Нишонаҳои хушбахтӣ

Ҳудуди 7 миллиард ҷамъият дар ин кураи хокӣ зиндагӣ мекунад, ки хеле аз онҳо бо ҳам як хонавода ҳастанд, аммо чанд дарсади онҳо, ба маънои воқеӣ як хонаводаи солим ва хушбахтанд ва эҳсоси оромиш ва шодӣ доранд ва чанд дарсади онҳо ба хотири бачаҳо, ҳарфи мардум ва ё адами тавоноӣ дар танҳо зиндагӣ кардан, ҳамдигарро таҳаммул карда ва зоҳиран як хонаводаанд?

72

Ҳамонтавр ки медонед, хонавода як сакуи партоб аст, партоб ба сӯи муваффақият ва оромиш, ҳамаи шумо ҳатман маззаи як рӯз оромиши воқеиро дар канори аъзои хонаводаатон чашидаед ва аз тарафи дигар, нохушиҳо ҳам, пас матни зерро бихонед то бубинед, ки чиқадар хушбахтед?

Хӯрдан ва хобидан

Дар хонаводаҳои хушбахт, афроди мекӯшанд, ки ҳар гоҳ имкон дошта бошад, бо ҳам ғизо бихӯранд яъне онон, ки ҳозиранд, сабр мекунанд ва каме гуруснагиро таҳаммул мекунанд то узви ғоиб бирасад ва дар ҳангоми ғизо хӯрдан бо ҳам гуфтугӯ карда, ба ҳам нигоҳ мекунанд ва ғизо мехӯранд. Масалан модар фарзандонро ташвеқ ба сабр кардан барои расидани падар мекунад, суфраро мечинад ва тазйин мекунад ва дар ҳангоми ҳузури падари хонавода, ғизоро мекашад, онҳо дар ҳайни ғизо хӯрдан, дар мавриди воқеаҳои рӯз сӯҳбат мекунанд, аз ғизо ва ҳунари модар таъриф ва тамҷид мекунанд, дар мавриди барномаҳои оянда хонавода ва мушкилот суҳбат ва изҳори назар мекунанд ва ба таври куллӣ замонҳои хушеро дар ҳайни ғизо хӯрдан доранд.

Дар ҳоле, ки дар хонаводаҳои ғайрихушбхт, ҳар кас ҳаргоҳе гурусна шуд, барои худаш ғизо кашида ва мунтазир шудан барои дигаре дар кор нест, аслан бештар дар берун аз хона ғизо мехӯранд ва ҳатто аз ғизои хонагӣ хабаре нест, афзӯн бар он агар иттифоқӣ даври миз бинишинанд, ё телевизион нигоҳ мекунанд ё бо телефони ҳамроҳи худ машғуланд! Фазои хонаро сукут, пур мекунад ва модоме, ки бо ҳам ҳастанд, тамоси чашмӣ бо ҳам надошта ва фазои ғайрисамимӣ бар онҳо ҳоким мешавад.

Соати хоб ва бедорӣ дар хонаводаҳои хушбахт ҳамсон ва ҳамзамон ва наздик ба ҳам аст ба тавре, ки зану шавҳар ҳудудан ҳамзамон ба рахту хоб рафта ва пас аз каме гуфтугӯи шабона ва навозиш, ба хоб мераванд ва ҳудудан ҳамзамон ҳам аз хоб баланд мешаванд. Дар сурате, ки дар хонаводаҳои ғайрихушбхт бо фосила ду соата ба рахтихоб рафта ва бо ҳамин фосила низ аз хоб баланд мешаванд.

Дар хонаводаҳои хушбахт ба ончи, ки дигарӣ барояшон анҷом дода, таваҷҷуҳ карда, ёдовар шуда сипосгузорӣ карда ва қадрдонӣ мекунанд ва дар хонаводаҳои ғайрихушбахт, пайваста ин пурсиш матраҳ аст, ки магар ту барои ман чӣ кардаӣ?

Чанд вежагии дигар

  1. Ҳар як аз инсонҳо дорои як дунёи ихтисосӣ ва шахсии марбут ба худ мебошанд. Дар хонаводаҳои хушбахт, зан ва мард пайваста мекӯшанд то бо дунёи ихтисосии ҳам ошно гашта ва роҳе ба сӯи он бигӯшоянд. Дар сурате, ки дар хонаводаҳои ғайрихушбахт, нисбат ба наздик шудан ба дунёи ихтисосии ҳам беалоқа буда ва пайваста аз он дур мешаванд.
  2. Дар хонаводаҳои хушбахт ба ончи, ки дигарӣ барояшон анҷом дода, таваҷҷуҳ карда, ёдовар шуда сипосгузорӣ карда ва қадрдонӣ мекунанд ва дар хонаводаҳои ғайрихушбахт, пайваста ин пурсиш матраҳ аст, ки магар ту барои ман чӣ кардаӣ? Ба тавре, ки метавон гуфт дар хонаводаҳои хушбахт афроди пайваста аз якдигар сипосгузоранд ва дар хонаводаҳои ғайрихушбахт норозӣ ва талабкор ва ин матлаб дар он ҷо зиёд шунида мешавад, “ту ҳеҷ коре то ҳоло барои ман накардаӣ”, ё “ту фақат ба фикри худат будаӣ”.
  3. Дар хонаводаҳои хушбахт, посух ба дархостҳо маъмулан; ҳатман, чашм, хуб, ё кӯшишамро хоҳам кард ё ҳар коре аз дастам барояд, ва ту аз тарафи ман мутмаин бош, мебошад, вале посух дар хонаводаҳои ғайрихушбахт маъмулан на, намедонам, аз ман сохта нест, ҳоло бубинам, фикр намекунам, ки битавонам ва аз ман барнамеояд ё агар тавонистам, хоҳад буд.
  4. Дар хонаводаҳои хушбахт “мо” ба унвони моликияти ҷамъӣ, ҳатто дар заминаи бидеҳкорӣ ва гирифториҳо ба кор меравад, монанди хонаи мо, мошини мо, бидеҳии мо, дӯстони мо, дардисарҳои мо, бачаҳои мо ва дар хонаводаҳои ғайрихушбахт бештар вожаҳои “ман” дар заминаҳои гуногун ба кор гирифта мешавад. Ҳамчун мошини ман, хонаи ман, ҳисоби ман, бачаи ман.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.