Аҳамияти шинохти хонаводаи ҳамсар

126

Аҳамияти шинохти хонаводаи ҳамсар

Хонавода аз ду тараф бар фарзандон таъсир мегузорад: аввал таъсире, ки волидайн аз тариқи гинетикӣ доранд ва фарзандон хусусиятҳои ҷисмонӣ ва равонии хешро аз онон ба ирс мебаранд. Аз сӯи дигар онҳо барои фарзандон муҳитеро фароҳам мекунанд то онҳо битавонанд дар он ба рушд ва шукуфоӣ даст ёбанд. Дар натиҷа фарзандон ғолибан таъсргирифта аз волидайн ва хонаводаи хеш ҳастанд ва бештар аз рӯйи ҳаёте, ки бар онон ҳоким аст таъсир пазируфтаанд.

Шинохти хонаводаи ҳамсаратон бисёр аҳамият дорад, оё шароит ва фазои хонаводагии хостгоратонро мешиносед? Оё медонед ӯ дар чигуна фарҳанг бузург шудааст? Ақоид ва боварҳои хонаводаи шумо тибқи хостгоратон аст ё дақиқ хилофи ҷиҳат ҳам ҳаракат микунад? Яке аз саволоте, ки бештар аз сӯи ҷавонон матраҳ мешавад, ин аст, ки чигуна метавонем фарди мавриди назари худро барои издивоҷ бишносем.

Ахлоқи некӯ дар хонавода

Ингуна саволот аз нигарониҳои роиҷи ҷавонон дар вақти издивоҷ аст. Шароити мавҷуд дар хонавода яке аз роҳҳои касби шинохти фарде, ки қасди интихоби ӯро доред. Шумо митавонед аз шароити мавҷуд дар хонаводаи ӯ, барои шинохтанаш кумак бигиред.

Робитаи худи ӯ ва атрофиёнаш низ муҳимм аст. Агар ин робитаҳо дуруст ва муносиб аст ва фард ба хубӣ вазифаҳои худро дар робита бо онҳо анҷом медиҳад, метавонад ин одами муносибе барои интихоб бошад, ин мавзӯъ нишондиҳандаи доштани саломатии рӯҳӣ ва равонӣ аст. Шиносоии андозаи истиқлол дар хонавода кумак мекунад одаме, ки дар хонавода рафтори мустақиллонае дорад, қатъан баъд аз издивоҷ ҳам хоҳони ҳифзи ин истиқлоли раъй дорад.

Натиҷа онки, агар мехоҳем фардро дар хонаводааш бишносем, ин қадами аввал аст. Аммо қатъан қадами дувум, он аст, ки бубинем оё мо, ки тараф муқобили ӯ ҳастем метавонем ҳамтои ӯ ва муносиби ӯ бошем? Агар чунин аст ин издивоҷ метавонад маънодор ва пойдор бошад.

Робитаҳои хонаводагии зан ва шавҳар бо афроди хонаводаи худ ниёзи табии аст ва ин дар сурате бароварда ва ё мумкин хоҳад шуд, ки ҳар ду хонавода бо издивоҷи фарзандон мувофиқу розӣ бошанд. Аммо агар фарзандон бидуни ризояти хонаводаи худ издивоҷ кунанд, бояд ба паёмадҳои он аз қабили асабонияти волидайн огоҳӣ дошта бошанд, ки баста ба камӣ ва зиёдии он, аксуламалҳояш низ мутафовит хоҳад буд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.