Ҳаққи волидайн бар фарзандон

164

Имом Саҷҷод(а) дар рисолаи ҳуқуқи худ ҳаққи падар ва модар бар фарзандонро ингуна баён мефармояд: “ҳаққи модарат ин аст, ки бидонӣ ӯ туро ҳамл карда, онгуна, ки касе каси дигарро ҳамл накунад ва аз шираи ҷонаш туро хӯронда, онгуна, ки касе дигареро нахӯрондааст ва ба ростӣ, ӯ бо гӯш, чашм, даст, по, мӯй, пӯст ва тамоми андомаш туро нигаҳдорӣ кардааст ва аз ин нигаҳдорӣ низ хушнуд ва шод ва пайваста дар кор будааст. Ҳаққи падарат ин аст, ки бидонӣ ба ростӣ ӯ решаи ту аст ва ту шохаи ӯ ҳастӣ ва чун ӯ набуд, ту ҳам набудӣ. Пас ҳаргоҳ дар худ чизеро дидӣ, ки писандида омад, огоҳ бош, ки ин накӯӣ дар ту реша дар падарат дорад.” Бинобарин, Худоро ситоиш намо ва ба андозаи он накӯӣ, сипосаш дор, ва لا حول و لا قوة الا بالله» (Ҳарронӣ, 1363: 263).

Аз инҷост, ки инсон мефаҳмад, ки чаро Худованд масъалаи некӣ ба падар ва модар ва шукри заҳамоти онҳоро муқаддимае бар шукри худ донистааст.

Дар китоби осмонии Қуръон, дастури эҳтиром ба падару модар пас аз масъалаи тавҳид баён гардидааст ва ин нишондиҳандаи аҳамияти ин ҳукм аст. Худованди Мутаол мефармояд:

وَقَضَى رَبُّکَ أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِیَّاهُ وَبِالْوَالِدَیْنِ إِحْسَانًا إِمَّا یَبْلُغَنَّ عِندَکَ الْکِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ کِلاَهُمَا فَلاَ تَقُل لَّهُمَآ أُفٍّ وَلاَ تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلاً کَرِیمًا * وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُل رَّبِّ ارْحَمْهُمَا کَمَا رَبَّیَانِی صَغِیرًا

Ва Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳаргоҳ яке аз он ду ё ҳар дуи онҳо назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин иҳонт ба онҳо раво мадор ва бар онҳо фарёд мазан ва гуфтори латиф, санҷида ва бузургаворона ба онҳо бигӯ. Ва низ болҳои тавозӯи хешро аз муҳаббат ва лутф дар баробари онон фурӯд овар ва бигӯ: Парвардигоро! Ҳамонгуна, ки онҳо маро дар кӯчакӣ тарбият карданд, онҳоро машмули раҳмат қарор деҳ. (Сураи Исро, 23 ва 24).

Дар ин оятҳо се дастури муҳим дар масъалаи наҳваи рафтор бо волидайн омадааст:

  1. Истифода накардани камтарин таъбирҳо беадабона (яъне гуфтани уф), чӣ расад ба фарёд задан бар онҳо.
  2. Хузуъ дар баробари падару модар.
  3. Дуо дар ҳаққи онҳо.

Яке аз авомили сулҳу сафо, оромиш ва амният ва таҳкими равобит дар миёни аъзои хонавода, эҳтиром, такрим ва эҳсон ба мафҳуми қуръонии он ба падар ва модар аст. Инҳо дастури вежаи Қуръон баъд аз ибодати Худованди ягона аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.