Бандаи солеҳ кист?

100

Худо раҳмат кунад касеро, ки вақте сухани ҳакимона бишнавад, хуб онро ёд гирад ва вақте ба роҳи ҳидоят хонда шуд онро бипазирад ва даст ба домани ҳидоят кунанда бизанад ва наҷот ёбад. Дар баробари Парвардигор муроқиби худ бошад, аз гуноҳони худ битарсад ва холисона қадам бардорад ва амали хуб анҷом диҳад ва захирае барои қиёмат фароҳам оварад. Аз гуноҳ бипарҳезад ва ҳамеша ғаразҳои дунёиро аз сараш дур кунад ва дараҷоти охиратро ба даст оварад. Тақворо тӯшаи рӯзи марги хеш қарор диҳад ва дар роҳи равшани ҳидоят, қадам бигзорад ва аз роҳи равшани ҳидоят, дур нашавад. Чанд рӯзи зиндагии дунёро ғанимат бишморад ва пеш аз он ки маргаш бирасад, худро омода кунад ва аз амалҳои хуб, тӯшаи охират бигирад. (Наҳҷулбалоға, хутбаи 76).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.