Хонаводаи худро аз оташи дузах наҷот диҳед

99

Хонаводаи худро аз оташи дузах наҷот диҳед

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ عَلَيْهَا مَلَائِكَةٌ غِلَاظٌ شِدَادٌ لَا يَعْصُونَ اللَّهَ مَا أَمَرَهُمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ (6) يَا أَيُّهَا الَّذِينَ كَفَرُوا لَا تَعْتَذِرُوا الْيَوْمَ إِنَّمَا تُجْزَوْنَ مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ (7)

Тарҷума: эй касоне ки имон овардаед! Худ ва хонаводаи хешро аз оташе ки ҳезумаш инсонҳо ва сангҳост нигаҳ доред, фариштагоне дар он оташ гузошта шудаанд ки дурушт ва сахтгир ҳастанд ва ҳаргиз фармони Худоро мухолифат намекунанд ва ончи фармон дода шудаанд, анҷом медиҳанд, эй касоне ки кофир шудаед, имрӯз узрхоҳӣ накунед, зеро танҳо ба амалҳоятон ҷазо дода мешавед. (Сураи Таҳрим)

Яке аз вазифаҳои бисёр бисёр муҳим ин аст ки инсон худ ва хонаводаашро аз азоби дузах наҷот диҳад. Нигаҳдории худ аз азоб ба ин аст ки гуноҳ накунад ва таслими хостаҳои нафсонӣ нашавад ва фарзҳои Худоро анҷом диҳад ва ҳаромҳоро тарк кунад, худро аз хислатҳои бад покиза гардонад. Нигаҳдории хонавода аз азоб ба ин аст ки ба онҳо вазифаҳои диниашонро таълим диҳад ва онҳоро тарбият кунад ва онҳоро аз анҷом додани ҳаром боз дорад ва онҳоро ба анҷоми фарзҳои Худо амр кунад ва  як муҳити покиза дар фазои хона фароҳам созад.

Дар ривоят омадааст ки вақте ин оят нозил шуд марде аз муъминин нишаст ва шуруъ кард ба гиря кардан ва мегуфт ки ман аз нигаҳдории нафси худам  нотавон будам, акнун уҳдадори нигаҳдории зану бача ҳам шудам. Расули Худо (с) фармуданд: дар нигаҳдории аҳлат ҳамин бас аст ки ба онҳо амр кунӣ ончиро ки ба худат амр мекунӣ ва аз ончизҳое ки худатро боз медорӣ, онҳоро низ боз дорӣ.

Дар ривояти дигар дар шарҳи ин оят омадааст ки “онҳоро ба ончи Худо амр кардааст амр кун ва аз ончи Худо наҳй кардааст наҳй кун, агар итоат карданд ки ту онҳоро ҳифз кардаӣ ва ба вазифаат амал кардаӣ, ва агар нофармониат карданд худашон гунаҳкор ҳастанд ва ту ончиро бар уҳда доштаи адо кардаӣ.

Пас маълум мешавад ки яке аз вазифаҳои шавҳар ва падари хонавода ин аст ки тамоми ончиро ки ӯро аз азоби охират наҷот медиҳад ёд гирифта ба он амал кунад ва низ ба ҳамсараш дар марҳалаи аввал ва фарзандонаш он чизҳоро бирасонад то онҳо низ аз азоби охират наҷот пайдо кунанд.

Масъулияти ин кор ба уҳдаи шавҳар аст дар марҳалаи аввал, зеро ӯ ҳаст ки ба ҳама чиз ва ҳама кас дастрасӣ дорад ва маҳдудияти занро надорад.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.