Шикояти ҳамсоя

267

Шикояти ҳамсоя

Як шахс ба назди Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) омад ва аз ҳамсояаш шикоят кард, ки ҳамсояаш ба вай ва хонаводааш ҳамеша зарар мерасонад ва онҳоро азоб  медиҳад. Расули Акрам фармуданд:

— Тоқат кун ва ҷангу ҷанҷол бо ҳамсояат роҳ наяндоз, шояд равиши худашро тағйир диҳад.

Баъд аз чанд вақт ду бора омад ва шикоят кард. Ин бор низ Расули Акрам гуфтанд:

— Тоқат кун.

Барои севвумин бор омад ва гуфт:

— Эй Расули Худо! Ин ҳамсояи ман аз кораш даст намебардорад ва ҳамин тавр ба нороҳат  кардани ман ва хонаводаам  идома медиҳад.

Ин бор Расули Акрам ба ӯ фармуданд:

— Рӯзи ҷумъа, ки расид, бирав чизҳои хонаатро берун биёр ва сари роҳи мардум, ки меоянд ва мераванд бигузор  то ҳама бинанд. Мардум аз ту хоҳанд пурсид, ки чаро чизҳои хонаатро  ин ҷо рехтӣ? Бигӯ аз дасти ҳамсояи бад ва шикоятатро ба ҳамаи мардум бигӯ.

Сираи иҷтимоии паёмбар – дрӯғ ба фарзанд мамнӯъ

Шикояткунанда ҳамин корро кард. Ҳамсояи озоррасон, ки хаёл мекард Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) барои ҳамеша ба ҳамсояаш тоқат кун мегӯянд, намедонист, ки агар масъалаи дур кардани зулм ва дифоъ аз ҳуқуқи мардум ба миён биёяд, Ислом обрӯ ва эҳтироме барои золим  қоил нест. Аз ин рӯ ҳамин ки аз мавзӯъ бохабар шуд, ба илтимос афтод ва хоҳиш кард, ки он мард асбобу асоси хонаи худро ба манзил баргардонад ва дар ҳамон вақт ваъда дод, ки дигар ба ҳеч ваҷҳ ҳамсояашро озор надиҳад.

Худованд дар сураи Нисо ояти 147 мефармояд:

لَا يُحِبُّ اللَّهُ الْجَهْرَ بِالسُّوءِ مِنَ الْقَوْلِ إِلَّا مَنْ ظُلِمَ وَكَانَ اللَّهُ سَمِيعًا عَلِيمًا (148)

“ Худо дуст намедорад ки бадгӯӣ шавад (ва бадии одамон бар мало шавад зеро Худованд айбпуш аст ва дуст надорад мардум обруи якдигарро бибаранд) фақат касе ки ба ӯ зулм шудааст ( метавонад барои дифоъ аз худ дар баробари золим иқдом ба шикоят кунанд) Худованд суханонро мешунавад ва аз ниятҳо огоҳ аст (барои ҳамин агар шикоят карданӣ ҳастед фақат бояд ба нияти дур кардани зулм бошад, на нияти беобру кардан ва қасд гирифтан).

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.