Ёди Худованд

125

Ёди Худованд

Аз сифатҳо ва вижагиҳои зани намуна ва шоиста, ёди бисёр ва пайвастаи Худованд дар зиндагӣ аст.

Худованд ин сифатро аз нишонаҳои муъминони ростин баршумурда ва аз онон чунин тамҷид фармуд:

Мардон ва занони мусулмон ва мардон ва занони боимон … Ва мардон ва заноне, ки худоро фаровон ёд мекунанд, Худо барои [ҳамаи] онон омурзиш ва подоши бузург фароҳам сохтааст. (Аҳзоб 35)

Дар ояти пеши ҳамин сура Худованд ба занони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) тавсия фармуд то ҳумвора ба ёди оятҳои Илоҳӣ ва суханони ҳикматомезе, ки дар хонаҳояшон нозил мешавад бошанд:

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати севвум

Ва ончиро, ки аз оёт ва [суханони] ҳикмат [омез] дар хонаҳои шумо хонда мешавад ёд кунед дар ҳақиқат Худо ҳамвора дақиқ ва огоҳ аст.

Худохоҳӣ ва охиратталабии занон низ меъёр ва милоки аслии шоистагӣ ва бартарии онон дар муқоиса бо дигар занони ҷаҳон аст; Худованди субҳон ин ҳақиқатро ба занони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ), ки бояд улгуи дигар занони муъмин бошанд чунин баён фармудааст:

Эй паёмбар ба ҳамсаронат бигӯ … Ва агар хостори Худо ва фиристодаи вай ва саройи охиратед, пас ба рости Худо барои некӯкорони шумо подоши бузурге омода гардонидааст. (Аҳзоб 29)

Тавозӯи Расули Акрам(с)

Худованди мутаол ин сифатро дарбораи ҳамсари боимони фиръавн, ки ӯро бонуи намуна ва мисол задни ҳатто барои мардони рӯзгор дониста ва чунин ёд мефрмояд:

ва барои касоне, ки имон овардаанд, Худо ҳамсари фиръавнро мисол оварда онгоҳ, ки гуфт: Парвардгоро пеши худ дар Биҳишт хонае бароям бисоз…(Таҳрим 11)

Ва ҳамчунин Худои бузург дар тавсиф ва ситоиш аз аҳл байти Алӣ (алайҳиссалом), Фотима (алайҳо салом), Ҳасан (алайҳиссалом) ва Ҳусайн (алайҳиссалом) аз онон ба «аброр» (некӯкорон) ёд карда ва сифати Худохоҳии ононро ин чунин баён мефрмояд:

Ба яқин аброр ва [некон] … Ва ба пос дӯсти [Худо] бенаво ва ятим ва асирро хӯрок медоданд мо барои Хушнуди худост, ки ба шумо мехӯронем ва подош ва сипосе аз шумо намехоҳем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.