Пурсишу посух: Ризоят надодани шавҳар барои идомаи таҳсили ҳамсар

Ризоят надодани шавҳар барои идомаи таҳсили ҳамсар

92

Пурсишу посухҳо

Корбари мӯҳтараме чунин суолеро пурсидаанд: Ман се сол пеш издивоҷ кардам. Шавҳарам ва хонаводашон ҳангоми хостгорӣ қавл доданд, ки ман баъд аз оиладорӣ ба таҳсилотам дар донишгоҳ идома медиҳам. Аммо акнун ба ман иҷозат намедиҳанд. Дар сурате ки ман бисёр алоқаманд ба дарс хондам ҳастам ва шавҳарам ҳам медонанд, ки ман мехоҳам ба таҳсилотам идома диҳам, вале то ба ҳол натавонистам эшонро розӣ кунам. Ҳоло намедонам чӣ кор кунам ва аз чӣроҳе шавҳарам ва хонаводаашонро барои ин кор розӣ кунам.

***   ***   ***

Ин мавзӯъ дар бисёре аз хонаводаҳои ҷавон ва навташкили мо мушоҳида мешавад, ки ҳангоми хостгорӣ, ваъдаи зиёде, махсусан аз тарафи хонаводаи домод дода мешавад ва ҳамаи онҳо ё бештарашон пас аз издивоҷ, ба фаромӯшӣ супурда мешавад.

Посухи ин бонуи азиз, муфассал дода мешавад, аммо дар ин навишта, хитоби мо ба ҷавонони азиз – ба ҳамаи писарон ва духтарон аст. Мо ба ҳамаи писарон ва духтарони азиз тавсия мекунем ва аз онҳо дархост мекунем, ки дар ҳангоми хостгорӣ ба суханоне, ки худатон мезанед, диққат кунед.

Аввалан, нисбат ба қавлу қарорҳое, ки гузоштаед, пойбанд бошед.

Сониян, ин қавлу қарорҳоро фаромӯш накунед.

Агар наметавонед қавлеро иҷро кунед, бо ниҳояти садоқату ростгӯӣ бигӯед, ки қабул намекунам! Ба ин умед, ки ҳоло қабул мекунам, баъдан қонеъ мешавад, вориди водии хатарноки бесадоқатӣ нашавед.

Ва ҳоло, мепардозем ба посухҳои ин хоҳари мӯҳтарамамон: Хоҳари гиромӣ, дуруст аст, ки шавҳари шумо кори хубе накардаанд, ки ҳангоми хостгорӣ чизеро пазируфтанд ва акнун ба ваъдаашон амал намекунанд, аммо шумо ҳам пеш аз он ки ӯро муҳокима кунед, каме ҳам ба рафтору гуфтори худатон таваҷҷӯҳ кунед. Шояд шумо ҳам қавлу қарорҳое доштаед, ки онҳоро фаромӯш карда ва ё ба он амал накардаед. Ва шояд ҳамсаратон ба ин хотир ин рафторро муртакиб шуда бошад.

Ё ин ки шояд аз ҷониби шумо рафторе сар задааст, ки сабаби норизоятии шавҳаратон шудааст.

Агар шумо мунсифона доварӣ кунед, оё норизоятии ӯ аз шумо баҳақ аст ё ноҳақ? Ҷавоби ин пурсишҳо метавонад решаёбии ин рафторҳои шавҳаратон бошад ва барои пайдо кардани роҳи ҳал бисёр муҳим аст.

Эҳтимолан яке аз роҳи ҳалҳои ин масъала, ислоҳи рафторҳои иштибоҳи шумо бошад ва метавонад таъсири басазое дар нарм шудани ҳамсаратон дошта бошад. Мумкин аст, ҳамсари шумо ҳам гуфтаниҳои зиёде дошта бошад.

Аслан то баҳол, аз ӯ дар бораи мухолифаташ бо таҳсили худ пурсидаед? Шояд ӯ ҳам далеле барои ин кор дорад, ки мумкин аст дурусту қонеъкунанда бошад.

Ҳоло, фарз кунем, ки ҳамсаратон далеле барои ин кораш надорад ва бидуни далел, ба шумо иҷозати идомаи таҳсилро намедиҳад ва шумо ҳарчӣ талош кардед, аммо бо ҳеч роҳе натавонистед, ӯро розӣ ба ин кор кунед. Нашуд. Ҳоло тарозуи ақлро ба кор гирем ва ба ин пурсиш посух диҳем, ки оё барҳам задани конуни гарми хонавода, ба далели ин масъала, кори дурусте аст?

Оё идомаи таҳсил дар донишгоҳ барои шумо ин андоза муҳим аст, ки робитаи худ ва ҳамсаратонро барои он баҳам занед?

Роҳи дарс хондан танҳо дар донишгоҳ хулоса намешавад. Агар ангезаи талаби илм дошта бошем, метавонем бо машварати аҳли фан, роҳи мутолиаро дар пеш гирем ва ба ҳисси илмҷӯии худамон посухи мусбат диҳем.

Дар поён боз ҳам таъкид мешавад, ки тасмими аслиро дар ҳангоми ақд ва замони хостгорӣ бигирем ва қавлу ваъдаҳое, ки медиҳем, бояд имконпазир бошад ва худамон ҳам ба он амал кунем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.