Худнамоӣ ва зинат

214

Худнамоӣ ва зинат

Яке аз сифатҳои муҳимм худнамонӣ ва зинат барои номаҳрамон аст. Парҳез аз худнамоӣ ва зинат ва низ ҳар гуна рафтор, гуфтор ва ҳаракате, ки мӯҷиби ҷалби таваҷҷуҳи номаҳрамон ва таҳрик онон гардад, аз дигар авсоф ва вежагиҳои зани шоиста ва бонуи намуна аст.

Ду оят аз Қуръон дар ин робита шоёни зикр аст.

1. Ва ба занони боимон бигӯ: … Поҳои худро [ба гунае ба замин] накӯбанд то ончи аз зинаташон нуҳуфта медоранд (руст мекунанд) маълум гардад. (Нур 31)

Ҳаё ва чашми пок

Марҳум алломаи шаҳид оятуллоҳ Муртазо Мутаҳҳари (р) дар тавзеҳ ва тафсири ояти ёдшуда ва дарбора фалсафаи ҳиҷоб, каломи ҳакимонае дар хусуси масъалаи худнамоӣ ва оростани занон доранд, эшон фармуданд: аммо иллати инки дар Ислом дастури пӯшиш ихтисос ба занон ёфтааст ин аст, ки майл ба худнамоӣ ва зинат махсуси занон аст.

Аз назари соҳиб шудани қалбҳо ва дилҳо, мард шикор ва зан шикорчӣ, ҳамчунон, ки аз назар соҳиб шудани ҷисм ва тан, зан шикор аст ва мард шикорчи; Майли зан ба зинат аз ин ҳисси шикорчигарии ӯ ноши мешавад.

Дар ҳеҷ ҷойи дунё собиқа надорад, ки мардон либосҳои бадан намо ва ороишҳои таҳрик кунанда ба кор баранд.

Иффату покдоманӣ

Ин зан аст, ки ба ҳукми табиати хосси худ, мехоҳад дилбарӣ кунад ва мардро дилбохта ва дар доми алоқа ба худ асир созад, лиҳозо инҳирофи табарруҷ ва бараҳнагӣ (худ нишон додану худро напӯшонидан) аз инҳирофҳои махсуси занон аст ва дастури пӯшиш ҳам барои онон муқаррар гардидааст.

2. Ва монанд рӯзгори ҷоҳилияти қадим зинатҳои худро ошкор накунед…(Аҳзоб 33)

Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар тарҷума ва тавзеҳи ду ояти ёдшуда чунин овардаанд:

Мақсад аз ин дастур зиндони кардани занон дар хона нест зеро таърихи Ислом ба сароҳат гувоҳ аст, ки пайғамбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) занони худро бо худ ба сафар мебарад ва ононро аз берун шудан манъ намефрмояд. Балки мақсад аз ин дастур он аст, ки зан ба манзури худнамоӣ аз хона берун нашавад.

Беҳтарин сифати зан чист?

Дар поён ин нукта шоёни таваҷҷуҳ ва ёдоварӣ аст, ки зинати занон барои ҷалби таваҷҷуҳи дигарон, ҳар чанд мамнуъ ва бисёр нописанд шумурда шудааст; Вале зинат барои ҷалби таваҷҷуҳ ва дилбарӣ барои ҳамсарон мумкин ва бисёр писандида ва балки маврид ташвеқ ва таъкид қарор гирифтааст ва заноне, ки аз ин назар беаҳамият ва ё заиф амал мекунанд мавриди сарзаниш шадиданд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.