Хушкаломӣ ва хушгуфторӣ

111

Хушгуфторӣ чӣ аҳамияте дорад?

Чӣ гуна хушгуфториро тамрин кунем?

Худованди Мутаол неъматҳои зиёдеро ба бандагон арзонӣ доштааст, ки ҳар кадом аҳамияти хоссе доранд ва инсонро барои доштани зиндагии хубу шоиста ҳамроҳӣ мекунанд. Пас ҳар кадом аз он неъматҳо шукри махсуси худро металабад. Албатта илова бар шукри забонӣ, ҳар неъмате сазовори шукри амалӣ низ ҳам, ки иборат аст аз истифода кардан аз он неъмат.

Яке аз он неъматҳое, ки Худованд дар Қуръони Карим ба он ишора кардааст, неъмати забон аст: “Оё ду чашмаш надодаем ва забон ва ду лаб”. (Сураи Балад, оёти 8-9).

Худованд дар сураи муборакаи Бақара, дар зимни ояти 83, тавсия мекунад: “…Бо мардум бо хушзабонӣ сухан гӯед”.

Инсон вақте дар иҷтимоъ қарор гирифт, саъй мекунад бо ҷомеа ва атрофиёни худ иртибот барқарор намояд, то ба ин васила, як иртиботи дуҷониба ҳосил гардида ва ӯ ниёзҳои худро аз ин роҳ, бартараф намояд. Дар ин марҳала, аввалин ва муҳимтарин василаи иртиботии ӯ дар ҷомеаи инсонӣ, воситаи калом ва сухан гуфтан хоҳад буд.

Яке аз бузургтарин румузи муваффақияти инсон дар ин масир, хушсухан ва хушкалом будан аст ва хушкаломӣ калиди тиллоии иртибот бо мардум аст.

Хушкаломӣ масуният аз бисёре аз гуноҳон ва хатоҳои лисонӣ, монанди ҳаттокӣ, бӯҳтон ва ғайраро ба дунбол дошта ва барои инсон эҳтироми шахсиятӣ, нишоти дил ва осудагӣ, коркушоӣ барои худ ва дигарон ва сипосгузорӣ аз неъмати каломро ба армуғон дорад.

Аз назари уламои ахлоқ, интихоби калимоти зебо ва писандида дар муколимот; ба забон наовардани алфози зишт; ба кор бурдани киноягӯӣ дар зикри маоюб ва ё умури марбут ба масоили ҷинсӣ; муроқибат ва сиёнати забон аз офот ва гуноҳон ва хатоҳои гуфторӣ, ба унвони таорифи хушкаломӣ ва хушгуфторӣ шуморида шудааст.

Расули Гиромии Ислом(с) дар ҳадиси муборак фармудаанд: “Сухани некӯ садақа аст”, (Наҳҷулфасоҳа).

Ҳамчунин боз дар ин робита фармудаанд: “Ҳар гоҳ ҳукм мекунед, ба адолат рафтор кунед ва ҳар гоҳ сухан мегӯед, некӯ бигӯед, зеро Худованд некӯст ва некӯкоронро дӯст медорад”.

Ҳазрати Алӣ(к) дар гуфторе ҳакимона фармудаанд: “Фарде ширингуфтор ва зеборафтор бош!”, (Ғурарул ҳикам, 611/4). Ва низ, ҷиҳати ташвиқи бештар бар хушкаломӣ, мефармоянд: “Бо ҳусни гуфтори мард метавон бар ақли ӯ пай бурд”, (Ғурарул ҳикам, 449/6).

Имом Саҷҷод дар “Рисолаи ҳуқуқ” дар робита бо риояти ҳаққи забон, ҳамчун василаи гуфтории инсон, мефармоянд: “Ҳаққи забон ин аст, ки онро аз зиштгӯӣ боздорӣ, ба гуфтори некӯ ва адаб одат диҳӣ. Аз кушодани забон, ҷуз ба ҳангоми ниёз ва манфиати дину дунё худдорӣ кунӣ ва аз пургӯӣ ва беҳудагӯӣ, ки ҷуз зиён дарбар надорад, дурӣ биҷӯӣ ва бидонӣ, ки забон, гувоҳи ақлу андешаи туст ва зебоӣ ва оростагӣ ба зевари ақл, намудаш ба хушзабонии туст”.

Аз мазомини оёту ривоёти исломӣ ба даст меояд, ки парҳез аз хатоҳои забонӣ, монанди саббу дашном, дурӯғгӯӣ, ғайбат, тӯҳмат, масхара намудан, беҳурматӣ кардан, суханчинӣ, пургӯӣ, шаҳодати бардурӯғ, муҷодила, лаъни беҷо, ифшои сир ва ғайра аз масодиқи хушкаломӣ ба шумор меравад. Ва роҳи ба даст овардани ин сифати ҳамида, тафаккур  қабл аз калом, парҳез аз муҷолисати инсонҳои бадгуфтор, нишасту бархост бо афроди хушбаён, тамрин ба хушгуфторӣ ва сукут дар мавоқеи ғайризарурӣ мебошад…

Дар поён аз Худованди Маннон мехоҳем, ки барои мо иффати баён арзонӣ дорад ва ба мо тавфиқ диҳад, забону баёнамонро ба гуфтори хайр одат диҳем ва изофотро аз он ҳазф намоем ва ба мо хушкаломию хушгуфторӣ бо мардумро ато фармояд.

Манобеъ:

1 – Наҳҷулфасоҳа;

2 – Ғурарул ҳикам;

3 – Рисолаи ҳуқуқ.

4 – Биҳишти ахлоқ, Маҳдии Нилипур

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.