Роҳкорҳои афзоиши худбоварӣ дар кӯдакон

112

1 – Худбоварӣ эсҳсоси даруниест, ки фард нисбат ба қобилиятҳо, зарфиятҳо ва тавонмандиҳои хеш дорад. Ин нируи дарунӣ фардро барои мубориза бо чолишҳои асосии зиндагӣ омода мекунад. Худбоварӣ арзишест, ки фард аз сӯи худ касб мекунад, на аз сӯи дигарон ва волидайн нақши асосӣ дар эҷоди боварҳои мусбат дар кӯдак, нисбат ба худаш доранд. Ҳарчӣ кӯдак дар муҳити хонавода эҳсоси амният ва ҳимоят кунад, худбоварии солим дар ӯ шакл мегирад.

2 – Хонаводаҳо бояд сармашқи хубе барои фарзандон бошанд. Тақлид ва улгубардорӣ яке аз фарогиртарин равишҳои ёдгирӣ дар кӯдакон аст. Таҳқиқот нишон додааст, ки яке аз беҳтарин роҳҳои бархурдорӣ аз худбоварии солим, бархурдор будан аз волидайнест, ки худ низ аз худбоварии болое бархурдор бошанд. Агар падар ва модар дар амал, улгу ва сармашқи хубе барои фарзанд бошанд, аз ин ки фақат барои онон сӯҳбат кунанд ва ё доиман ба онҳо амру наҳй кунанд, бисёр беҳтару асарбахштар аст.

3 – Падару модар бояд ба фарзандони худ кӯмак кунанд то нуқоти қувват ва нуқоти заъфи худро шиносоӣ кунанд ва барои тақвияти нуқоти қувват ва бартараф кардани нуқоти заъф, онҳоро кӯмак кунанд ва дар мавриди тавонмандиҳои онҳо сӯҳбат кунанд. Ҳамчунин ба шахсияти кӯдак ва навҷавон таваҷҷӯҳ кунанд ва эҳтиром бигузоранд, зеро бетаваҷҷӯҳӣ ва нодида гирифтани кӯдакон ҳисси арзишмандиро аз онҳо хоҳад гирифт.

4 – Хонаводаҳо бояд ба алоқамандиҳои мантиқию дурусти фарзандон таваҷҷӯҳ кунанд ва онҳоро дар расидан ба аҳдофашон ҳамроҳӣ кунанд ва дар сурати мушоҳидаи рафторҳои номатлуб, алфози нодуруст ба кор набаранд. Ҳамчунин кӯдакро набояд мавриди таҳқиру тамасхур қарор дод. Таваҷҷӯҳи беш аз ҳад ва ҳимояти беш аз ҳад дар кӯдакон боиси вобастагии зиёди онҳо мешавад ва тавонманд будан ва худбовариро дар кӯдакон коҳиш медиҳад. Ҳамчунин ба кӯдакон мутаносиб бо син ва тавонашон масъулият бидиҳед то бо ин равиш, дар зеҳни кӯдакон бовари “ман метавонам” шакл гирад.

5 – Тамасхур, таҳдид, танбеҳ ва эҷоди тарс дар кӯдакон ҳисси шоистагӣ ва тавонистанро дар онҳо заиф мекунад. Бинобар ин, бо эҷоди як иртиботи самимона бо фарзандон, худбоварӣ дар онҳо тақвият хоҳад шуд. Ҳамчунин барои расидан ба муваффақият, ҳаргиз кӯдаконро бо дигарон муқоиса накунед ва ба кӯдаки худ биомӯзед, ки ӯ фақат бояд бо худаш рақобат кунад ва беҳтарин роҳ барои пешрафт ва муваффақияти ӯ дар зиндагӣ, тамаркуз бар нуқоти қуввати ӯст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.