҳои худ мутамаркиз шавед ва аммо аз назми манзил ҳам хаёлатон роҳат бошад!

Вазифаҳои мардон дар зиндагии бо ҳамсар – қисмати севвум

Кумакҳол дар замони изтирорӣ

Аз қадим гуфтаанд ҳодиса хабар намекунад. Замоне ҳам, ки ҳодиса иттифоқ меафтад, суръат дар кумакрасонӣ ҳарфи нахустро мезанад. Чӣ ҳамсояи шумо бо мушкили ногаҳонӣ рӯбарӯ шуда бошад ва чӣ худи шумо, шинохти вай ва тавони кумак додан ва кумак дарёфт кардан ба аромаши шумо кумаки зиёде хоҳад кард. Дар мавриди ҳодисаҳо ҳам аз шикастагӣ даст ва сар бигиред то оташсӯзӣ ва таракидагии лӯлаи об ва аз исти қалбӣ то харобии мошин ба таври иттифоқӣ.

Ҳимояти иҷтимоӣ ва равонӣ

Ба воситаи навъи иштиғол ва таҳсил ва… эҳтимоли инки маҷбур шавем ҷое дӯр аз хонавода сокин шавем, беш тар шудааст. Дар ин вазъият ҳар чанд робитаи мо аз роҳи дур бо онҳо, ки дӯсташон дорем идома пайдо мекунад, вале доштани робитаи рӯдаррӯ ва наздик бо афроде, ки битавонем бо онҳо ҳисси самимият кунем, таъсири мусбате дар саломати равони мо хоҳад дошт. Дуруст аст, ки дӯст пайдо кардан аз байни ҳамсояҳо осон нест, вале саъй барои барқарории равобити дӯстонатар ба натиҷаи хуби он меарзад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.