Таҷрибаи аҷиби донишмандон

97

Рӯзе донишмандон озмоиши аҷибе анҷом доданд. Онҳо оквориуми бузурге сохтанд ва чанд адад моҳиро дар он андохтанд. Онҳо бахше аз оквориумро бо шиша ҷудо карданд. Моҳиҳо шино мекарданду меомаданд ва ҳангоме ки ба шиша бархурд мекарданд, аз ҳамон ҷо бармегаштанд.

Чанд рӯзе ин вазъ идома пайдо ва моҳиҳо ҳар кадом чандин бор, бо ин шиша бархурд карданд. Кам-кам дигар моҳиҳо ба ин самт аслан шино намекарданд. Чун медонистанд, ки онҷо монее вуҷуд дорад, ки намешавад аз он гузашт.

Пас аз муддате шишаро бардоштанд ва фазои оквориум бозтару бузургтар шуд, аммо дигар ҳеч моҳие ба ин самт намеомад ва аз ин фазои озод истифода намекард, чун моҳиҳо дар зеҳнашон монеае сохта буданд, ки аз он девори шишаӣ сахттару баландтар буд. Ва он девор деворе аз ҷинси бовари худ буд!

Деворе аз ҷинси маҳдудият ва боваре ба вуҷуди девори баланд ва ғайриқобили убур. Деворе аз нотавонии хеш…

Агар ҳар кадом аз мо дар байни боварҳои зеҳнии хеш ҷустуҷӯ кунем, бетардид деворҳои шишаии баланду сахтеро мушоҳида хоҳем кард, ки натиҷаи мушоҳидот ва таҷрубиёти мост ва хеле аз онҳо дар олами хориҷ аз зеҳн вуҷуд надоранд ва фақат дар зеҳни мо ҷой доранд.

Деворҳои баланду шишаии зеҳнамонро аз байн бибарем…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.