Арзиши одамӣ ба қадри ҳиммати ӯст

96

Бикӯш имрӯз, то гандум бипошӣ,

Ки фардо бар ҷаве қодир набошӣ. (Саъдии Шерозӣ).

Арзиши инсон дар гарави ҳиммат ва бузургии ҳадафаш дар зиндагӣ мебошад. Саъю кӯшиш барои расидан ба маротиби олӣ ва рафтан аз пайи корҳои бузург, дар фарҳанги исломӣ ба унвони баландҳимматӣ ва шаҳомат таъриф мешавад; ба баёни дигар, ниҳояти хост ва иродаи инсон барои расидан ба чизеро ҳиммат гӯянд.

Дар мантиқи ваҳй, улувви ҳиммат иборат аст аз ризоят надодан ба сифот ва ҳолатҳои ҳайвонӣ ҳамчун шикампарастӣ ва шаҳватронӣ ва дар муқобил талош намудан барои ба даст овардани ахлоқи бартар.

Агар дар саҳнаи зиндагӣ касеро бинем, ки ба мақомот ва дараҷоти олие дар зиндагӣ расида ва ба аҳдофи бузурги инсонӣ ноил гаштааст, бидонем, ки ин ба далели доштани ҳиммати болояш будааст.

Бикӯш имрӯз, то гандум бипошӣ,

Ки фардо бар ҷаве қодир набошӣ. (Саъдии Шерозӣ).

Баландҳимматӣ аз азимтарин сифот ва аз бузургтарин маротиби инсоният ва болотарин фазоили инсонӣ ба шумор меравад.

Даст аз талаб надорам, то коми дил барояд,

Ё ҷон расад ба ҷонон ё ҷон зи тан барояд. (Ҳофиз)

Ҳиммат маротиб ва дараҷоте дорад ва яке аз маротиб ва мароҳили он, шаҳомат аст, ва шаҳомат, ба маънои иштиёқ бар анҷом додани умури бузург аст то ба василаи анҷоми корҳои бузург, номи нек ва зебои одамӣ ба мурури айём ва гузашти замон, дар сафҳаи рӯзгор ба некӣ ва бузургворӣ сабт гардад.

Ҳиммат барои инсон осореро ба армуғон меоварад, ки ба поён расондани корҳо, расидан ба иззату сарбаландӣ, маъруф гаштан ба хайру некӣ, пешгом будан дар корҳои бузург, қонеъ набудан ба умури ҷузъиву зудгузар ва қотеият дар анҷоми корҳо аз ҷумлаи онҳост.

Ба манзил расид он кӣ пӯянда буд,

Беҳӣ ёфт он кас ки ҷӯянда буд. (Абдулқосими Фирдавсӣ).

Дар ривоёт, аз инсони боҳиммат ситоиш ба амал омада ва ҳиммат аз авсофи неки мӯъмин дониста шудааст; дар ҳадисе аз Расули Худо(с) омадааст: “Худованди Мутаол корҳои воло ва шарифро дӯст дорад ва корҳои пасту ҳақирро хуш надорад”; (Канзул-уммол).

Ҳамчунин дар ривояти дигаре аз баландҳимматӣ ин гуна таъбир шудааст: “Ҳеҷ шарофат ва ифтихоре чун баландҳимматӣ нест”.

Алӣ (к) мефармоянд: “Карам доштан зодаи баланҳимматист”; (Ғурарул-ҳикам).

Сифоти хубу баде, ки аз инсон мушоҳида мешавад, нишонаи ҳиммати боло ва ё кӯтаҳҳимматии ӯст: “Кирдори зебо, гӯёи баландҳимматӣ аст”, (Ғурарул-ҳикам) ва ё “Арзиши одамӣ ба қадри ҳиммати ӯст”, (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 27).

Шуҷоат ва шаҳомати инсон дар масири зиндагӣ ва раҳ ёфтани ӯ ба сӯи орзуҳояш, ба ҳиммати ӯ бастагӣ дорад, ҳамон гуна ки дар мантиқи ривоёт ба ин масъала ишора шудааст: “Шуҷоати мард ба андозаи ҳиммати ӯст”, (Ғурарул-ҳикам).

Ва аз тарафе ҳам, баландҳимматӣ барои инсон иззату эҳтиромро дар ҷомеа бабор меоварад: “Иззати тамаъ надоштанро бо баландии ҳиммат ба даст ор”, – инсонҳои баландҳиммат дар зиндагиашон, барои расидан ба маротиби олӣ ва ба анҷом расондани корҳои бузург, талош мекунанд ва нисбат ба суду зиёни дунявии он беаҳаммиятанд.

Ва аз тарафе ҳам, ривоёти исломӣ, беҳимматӣ ва пастҳимматиро мӯҷиби аз байн рафтани фазоил, сабаби пайдоиши ҳасодат ва бавуҷудоварандаи авсофи разила медонанд: “Ҳар кӣ ҳимматаш паст бошад, фазилаташ аз байн биравад”, (Ғурарул-ҳикам).

Дар ривояти дигаре омадааст: “Ҳасодат бар неъмати дӯст, аз дунҳимматист” ё дар як ривояти дигаре ин гуна мефармоянд, ки: “Одами паст, ҳиммат надорад”, (Ғурарул-ҳикам).

“Се чиз инсонро аз рафтан дар пайи мақомоти олӣ ва аҳдофи баланд бозмедорад: кӯтоҳии ҳиммат, чораандеш набудан ва сустии андеша”, (Туҳафул-уқул).

Баъзе аз инсонҳое, ки тамоми ҳиммат ва саъю талошашон дар зиндагии дунявӣ иборат аз шикам ва лаззоти шаҳвонӣ аст, ки бар асоси фармудаи ривоёт, ин гуна ашхос ба хайру хубӣ даст нахоҳанд ёфт:

Мардон ба саъю ранҷ ба ҷое расидаанд,

Ту беҳунар куҷо расӣ аз нафспарварӣ? (Саъдии Шерозӣ).

Ривоят: “Чӣ дур аст хайру хубӣ аз касе ки ҳамму ғаммаш шикам ва шармгоҳи ӯст”, (Ғурар-ул-ҳикам).

Бикӯшӣ, чу дар пеш кор оядат,

Чу хоҳӣ, ки ганҷе ба бор оядат. (Абдулқосими Фирдавсӣ).

(Таҳияи Акрамхони Зиёдуллоҳ )

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.