Таъсири гузашту бахшиш дар оромиши хонавода

129

Афву бахшиш ва гузашт аз кӯтоҳии дигарон ва нодида гирифтани хатоҳои онон, намунае аз ахлоқи нек ва бузургии руҳ ба шумор меравад. Шарти пойдории зиндагии иҷтимоӣ афву гузашт аст.

Агар мардум ҳозир набошанд аз лағзиши дигарон чашм пӯшанд, зиндагӣ бисёр талх хоҳад буд ва руҳи сафову самимият бакуллӣ аз байн хоҳад рафт. Аз ин рӯ Худованди меҳрубон ба мо дастури авфу гузашт ва чашмпӯшӣ додааст.

Дар ривоёт омадааст, ки рӯзе Расули Акрам(с) ба Утба фармуданд: Мехоҳӣ туро хабар диҳам, ки беҳтарин ахлоқи аҳли дунё ва охират кадом аст? Наздикӣ кун ба ҳар кӣ аз ту дурӣ кунад ва бахшиш кун бар касе, ки туро маҳрум созад ва гузашт кун аз касе, ки бар ту зулм кунад.

Афву гузашт аз некӯтарин сифоти Парвардигор аст ва мо дар мақоми ситоиш ӯро бо ин сифоти зебо ёд мекунем.

Ҳар кас бо силоҳи чашмпӯшию гузашт ба ҷанги лағзишҳо биравад, бидуни тардид пирӯз бозхоҳад гашт ва асари тарбиятии афву бахшиш бамаротиб аз пархошу интиқом бештар аст.

Имом Алӣ(а) пиромуни камгузаштӣ мефармояд: “Бадтарини мардум касест, ки аз лағзиши дигарон намегузарад ва айбашонро намепӯшонад”.

Чашмпӯшӣ аз айбу эроди дигарон боиси аз байн рафтани кинаҳо мешавад. Расули гиромии ислом, ҳазрати Муҳаммад(с) аз таъсири афву чашмпӯшӣ чунин хабар медиҳанд: “Аз якдигар даргузаред то кинаҳо аз байнатон рахт бандад”.

Бисёре аз вақтҳо, ки мо худамон дучори хатову кутоҳӣ мешавем, аз атрофиёнамон ва хонаводаамон интизори гузашт дорем. Дар ҳоле ки шояд худамон дар бархурд бо дигарон заррае гузашту чашмпӯшӣ нишон намедиҳем. Касе, ки интизор дорад дигарон хатоҳои ӯро нодида бигиранд, худ низ бояд аз кутоҳии онон бигзарад ва лағзишҳояшонро нодида гирад то аз ҷурму кутоҳии ӯ даргузаранд.

Бо каме бахшиш ва нодида гирифтани хатои дигарон, метавон ба осонӣ фазои самимияту дӯстиро эҷод кард ва бар иззату эҳтироми худ ва хонавода афзуд. Пас ҳар гоҳ бо хатову иштибоҳи якдигар рӯбарӯ шудем, чашмаҳои зулоли меҳрубониву гузаштро бар дилҳоямон ҷорӣ кунем то санггрезаҳои хатову айби дигаронро аз он бирӯбад ва ниҳоли ишқу муҳаббат, дар фазои гарми хонавода ҷавона занад ва зиндагии саршор аз хушнудию шодӣ ва маърифату маънавият ҳадя бигирем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.