Иффату покдоманӣ

132

Иффату покдоманӣ

Дар бораи иффату покдоманӣ гуфта шудааст, ки:

“иффат ва покдоманӣ, закоти зебои аст”

Чизе ки сабаби рӯидан ва зиёду афзоиш ёфтани чизи дигар шавад, онро закот мегӯянд. Пас ончизе, ки зебоиро афзоиш медиҳад ва бар болои зебои, зебоии дигаре бор мекунад, ин иффат ва покдоманӣ будааст ва ин маънии закот будани иффат барои зебоӣ аст. Покдоманӣ барои зебои монанди руҳ барои бадан аст ва мисли нур аст барои зебоӣ, ки ҳар чи қадар аз зебои фосила гирад ҳамон миқдор ин зебои ру ба торики ва мурдан меравад.

Ҳар чи қадар зебои бештар бошад, хатар ҳам ҳамон андоза зиёдтар, муҳофизат аз он ҳам ҳамон андоза сахттар аст. Товус ки парранди зебое аст, бештар дар саҳнаи хатар аст то як зоғ, ки ҳусне надорад “душмани товус омад пари ӯ”.

Ҳаққи зан ва шавҳар – либоси ҳамдигар будан

Худованди таъоло занҳоро мазҳари зебои қарор додааст, ва ин ҷинси латиф ва зебо ҳамеша дар саҳнаи хатар аст, ва шайтони ҳасуд домҳои зиёдеро барои гирифтани ин зебои ё камнур кардани ин зебои густардааст.

Шайтон гоҳе аз дарун занро васваса мекунад, то ба самти домҳои ӯ биравад ва гирифтор шавад ки роҳи халоси ва илоҷи он ин аст, ки зан бояд чашмашро, фикрашро ва қалбашро аз рафтан ба суи ғайри шавҳар ё умуман аз номаҳрам нигаҳ дорад.

Аммо шайтон касе нест, ки ноумед шавад ва раҳо кунад. Ҳоло ин ҳила ки нашуд ва зан ба самти домаш нарафт ва шикор нашуд, навбат ба ин мерасад, ки шикорчиҳояшро ба самти ӯ фиристад. Шайтон медонад ки зан чун худаш зебо аст зебоиро дуст медорад ва ҳамеша дуст дорад, ки ин зебоияш бидурахшад. Пас шайтон кушиш мекунад аз ин ҳиссиёти зан истифода карда занро табдил ба як товус бикунад то нигоҳи шикорчиён ба самти ӯ духта шавад. Шайтон меояд ба самти зан ва мегуяд: эй зан! Ту чи қадар зебо ҳастӣ, ҳайф нест ки ту ин қадар зебо боши ва ин зебоият пушида бимонад ва дигарон надонанд ки ту зебо ҳасти, ту товусе ҳасти ки дигарон хаёл мекунанд зоғ ҳастӣ, пас бигузор онҳо бинанд ки ту чи қадар зебо ҳастӣ, ҳоло агар илова бар ин агар либосат ин хели бошад зебоии қаду қомататро зиёдтар нишон диҳад, агар рангубору муйҳоят ин таври бошанд зебои ба зебоият изофа мешавад ва … аз ин гуна суханҳои фиребанда.

Ҳаққи зан ва шавҳар – бароварда кардани ниёзи отифии зан

Хулоса шайтон ин зани бечораро ин қадар васваса мекунад ва табдил ба як товус мекунад ва ба саҳна дар тиррасӣ шикор қарор медиҳад.

Худованди таъоло ки худаш ин ҳуснро ба занҳо меҳрубонӣ кардааст ва дуст надорад ки ин ҳусн аз ӯ гирифта шавад ва медонад, ки душмани ӯ ки шайтон аст чи ҳилаҳо ва домҳо барои ӯ кашидааст, аз руи меҳрубонӣ ва дустӣ, роҳи илоҷи инро ҳам баён кардааст

Дар сури Нур идомаи ояти 31 ки чунин роҳнамои мекунад:

وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أوَلَا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِنْ زِينَتِهِنَّ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ (31)

… ва (занҳо ҷойҳои) зинати худро ба ғайр аз ончи ошкор аст (мисли руй ва кафи дастҳо ва пойҳо) ошкор насозанд ва бояд руймолашонро ба гарданҳояшон биёвезанд (ва агар худро бо зинатҳо ороиш карданд ишкол надорад фақат инки ) ба ғайр аз шавҳаронашон (ва маҳрамҳояшон) ошкор насозанд….ва мабодо пояшонро ба замин бикӯбанд то ончи аз зинатҳо ки пинҳон аст зоҳир нашавад (ва назари дигарон ба он ҷалб нашавад), эй гуруҳи муъминон ҳамаги ба суи Худо тавба кунед то шояд (аз домҳо ва шикорҳои шайтон ва дар натиҷа азоби охират) наҷот ёбед”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.