Аҳамияти издивоҷ аз дидгоҳи Паёмбари акрам(с)

140

Масъалаи пайванди заношӯи дар суханони гуҳарбор ва сираи амалии Расули худо(с) аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст. Он бузургворон барои нишон додани аҳамияти ин мавзуъ, гузашта аз амал кардан ба вазоифе, ки дар ин замина ба уҳда доштанд, бо суханони арзандаи худ пайравони хешро дар иҷрои ҳар чи беҳтари ин суннати писандида ташвиқ мекарданд ва дар сурати мушоҳидаи инҳироф нисбат ба он, ба равшангари пардохта, афродро аз равиши нодурусти худ бар ҳазар медоштанд.

Расули худо (с) издивоҷро яке аз суннатҳои худ дониста мардумро ба пайрави аз ин равиши неку фаро мехонад ва касонеро, ки аз ин дастур сарпечи кунанд, аз зумраи пайравони худ берун медонад.

“Издивоҷ, суннати ман аст ва ҳар кас аз суннати ман сарпечӣ кунад, аз ман нест”.[1]

Ҳазрати Алӣ(а) низ ҷавононро ба издивоҷ тавсия ва супориш карда, аҳамиятеро ки Паёмбари акрам(с) барои он қоил буд, гушзад мекунад ва мефармояд:

“Издивоҷ кунед. Ба дурустие, ки Расули худо (с) бисёр мефармуд: ҳар кас дӯст дорад аз суннати ман пайравӣ кунад, зеро он яке аз суннатҳои ман аст”.[2]

Паёмбари акрам (с) рӯзе ба дидани асҳоб “Суффа” рафт. Дар онҷо ба ҷавони бе ҳамсар ва ғарибе ба номи “Ҷувайбир” бархурд карду ба ӯ фармуд: чи қадар хуб буд ҳамсари интихоб карда, бо ташкили хонавода ба ин зиндагии муҷарадӣ ва танҳои хотима медодӣ, то ҳам иффати худро ба василаи ҳамсар ҳифз кунӣ ва ҳам ӯ дар канори дунё ва охирати туро ёрӣ кунад. Ҷувайбир гуфт: Эй Расули худо! Ман на мол ва ҷамол дорам ва на ҳасбу насаб, чи касе ба ман зан медиҳад ва кадом зан рағбат мекунад, ки ҳамсари ман шавад?

Ҳазрат фамуд: Эй Ҷувайбир! Худованд ба василаи ислом арзиши афродро тағийр дода, бисёре аз ашхос дар даврони ҷоҳилият муҳтарам буданд ва ислом ононро поин овард ва бисёрӣ, хор ва забун буданд ва ислом манзилату мақоми онҳоро боло бурд. Бархез ва ба манзили “Зиёд ибни Лабиди ансорӣ” бирав ва аз духтараш “Зулфо” хостгорӣ кун…  .

Маросими хостгорӣ анҷом гирифт ва Зиёд ибни Лабид бо онки васлат бо шахси монанди “Ҷувайбир”ро – ки аз тамоми мазоёи моддӣ маҳрум буд- дар шаъни худ намедид, ба дастури Паёмбар(с) бо ин издивоҷ мувофиқат кард.[3]

Он ҳазрат ҳар гоҳ медид пайравонаш дар амри заношӯи аз ҳадди эътидол таҷовуз карда, ононро ба масир ва роҳи дуруст роҳнамоӣ мекард. Чунон ки нақл шуда, теъдоди аз ёрони паёмбар (с) мубошират бо ҳамсар ва хурдану хобиданро бар худ ҳаром карда буданд. Вақте он ҳазрат ин хабарро шунид, ба суроғи онон рафт ва зимни ҳушдор ба нодуруст будани равиши онон, роҳи дурустро пеши рӯяшон ниҳоду фармуд:

“Оё аз ҳамсаронатон дурӣ мекунед, дар ҳоле ки ман бо ҳамсарон мубошират мекунам, дар рӯз ғазо мехурам ва шаб мехобам? Ҳар кас аз суннати ман пайравӣ накунад, аз ман нест”.[4]

Тарбият ёфтагони мактаби Расули худо (с) низ ба пайванди заношуӣ аҳамият медоданд ва раво намедонистанд, ки ҳеч марде ҳар чанд барои муддати кутоҳ, бедуни ҳамсар бимонад ва ин нуктаро, ҳатто дар вақтҳои буҳронӣ фаромӯш намекарданд; ҳазрати Фотима (а) пеш аз вафоти худ ба амири муъминон (а) ингуна васият кард.

“Эй писар амак! Ба ту васият мекунам, ки пас аз ман бо духтари хоҳарам “Амома” издивоҷ кунӣ, зеро ӯ барои фарзандонам монанди ман аст. Ҳамоно мардон чораи ҷуз издивоҷ надоранд”.[5]

Хонадони Расули худо (с) ҳамвора бар таҳкими равобити хонаводагӣ таъкид доштанд ва агар касе муваффақ ба издивоҷ нашуда буд, ӯро ба он ташвиқу тарғиб карда ва муқаддамоти онро барояш фароҳам месохтанд.

Имом Содиқ (а) мефармояд: рӯзе марде хидмати падарам имом Боқир (а) омад. Падарам аз ӯ пурсид: Оё ҳамсар дорӣ? Посух дод на. Имом фармуд:

“Дӯст намедорам, ки дунё ва ончи дар он аст аз они ман бошад ва як шаб бедуни ҳамсар бихобам”.

Сипас ҳафт динор ба он мард дод ва фармуд: бо ин пул барои худ ҳамсари ихтиёр кун.[6]

[1]. Биҳорул анвор, ҷ 103, саҳ 220

[2]. Ҳамон, саҳ 218

[3]. Кофӣ, ҷ 5 саҳ 340

[4]. Сунанун набӣ, Аллома Таботабоӣ, саҳ 146

[5]. Фотима минал маҳд илал лиҳад, Саид Муҳаммад Козими қазвинӣ, саҳ, 610, Байрут.

[6]. Васоил, ҷ 14, саҳ 7

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.