Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати севвум

142

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо қисмати севвум

Яке аз сабабҳое ки дар ҳифз кардани асоси хонавода, нақши созанда дорад, барномарезии дақиқ ва мутобиқ бо ҳақиқатҳои зиндагӣ аст. Идораи хона, бо инки сода ва холи аз печидагӣ ҷилва мекунад, нозукиҳои хосси худро металабад, ки бетардид, ба корбастан онҳо сабаби муваффақият ва оромиши равони зан ва мард хоҳад буд. Корҳоро хуб тақсим накардан, боис мешавад, ки дар ниҳоят, яке аз ду рукни хона яъне зан ё мард аз зиндагӣ хаста мешаванд.

 

Чӣ гуна шавҳари хубе барои ҳамсарамон бошем?

Яке аз ҷилваҳои зиндагии муштараки Амирулмуъминин Алӣ алайҳиссалом ва Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо тақсими матлуби вазоифи зиндагии муштарак буд.

Муддати зиёде аз издивоҷи онҳо нагузашта буд, ки хидмати паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ расиданд ва аз ишон тақозо карданд, то корҳоро миёни он ду тақсим кунанд. Расули Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) корҳои хонаро ба Фотима саломуллоҳи алайҳо сипурд ва корҳои хориҷ аз манзилро ба Алӣ алайҳиссалом вогузар кард. Баъд аз ин тақсим буд, ки Заҳро саломуллоҳи алайҳо борҳо изҳори хушнудӣ мекард ва ризояти худро аз ин тақсимбандӣ иброз медоштанд.

Бетардид, тақсимбандии паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ бар тибқи сохтори рӯҳӣ ва ҷисмӣ ва маслиҳати иҷтимоии онҳо буд.

Ин ривоят дар бисёре аз китобҳои ривоӣ омадааст, ки Алӣ алайҳиссалом фармуд:

Рӯзе ман ва Заҳро саломуллоҳи алайҳо дар хона нишаста будем, ки ногаҳон садои паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро шунидем; Ба эҳтироми он ҳазрат бархостем.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуданд:
Бар ҷойи худ биистед то ман ҳам ба шумо ҳамроҳ шавам.

Сипас фармуд:
Барои чанд лаҳза моро танҳо бигузор. Он гоҳ дар хилват аз Фотима саломуллоҳи алайҳо савол кард: рафтори шавҳарт Алӣ алайҳиссалом бо ту чигуна аст?

Нақши зану мард дар оромиши хона – қисмати аввал

Фотима гуфт:
Хуб аст, аммо занони қурайш маро сарзаниш мекунанд, ки падарат туро ба издивоҷи касе даровард, ки дасташ аз моли дунё холӣ аст.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуд:
Духтарм!

Падар ва шавҳари ту фақир нестанд; Худованд, хазонаи заминро аз тилло ва нуқра бар ман арза кард, вале ман ба ончи назди ӯст, ризоят додам. Худои субҳон ба ҷаҳониён нигарист ва аз миёни ҳама, ду нафарро интихоб кард; Ман, ки падар ту ҳастам ва Алӣ, ки шавҳар туст.

Духтарм! Шавҳари ту беҳтарин ҳамсарҳост, туро аз нофармоним ӯ барҳазар медорам. Сипас берун омад ва маро садо зад ва фармуд:
Ба ҳамсарт меҳрубони кун, зеро Фотима, пораи тани ман аст, ранҷи ӯ, ранҷи ман ва шодии ӯ хушнудии ман аст.

Идома дорад………

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати аввал

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати дуввум

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати чаҳорум

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати панҷум

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.