Ҳаққи зан ва шавҳар – рафтори шоиста

208

Ҳаққи зан ва шавҳар – рафтори шоиста

(وَعَاشِرُوهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ)

“…Ва бо “маъруф” ва ба таври шоиста бо занон рафтор кунед…” (Нисо, 19)

Дар идомаи вазифаҳои мард ки идораи хона ба уҳдаи ӯ гузошта шудааст, Худованди таъоло дар ояти боло чунин роҳнамои мекунад ки бояд мард бо ҳамсараш ба таври “маъруф” рафтор намояд ва хонаро ба таври “маъруф” идора намояд.

Ҳаққи зан ва шавҳар – бароварда кардани ниёзҳои моддӣ

“маъруф” чизе аст ки ақл онро қабул дорад ва ба расмият мешиносад ва дин ҳам онро қабул дорад ва ба расмият мешиносад, яъне шоиста ва писандида назди ақлу дин аст.

Агар мард коргари одди аст ва даромади на чандон зиёд дорад ва ё кишоварз аст ва даромади муносиби кораш дорад аз ӯ ҳамон андоза аз таъмини харҷи хона интизор аст ва ҳамон андозаро ақл қабул дорад ва дин ҳам қабул дорад.

Агар ин шахс бихоҳад худро бо касоне ки даромади бештар доранд ва ба ҳамсарашон харҷи зиёдтаре мекунанд муқоиса кунад ва бо қарз ҳам бошад худро ба онҳо монанд кунад инро на ақл қабул дорад ва на дин, ин дигар “маъруф” нест ва набояд ин корро кунад.

Ҳаққи зан ва шавҳар – бароварда кардани ниёзи отифии зан

Шахсе ки даромади хубе дорад аммо бахил аст, зану бачаҳояшро дар тангно қарор медиҳад ин ҳам рафтори бо “маъруф” ва шоиста нест.

Шахсе ки забони бо адаб надорад, аҳли дашному суханҳои қабеҳ аст ё беҳуда дасти бизан дорад, беҳуда сахтгир аст ва оилааш дар азобанд, инро ҳам чун на ақл қабул дорад ва на дин ба расмият мешиносад “маъруф” ва писандида нест.

Марде ҳам ки ҳеҷ коре ба кори ҳамсараш надорад, коре ба дурусти ва ё нодурустии рафтори ҳамсараш надорад, ҳамсараш озоди озод аст ва ё аз ин бадтар лаҷоми худро ҳам ба дасти ҳамсар додааст, ин ҳам хилофи роҳнамоиҳои Қурони карим аст ва маъруф нест. Агар як оила бихоҳанд солим бошад ва солим зиндаги кунад, мард бояд дар мадори худаш ҳаракат кунад ва зан ҳам дар мадори худаш, мард бояд вазифаи худро бишносад ва зан вазифаи худро, то низоми оила ба таври солим идора шавад.

Ҳаққи зан ва шавҳар – раҳмат (меҳрубонӣ)

Пас тарозуе ки бояд мард бо он рафтори худро бисанҷад (албатта занон ҳам бо он бисанҷанд), ки оё кораш шоиста ва дуруст аст ё кораш дуруст нест ин аст ки бояд бинад ки ончи ки ӯ ба забон ҷори мекунад ё дар рафтор онро нишон медиҳад “маъруф” ва шинохта шуда назди ақлу дин ҳаст ё нест? Агар шинохта шуда назди ақлу дин буд, дуруст аст ва агар не пас “мункар” ва нодуруст аст.

Агар мард бо маъруф рафтор кард ва агар гоҳе дошт ва гоҳе ҳам надошт ва дар ҳама корҳояш содиқ ва рост буд, зан ҳам мефаҳмад ки шавҳараш дар чи шароите аст, чи миқдор тавонаш ҳаст ва бо ӯ месозад, агар аз ҷиҳати модди ҳам кам доранд аммо аз ҷиҳат маънави ва зиндагии оромона, хушбахт хоҳанд буд.

Хонаводаи намуна

Ҳаққи зан ва шавҳар – андеша ва тафаккур

Ҳаққи зан ва шавҳар – маваддат (меҳру муҳаббат)

Ҳаққи зан ва шавҳар – либоси ҳамдигар будан

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.