Ҷойгоҳи падару модар

362

Ҷойгоҳи ва мақоми падару модар дар Қуръони Карим

Падару модар ба унвони дӯстони фидокор ва заҳматкаш, ки тамоми бори масъулиятҳои тарбияти фарзандро бар дӯш доранд, дар назди Худованд аз ҷойгоҳи воло ва хоссе бархурдор ҳастанд. Ба тавре ки дар чандин оят аз Қуръони Карим, бар зарурати итоат ва такрими онҳо дастур дода шуда ва бар риояти мақому манзалати онҳо таъкид шудааст.

Некӣ ба волидайн дар чаҳор сураи Қуръони Карим, билофосила пас аз тавҳид қарор гирифтааст. Ин ҳамрадиф будан, баёнгари мизони эҳтиромгузории ислом барои падару модар аст.

Дар оёти зайл мехонем:

“Ҷуз Худоро напарастед ва ба падару модар эҳсон кунед”. (Сураи Бақара, ояти 83).

“Худоро бипарстед ва чизеро бо ӯ шарик магардонед ва ба падару модар эҳсон кунед”. (Сураи Нисо, ояти 36).

“Чизеро бо ӯ шарик қарор надиҳед ва ба падару модар эҳсон кунед”. (Сураи Анъом, ояти 151).

“Ва Парвардигорат муқаддар дошт, ки ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед”. (Сураи Исро, ояти  23).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.