Решаҳои асосии талоқ ва ҷудоӣ

192

Решаҳои асосии талоқ ва ҷудоӣ

  1. Маҳорат надоштан

Маҳорат ва тавони зиндагӣ, тавони фикру тасмимгирӣ, тавони идораи молӣ яке аз чизҳои лозим барои зиндагӣ аст. Лизо ин маҳоратро марду зан бояд дар ҳадди андозаи худ бидонанд, то мушкиле пеш наояд. Агар зан ё мард вазифаҳои худро хуб надонанд, мушкилоте монанди хастагӣ, нороҳатӣ, норизоятӣ, ва ғайра ба вуҷуд меояд ва дар охар ҳам ба талоқу ҷудоӣ кашида мешавад.

 

  1. Ҳаққи ҳамдигарро риъоят накардан

Дар зиндагӣ ҳам зан ҳақҳои худашро дорад ва ҳам мард. Бинобар ин бояд зан ҳаққи мардро ва мард ҳаққи занро риъоят кунанд. Мисол зан бояд мардро эҳтиром кунад, ва мард ҳам бояд аз заҳамоти занаш қадрдонӣ кунад ва ниёзҳояшро бароварда созад.

Вазоифи шавҳар нисбат ба зан

  1. Робитаи заношӯии қаноатбахш надоштан

Робитаи заношӯӣ, наздикӣ кардану хобидани зану мард, яке аз бахшҳои муҳимми зиндагии зану мард аст. Барои ҳамин агар дигар бахшҳои зиндагӣ хуб ва дуруст пеш равад, аммо дар робитаи заношӯӣ, дар наздикӣ кардан мушкилу кӯтоҳӣ аз тарафи мард ё зан бошад, зиндагӣ шериниашро аз даст медиҳад ва марду зан аз ҳамдигар норозӣ мегарданд ва дар охар аз чунин зиндагии хушку бе меҳру муҳаббат хаста шуда тасмими ҷудоӣ ва талоқро мегиранд. Лизо марду зан вазифа доранд, ки барои пешгирӣ аз ин мушкил, агар касал бошанд худро дармон кунанд ва ё агар маҳораташро намедонанд, аз китобҳо бизонанд ва ё аз мутахассисҳо бипурсанду ёд бигиранд.

 

  1. Бахшиш ва гузашт надоштан

Инсонҳо ба ғайр аз паёмбарон алайҳимуссалом ва имомон алайҳимуссалом, ҳама мумкин аст кори хато кунанд. Дар зиндагӣ ҳам мумкин аст зан ё мард хато кунанд. Барои ҳамин агар бихоҳем зиндагии хубу бо давом дошта бошем, бояд мард занашро бубахшад ва зан мардро бубахшад ва дар бисёри ҷойҳо ҳам нодида бигирад. Вақте ки кори хато шавад бо меҳрубонӣ хатогиро бифаҳмонад. Агар чунин шавад, зиндагӣ шерину пур аз меҳру муҳаббат мешавад.

 

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.