“Инистаграм”читавр боиси содалавҳӣ дар ҷомеа шудааст!

138

Бистари монанди инистаграм мавҷуде аст соддалавҳпарвар, яъне натанҳо боис мешавад афроди соддалавҳи ҷомеа намоён шаванд, балки нақшаи бузург барои табдилкрдани одамҳо ба афроди содалавҳ аст чаро ки мушаххас нест дар оянда чигуна хоҳад шуд.

“Интернет” дастрасии одамҳоро ба ҷаҳоне аз иттилоот роҳат кардааст, имрӯза рӯзе камтар касе пайдо мешавад, ки сару кор бо ин технология надошта бошад. Интернет низ монанди ҳар чизи дигаре хубиҳо ва бадиҳое дорад, ки ба камтар касе пӯшидааст, аммо масъалаи аслӣ ин аст, ки мо чаро бояд монанди хеле аз чизҳои дигар, бештар айбҳои ин абзорро насиби худ кунем!

Пас аз зpамони ба вуҷуд омадани интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ё нармафзорҳои мухталифе дар ин ҷойгоҳ ба вуҷуд омад, ки ҳадафи аввалияи он, осон кардани роҳҳои иртиботи байни афрод дар саросари ҷаҳон буд. Ин нармафзорҳои иҷтимоӣ хадамоти зиёдеро ба башар пешниҳод додаанд ва наметавон аз он чашм пӯшид; Дар ин гузориш ба “Инстаграм”, ки яке аз пурмухотабтарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст мепардозем.

Инстаграм, ки худро аз ҷумалаи шабакаҳои иҷтимоӣ намедонад, яке аз пуртарафдортарин нармафзорҳои иртиботи ҷамъие аст, ки дар сатҳи ҷаҳон мавриди истифода қарор мегирад ва рӯзона миллионҳо акс ва филм дар он ба иштирок гузошта мешавад, аммо масъалаи мавриди назар ин аст,ки мақсад аз эҷоди чунин барномаҳое чӣ буда ва истифодае, ки ҳозир аз он мешавад, чист?!

Забти тасвир аз лаҳазоти хушии зиндагӣ ва ба иштирок гузоштани он, маконҳои туристӣ ва сафар ба нуқоти диданӣ ё кашфнашудаи ҷаҳон аз мақсадҳои аввалия ва аслии инстаграм буд, аммо имрӯза ҷое барои холи кардани ҳаяҷонҳои дурӯғини ҷавонон шудааст, ки гоҳе фоҷиаи ҷуброннопазирро ба бор овардааст.

Ҳар ҷо, ки шӯҳрат ва сарват эҳсос шавад, фасодро низ ба думбол хоҳад дошт, дар инстаграм ҳам ба далели вуҷуди дунбол ва лойк в… шӯҳрат ва маъруф шудан мавриди диққати корбарони он қарор гирифтааст, то ҷое, ки бисёре аз корбарони ин шабака ба истилоҳ иҷтимоӣ ба думболи ҷазби дунболкунанда ва касби шӯҳрат ҳастанд ва барои ин ҳадаф даст ба корҳои гуногуне мезананд, ки баъзан номаъқул низ ба назар мерасад.

Ин барнома боис шудааст, ки афроде дар инистаграм ба истилоҳи омиёна имрӯза худ, ба шохи маҷозӣ табдил шаванд! ин шохҳои маҷозӣ ба боло рафтани дунбол кардан ва касби лайк ва боздидҳои боло, дар ҷазби таблиғот муваффақ будаанд ва тавонистаанд маблағи зиёдеро аз ин роҳ ба даст оваранд.

Ҳамин мавзӯъ сабаби ташвиқи дигари корбарони одии ин нармафзор шуда ва боис мешавад, ки касони бисёр зиёде бихоҳанд ба ин шӯҳрат ва сарват, ки аз шохҳои маҷозӣ пулҳои сӯроғ доранд, бирасанд ба ҳамин далел фоҷиъаи ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва мушкилоти  хатарноке аз ин афрод сар мезанад.

Ин нармафзор ба эътирофи умуми коршиносон ва ҳатто анҷумани салтанати беҳдоштии умумии Англис, харобкунандатарин ва қабеҳтарин шабакаи иҷтимоӣ барои навҷавонон аст. Ин дар ҳоле аст, ки ба иллати беэътибор ва заъфи қавонини дохилӣ, ҳатто ҳадди ақал усули ҳамчун радабандии сини инистаграм, ки мусбати +13 аст дар кишвари мо риоят намешавад ва кӯдакони зер сини 13 сол ба роҳати аз ин шабакаи харобкунандаи фарҳангӣ ва эътиқодӣ истифода мекунанд.

Ин шабакаи маҷозӣ қурбониёни зиёде доштааст, ки мутаассифона ҳамчунон ба омори онҳо афзуда мешавад, чӣ бисёр модароне, ки барои дида шудани дар инистаграм, фарзандони хурди худро дастмоя қарор медиҳанд! Духтароне, ки барои ҷазби дунбол кардан ба умеди он кӣ ҷойгоҳи диққат қарор гиранд, тани худро дар намоишгоҳи ин шабака ба намоиш мегузоранд, писароне, ки даст ба корҳои аҳмақона мезананд он қадар зиёд ҳастанд, ки бо як чархидани кӯтоҳ дар сафҳаи инистаграм метавон мушоҳида кард, ки барои дида шудан даст ба чӣ корҳое, ки намезананд.

Худкушӣ, беобрӯ шудан, фаҳҳошӣ, хиёнат, хароб шудани ахлоқ, алоқаи номшруъи ҷинсӣ в… теъдоде аз зараре аст, ки ин шабакаи иҷтимоӣ ба бор овардааст.

Ин ки як шабакаи интернитӣ дар дастраси умуми мардум аз пир, ҷавон, кӯдаку навҷавон қарор гирад, ба назар мерасад коре бисёр хатарнок аст ва бояд барои ин буҳрони бузург, чорае андешед. Дар ҳар куҷои ҷаҳон, одамҳои соддалавҳ пайдо мешаванд, аммо чунин бистаре монанди инистаграм мавҷуди соддалавҳпарваре аст, яъне натанҳо боис мешавад афроди соддалавҳи ҷомеа намоён шаванд, балки нақшаи бузург барои табдил кардани одамҳо ба касони соддалавҳ аст, ки мушаххас нест дар оянда, ки мумкин аст сари ақл биёянд, чигуна мехоҳанд бо гузаштаи сиёҳ, ки барои худ сохтаанд ва худро ангуштнамои хоссу ом кардаанд, канор биёянд!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.