Нукоти омӯзанда дар тарбияти кӯдак

110

Ҳамеша рост бигӯед

Мо ба унвони падару модар, мехоҳем фарзандамон ҳамеша ростгӯ ва босадоқат бошад. Агар ин тавр аст, бояд худамон ҳамеша ростгӯ бошем.

***

Фарзандонамонро ба як андоза дӯст дорем

Дар айни ин ки ба онҳо ба таври мусовӣ ва баробар ишқ меварзем, бо ҳар як аз онҳо рафтори хосси ба худашонро дошта бошем, чаро ки ҳар кадом аз онҳо афроди мутафовите ҳастанд.

***

Ҳар лаҳза ба фарзандонатон бигӯед, дӯстат дорам!

Ҳар лаҳза, ки бихоҳед ба онҳо бигӯед, ки дӯсташон доред, ҳатто агар теъдоди изҳори он, дар рӯз ба садҳо бор бирасад. Ба ёд дошта бошед, ки бо корбурди зиёди ин калимоти муҳаббатомез ва дар оғуш гирифтану бӯсидани кӯдакон, онҳо эркаву баҳонаҷӯ нахоҳанд шуд.

***

Бо навзодон бо забони ишора иртибот барқарор кунед

Агар кӯдаки шумо ҳанӯз қодир ба сухан гуфтан нест, ба ин маъно нест, ки аслан сухане барои гуфтан надорад. Истифода аз аломатҳои ишораии сода пеш аз он ки фарзандатон битавонад сухан бигӯяд, ба шумо кӯмак хоҳад кард, то пай баред, ӯ чӣ эҳтиёҷе дорад ва ҳатто чӣ тавр эҳсоси хубе пайдо мекунад.

***

Лабханди фарзандатонро ҳифз кунед

Муроқибат аз дандони кӯдаконро ба маҳзи рӯиши дардонҳои ширии онҳо оғоз кунед. Дуруст аст, ки ин дандонҳо мерезанд, аммо саломатии онҳо барои саломатӣ ва истеҳкоми дандонҳои доимӣ бисёр муҳим аст. Дар мавриди навзодон аз дастмоли тар ва дар мавриди бачаҳои калонтар аз мисвок ва хамирдандон истифода намоед ва бо ин кор аз пӯсидагии дандонҳо пешгирӣ кунед. Бачаҳоро ташвиқ кунед, ки рӯзе ду бор дандонҳояшонро бо мисвок ва хамирдандон бишӯянд.

***

Ба суханони пизишки кӯдакатон гӯш диҳед

Агар духтури мутахассиси кӯдак, масалан, ба шумо гуфт, ки таби фарзандатон вирӯсӣ аст ва ниёзе ба онтибиотик надорад, барои гирифтани воксан ва онтибиотик исрор накунед. Беҳтарин дору гоҳе истироҳат, миқдори зиёд обу моеот ва каме парастории муҳабаттомези шумост. Истифодаи нобаҷо аз онтибиотикҳо мумкин аст боиси мушкилоти пизишкӣ барои фарзандатон шавад ва эҳтимоли эҷоди гунаҳои микробии муқовим ба дармонро боло барад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.