Мардон бояд бихонанд

116

Мардон бояд бихонанд

Мард куллӣ нигар ( ба ҳама чиз аҳамият намедиҳад), аммо зан ҷузъӣ нигар ( ба ҳамаи чизи майда аҳамият медиҳад). Одамҳои ҷузъӣ нигар дӯст доранд ба ҳамаи корҳояшон, ба ҳамаи заҳматҳояшон, дигарон аҳамият диҳанд. Тоза шудани хона, таёр шудани ғизо, шуста шудани либосҳо ва … ниёз дорад ба дида шудан ва як ташаккури меҳрубонона. Вақте пеши ҳамдигар ҳастед, ин дидан ва ташаккур метавонад бахше аз замони шуморо пур кунад; албатта ҳар бор аз зовия (тарафи) дигар корҳои ӯро гуфта бо роҳҳои ҳархела гуфта ташаккур кунед, то куфтан ва ташаккур кардан, барои худатон ва ҳамсаратон такрорӣ набошад ва монда нашавед.

Ба ҳамсаратон нагӯйед “ман ҳамин ки мебенӣ ҳастам”. Гуфтани ин ҷумла ба ҳамсаратон ҳисси нокомӣ медиҳад ва ба гузашти замон ӯро гирифтори афсурдагӣ мекунад. Ҳунарманд касе аст, ки бигӯяд “ ман ҳамеша омодаи ислоҳ кардани худ ҳастам”.

Ҳаққи зан ва шавҳар – раҳмат (меҳрубонӣ)

Дарёи зиндагӣ гоҳ пури тӯфон ва мавҷҳои ваҳшатноки асабоният мешавад. Барои наҷот додни киштии зиндагии муштарак лозим аст ин дарёро худатон ором кунед. Хеле сахт нест фаҳмидани инки чигуна метавонед фелу асабонияти худро кантрол кунед. Ҳар кас қалиқи худашро беҳтар медонад. Бо ин ҳол метавонед аз худ бипурсед масзӯъе ки ба хотири он асабонӣ ҳастед, ду ҳафта, як моҳ, як соли баъд… чи қадар аҳамият хоҳад дошт. Метавонед мавзӯъоти монанди гузаштаро ки аҳамияти он аз байн рафтааст ё фаромӯш шуда истодааст, ба ёд оваред.

Ҳаққашро ба ӯ диҳед. Тибқи омӯзаҳои динӣ, бахшидани зан, яке аз ҳақҳои ахлоқии зан бар гардани мард аст. Агар хатое кард, ӯро бубахшед ва агар иштибоҳе кардед, бахшиш пурсед. Бахшиш пурсидан доруи талх вале шифобахш аст. тавофуқ беҳтарин ва тафоҳум, воқеъбинонатарин ҳолат дар як зиндагии муштарак аст. Ҳамеша тавофуқ карда намешавад аммо ҳамеша тафоҳум кардан имкон дорад. Тафоҳум яъне бо будани ихтилофи назар, ба назару эҳсоси ҳамдигар эҳтиром гузоред ва бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед.

Иттилооти ҷинсӣ ва омӯзишҳои зану шавҳарӣ

Муҳаббате ки умедашро надоред ширинтар аст. Муҳаббатҳои ширинро ба ҳамсаратон ҳадя диҳед. Гоҳе ки ҳамсаратон умеде надорад, ӯро навозиш кунед ва ҳар чанд вақт якбор бе ҳеҷ далели хоссе барои гул бихаред. Гоҳе ин корҳои майда мумкин аст бисёр бештар аз баъзе суханҳо ё корҳои ошиқона таъсир дошта бошад. Аз бакор гирифтани роҳҳои гуногун барои ибрози алоқа ба ҳамсаратон ғофил набошед ва бо равишҳои гуногуни гуфторӣ ва ғайри гуфторӣ ба ӯ алоқаатонро нишон диҳед, то фаҳмонед ки будани зан дар пеши шумо оддӣ нашудааст. Барои мисол метавонед як сухани муҳаббатомез навишта дар дохили кафшаш гузоред ва ё инки дар дохили шакалот навиштаи муҳаббатомези худро нависед ва шакалотро ба ҳамсаратон диҳед.

 

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.