Ҳиҷоб ва пӯшиши муносиб

152

Ҳиҷоб ва пӯшиши муносиб

Аз вежагиҳо ва сифатҳои зани намуна ва бонуи шоиста аз нигоҳ Қуръон, ҳиҷоб ва пӯшиши муносиб аст. Асли ҳиҷоб ва пӯшиш барои занон сарфи назар аз миқдор ва чигунагии он ва парҳез аз зоҳир шуданашон дар нигоҳи номаҳрамон бидуни пӯшиши муносиб, сираи ҳамешагӣ ва ҳатмии мусулмонон аз аввали Ислом то асри ҳозир аст ва низ аз масоиле аст, ки тамоми олимон ва фақеҳони ҳамаи мазоҳиб ва фирқаҳои Исломи дар тӯли таърих бар он иттифоқи назар ва ба истилоҳ иҷмоъ дошта ва доранд ва ба ҷуръат метавон гуфт: ҳеҷ фақеҳ ва исломшиноси дақиқ дар он шакк накардааст. Афзун бар ин сираи қатъӣ ва иҷмоъи мусаллам ва низ ривоятҳои гуногун ва фаровон аз шиа ва аҳли тасаннун, оятҳои бисёре бар ин масъала далолат дорад, ки дар инҷо танҳо ба ду оят ба унвони шоҳид ва намуна ишора мешавад.

Ҳаққи зан ва шавҳар – рафтори шоиста

1. Ва ба занони боимон бигӯ: дидагони худро [аз ҳар номаҳраме] фурӯ банданд ва покдоманӣ варзанд ва зеварҳои худро ошкор нагардонанд магар ончи, ки табъан пайдост. Ва бояд русарии (руймоли) худро бар гардани хеш [фурӯ] андозанд, ва зеварҳояшонро ҷуз барои шавҳаронашон ва … ошкор насозанд. (Нур 31)

2. Эй паёмбар, ба занон ва духтаронат ва ба занони муъминон бигӯ: чодари худро бар хуб пӯшанд. Ин барои онки шинохта шаванд ва маврид озор қарор нагиранд [ба эҳтиёт] наздиктар аст ва худо омурзанда меҳрубон аст. (Аҳзоб 59)

Зани хуб аз назари Қуръон – қисмати аввал

Бо таваҷҷӯҳ ба ду ояти ёдшуда ва ривоятҳои ворида дар тафсир он ва низ бо назар ба дидгоҳи муфассирон ва фақеҳон дар ин бора, ҷойе барои шак дар лузуми риояти ҳиҷоб ва пӯшиш барои занон ва ҳамчунин аҳамият ва ҷойгоҳи волои ин масъала дар силсилаи таолим Илоҳӣ боқӣ намемонад ва низ ин ҳақиқат ба равшанӣ ошкор мешавад, ки ҳиҷоб ва пӯшиш, нишонаи Исломхоҳӣ ва намоди пайрави аз таолими Қуръонӣ аст ва аз ҳамин нукта метавон ба рамзу роз ва фалсафаи ҳиҷобситезии истеъморгарони ғарб ва шарқ ва низ ғарбзадагон ва бегонапарастони худбохта ва секулор дар кишварҳои Исломи пай бурд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.