Зарарҳои эътиёд ба телефони ҳамроҳ

163

Зарарҳои эътиёд ба телефони ҳамроҳ

Дар дараҷаи аввал, вақте як нафар дар муҳити хонавода, мӯътод ба истифода аз телефони ҳамроҳ ба хусус барои баҳра бурдан аз интернет бошад, фурсати барқарори таомул бо дигар аъзои хонаводаро аз даст медиҳад. Ҳамин мавзӯъ, мӯҷиби ташкили як чархаи маъюб мешавад ва фард аз назари отифӣ ва равонӣ ҳар рӯз бештар аз гузашта аз дигар афроди хонавода фосила мегирад ва ба танҳоии худ ва истифода аз интернет паноҳ мебарад аммо моҷаро ба ҳамин ҷо хатм намешавад.

Дар идома ба чанд осеби дигар ишора хоҳад шуд.

Вақткушӣ ва сатҳӣ шудан: аввалин садамаи шабакаҳои иҷтимоӣ, вақтгир будани онҳост. Дар шабакаҳои маҷозӣ, матолиб ба ҳамон суръате, ки меоянд, ба ҳамон суръат ҳам мераванд ва чун матолиби мурур шуда умқӣ нестанд, мондагории зиёде нахоҳанд дошт ва зеҳнро қавӣ намекунанд.

Осебҳои иҷтимоъии назарияи фиминизм

Одат ба саргармӣ ва танбалии зеҳнӣ: асосан инсонҳо, гироиши зотӣ ба танбалӣ ва хушгузаронӣ доранд ва агар абзори ҷаззобе ҳам дар ихтиёри онҳо қарор гирад ба хусус шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дорои имконоти ҷаззобе монанди лайв видео, лайк кардан ва … аст, ба роҳатӣ метавонанд соатҳо вақт ва зеҳни худро дар ихтиёр он бигузоранд. Ин чунин мешавад, ки фард ба мурури замон аз корҳои ҷиддӣ фосила мегирад ва тавоноии анҷом корҳои муҳимм ва коромад дар ӯ заиф мешавад.

Зиёд шудани мушкилоти равонӣ: хариди мукаррари бастаҳои интернити ё давандагии беамон барои расидан ба як дастгоҳи вай фай ва ихтисоси соатҳо вақт ва энергия, ки фоида чандоне ҳам дар пай надорад, ба мурури сархӯрдагӣ ва эҳсоси пучиро дар фард ба вуҷуд меовард. Афзун бар ин, навҷавонон бо дидани доими лаҳзазои шоди дигарон дар постҳо ва ҳисториҳояшон, баъд аз ҳар лайк задан, саъй ба ҳамонандсозӣ мекунанд, арзишҳои зиндагӣ барои онҳо ҳазф ё ҷобаҷо мешавад ва ба мурур аз дастёбӣ ба аҳдофи шахсии худ дар зиндагӣ ноумед мешаванд.

Худомеҳварӣ ва худобоварӣ дар зиндагӣ

Дӯстиҳои номутаъораф: тибқи натоиҷи таҳқиқоти донишгоҳии мӯътабар, занон бештар аз мардон вобастаи шабакаҳои иҷтимоӣ монанди файсбук, инстаграм,телеграм ва … мешаванд. Мутолиот нишон додааст, афроде, ки мизони изтироб ва нигарони дар рафторашон бештар аст, корбарони ҳамешагии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, чароки ин афрод муоширатҳои маҷозиро ба иртиботҳои даруни ҷомеа тарҷеҳ медиҳанд. Ҳамин заъфи шахсиятӣ метавонад боис шаклгирии вобастагиҳои номутаъораф ва мушкилоти пас аз он шавад.

Навҷавонон бештарин синнусолҳо ҳастанд, ки дар хатари мубтало шудан ба тарси ҷудоӣ аз телефони ҳамроҳанд.

Тавсияҳое ба хонаводаҳо

Навҷавонон бештарин радаи синнӣ ҳастанд, ки дар хатар мубтало шудан ба ин бемории равонӣ қарор доранд бинобарин барномарезӣ барои пешгирӣ, асли муҳимми ин моҷарост, ки бояд аз тарафи волидайн анҷом шавад. Навҷавонон ва ҷавонон бар рафторҳои бузургсолон худ ба хубӣ назорат мекунанд ва истифодаи зиёди волидайн аз шабакаҳои маҷозӣ, худ мӯҳри таъйид барои истифода беқайду шарти фарзандон аз ин муҳит аст.

Касбу кор доштани ҳамсар хуб аст ё бад?

Волидайн ва фарзандони бузурги хонаводаҳо бояд наҳва истифода саҳеҳ аз шабакаҳои иҷтимоӣ хуш ранг ва луобро барои аъзои кӯчак тар хонавода ташреҳ кунанд ва дар посух гӯӣ ба саволот эҳтимоли фарзандон, ки ноши аз булуғ фикри он ҳост, ҳавсала ба харҷ диҳанд.

Зиёд кардани фазои хонавода аз отифа ва муҳаббат ҳам кумаки зиёде ба мудирияти ин моҷаро мекунад. Бисёре аз рафторҳои худ ва дигари осебрасони давра навҷавонӣ ва ҷавонӣ ба далели камбуди мизон аҳамият додан ва шаклгирии дилбастагии ноэмин дар фарзандон аст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.