Интихоби ҳамсар(қисмати дуввум)

124
  1. Асолати хонаводагӣ

Таваҷҷуҳ ба шарофат ва саломати хонаводагии ҳамсар ва муҳити тарбиятии ӯ, яке дигар аз меъёрҳои интихоби ҳамсари шоиста аст; шахсияти инсон то ҳудуди зиёде аз муҳити хонавода ва шиваи тарбиятии он таъсир мепазирад. Ин таъсир ба андозаи амиқ аст, ки бо шинохти асолати хонаводагии ҳамсар метавон ба имон, тақво, покдоманӣ, шарофат ва бузургворӣ ва бисёри дигар аз вижагиҳои ахлоқии ӯ пай бурд.

Ислом ба духтарон ва писароне, ки дар садади издивоҷ ҳастанд тавсия кардааст, ки дар бораи решаи хонаводагии ҳамсарони ояндаи худ таҳқиқи лозим ва кофӣ кунанд ва то ҳадди имкон бо хонаводаҳои шариф, бузургвор ва обуруманд пайванди хешованди бар қарор намоянд. Паёмбари акрам(с) мефармоянд:

“Дар хонаводаи асил ва шоиста издивоҷ кунед, зеро арақ(нутфа ва женҳо) таъсир мегузорад”.[1]

Аз ин ҳадис истифода мешавад, ки яке аз ҳикматҳои таваҷҷуҳ ба асолати хонаводаги дар интихоби ҳамсар ин аст, ки бештар духтароне, ки дар хонаводаҳои шариф ва обуруманд тарбият мешаванд, ҳамчун падарон ва модаронашон ба одоб ва расмҳои динӣ ва мавозини ахлоқии бештар муқайяд хоҳанд буд ва заминаи саодату хушбахтӣ дар онҳо омодатар аст, чаро ки таъсири омили виросат аз дидгоҳи исломӣ ба унвони як омили заминасоз дар тарбияти саҳеҳ ва исломӣ мақбул ва пазируфта шудааст. Аз ин рӯ, ин шарофату бузургворӣ ва асолати нажод дар духтарон таъсири бесазоӣ мегузорад.

Ҳамон ҳазрат дар сухани дигар чунин ҳушдор медиҳад:

“Эй мардум! Аз сабзаҳое, ки дар заминҳои олуда мерӯяд, бипарҳезед. Пурсиданд: Эй Расули худо! [Манзур аз] сабзаҳои рӯида дар заминҳои олуда чист? Ҳазрат посух дод: зани зебое аст, ки дар хонаводаи бад, тарбият шудааст”.[2]

Дар ин ҳадиси шариф Паёмбари акрам(с) ҷавононро аз издивоҷ бо духтароне, ки дар хонаводаиҳои паст ва ба дур аз тарбияти исломӣ ва мавозини шаръӣ тарбият шуда ва бебандубору худсард бор омаданд, барҳазар доштааст, зеро чунин духтаронӣ -хоҳ но хоҳ- баъд аз издивоҷ хислатҳо ва одатҳои хонаводагии худро дар муҳити хонаводагии навпои худ птёда хоҳанд кард. Аз суи дигар, пас аз издивоҷ инсон ногир аст бо хонаводаи ҳамсараш рафту омад кунад ва чунон чи хонаводаи ҳамсар аз мазияти шарофати хонаводагӣ бархурдор набошанд, муошират ва рафтуомад бо онҳо ҳамвора мояи азоби шавҳар хоҳад буд ва ин амр заминаи даргирӣ ва ихтилофу кашмакаш миёни зану шавҳарро фароҳам хоҳад кард.

Бадеҳи аст, ки вуҷуди духтарони хуб ва шоистаро дар миёни хонаводаҳои ғайри асил ва фурумоя наметавон инкор кард, вале чунин афроде ба нудрат ёфт мешаванд ва ба ҳар ҳол бақоёи асарҳои номатлуби тарбиятии хонаводаҳои онон дар онҳо мемонад ва ба гунае ононро таҳти таъсир қарор медиҳад. Аз ин рӯ, шоистааст аз издивоҷ ва пайванди хешованди бо хонаводаҳои пасту фурумоя ҳамчун афроди фосиқ, шаробхор, муътод, дузд ва шарур ва… парҳез шавад.

  1. Куфв будан

Манзур аз (куфв будан) ҳамшаън будан ва ҳам сатҳ будани зану шавҳар аст, ва он аз назари шаръ ибодат аз мусовот дар дин, ва аз назари урф, мусовот дар ҳасбу насаб, сарват, шараф ва монанди инҳо аст.[3]

Куфв будан аз назари ислом аҳамияти бисёре дорад. Қуръони карим дар бораи лузуми риояти ин меъёри муҳим мефармояд:

“ Занони нопок аз они мардони нопоканд ва мардони нопок низ ба занони нопок таалуқ доранд, ва занони пок аз они мардони пок ва мардони пок аз они занони поканд”.[4]

Агар духтару писар ҳам шаъни якдигар бошанд ва ҳамдигарро дарк кунанд, ҳамчун ду каффаи тарозу дар ҳар шароите дар канори ҳам хоҳанд буд ва ҳеч нороҳатӣ ва камбудӣ наметавонад зиндагии онҳоро аз ҳам фуру пошад. Дар ривоятҳои исломӣ рӯи ин меъёр таъкиди фаровоне шудааст.

Расули худо(с) мефармоянд:

“Вақте ашхоси ҳамшаън барои хостугорӣ омаданд, духтаратонро ба онҳо бидаҳед ва мунтазири ҳодисаҳо набошед”.[5]

Дар ҷои дигар мефармояд:

“Ба ашхоси ҳамшаън  зан бидаҳед ва аз онҳо [низ] зан бигиред ва онҳоро барои нутфаҳои худ баргузинед”.[6]

Баъд аз равшан шудани масалаи ҳам куфв будан дар гузиниш ва интихоби ҳамсар, бояд дид ки зану мард дар чи умури лозим аст дар як сатҳ бошанд? Оё ҳам сатҳ будан дар зебоӣ, илм, сарват, мавқеиятҳои иҷтимоӣ – хонаодагӣ, фарҳанг ва монанди инҳо? Ё ин ки таъкиди ислом дар куфв будан фаротар аз ин умур аст?

Дар посух мегуем такяи ислом дар ин маврид, бештар рӯи меҳвари ҳам шаън будан дар дин, имон ва эътиқод ва низ ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ мечархад. Бар ин асос ҳам шаън дар умури дигар ба унвони меъёри куллӣ ва асли маҳсум намешавад. Аммо агар зану мард дар амри дин ва ахлоқ дар як сатҳ буданд, вале аз назари зебоӣ, сарват, илм ва мавқеиятҳои иҷтимоӣ – хонавонагӣ ва дигар мавридҳоро каму аеш ҷуброн мекунад ва сабаби муваффақияти зану мард дар зиндагии заношуӣ хоҳад шуд.

Инак ба тавзеҳи мавридҳои ёд шуда мепардозем:

А куфв будан дар дин ва имон:

Ҳам шаън будан дар дин ва имон – ҳамон тавр ки гузашт- аз мавридҳои муҳим дар куфв будани зану шавҳар аст ва дар ривоятҳои исломӣ мавриди таъкид қарор гирифтааст чунон, ки Паёмбари акрам(с) мефрмоянд:

“Марди муъмин ҳамшаъни зани муъмин ва марди мусулмон низ ҳам шаъни зани мусулмон аст”.[7]

Бар ин асос ҳангоме, ки он ҳазрат ба тазвиҷи тухтарон бо шаънҳои худ амр кар, фармуд:

“Муъминон баъзе ҳам шаъни баъзе дигаранд”.[8]

Ҳам шаън дар имон, тақво ва арзишҳои маънавӣ чунон аҳамият дорад, ки имом Ҳусейн(а) мефармояд:

“Агар Худованди мутаол амири муъминон(а) ро барои Фотима наёфарида буд, дар тамоми рӯи замин барои барои он бону ҳамтои ёфт намешуд”.[9]

Равшан аст, ки ин бе ҳамтои нозир нозир ба имон, тақво, арзишҳои маънавӣ, қурб ба худованди бузург ва мақомҳои волои инсонӣ аст.

Дар фиқҳи исломӣ низ бо таваҷҷуҳ ба ҳам шаъни дар дин ва имон фатво дода шуда, ки зани мусулмон наметавонад ба ақди кофир дарояд. Марди мусулмон низ низ наметавонад бо занони кофир ғайри китобӣ издивоҷ кунад.[10]

Зани муъмин низ ҳақ надорад бо марди носибӣ – ки ба таври аланӣ бо хонадони Расули худо (с) душмани дорад -ё марди голӣ- ки дар мавриди аҳлул байти Паёмбар(с) ғулув мекунад ва онҳоро худо ё пайғамбар медонад -издивоҷ намояд; ҳамонтавр ки марди муъмин ҳам набояд бо зани носибӣ ва ғулув кунанда издивоҷ кунад, зеро инҳо дар ҳукми куффоранд, агар чи дини исломро ба худ баста иддиои онро дошта бошанд.[11]

Б куфв будан дар ахлоқ:

Ҳам шаъни лар ахлоқ ва рафтор низ мавриди таъкиди ислом қарор гирифтааст. Духтар ва писаре, ки як умр мехоҳанд бо як дигар зиндаги кунанд, бояд ҳар ду ба зевари ахлоқи писандида ороста бошанд, то битавонанд ба осонӣ бар мушкилоти зиндагӣ чира шаванд. Ин ки дар баъзе аз ривоятҳои исломӣ аз издивоҷ бо афроди бад рафтор, бад даҳан, шаробхор, қимор боз ва … манъ шуда, нозир ба риояти ҳам шаъни дар ахлоқ ва рафтор аст.

Имом Ризо(а) ба нақл аз Паёмбари акрам(с) мефармояд:

“Ҳар гоҳ барои хостугорӣ назди шумо омад, ки ахлоқ ва динашро меписандед ба ӯ зан бидиҳед вагарна фитна ва фасоди бузурге дар замин ба вуҷуд меояд”.[12]

Равшан аст, ки ахлоқи писандида ва бархурдорӣ аз макорими ахлоқӣ камбудиҳои ношӣ аз сарват ва зебоиро ҷуброн мекунад ва мояи созиш ва зиндагии саодатмандонаи зану шавҳар мешавад.

Масалаи куфв будан –гузашта аз мавридҳои ёд шуда- дар пораи аз ривоятҳои исломӣ ба покдомани ноши аз имон ва иътиқод ва имкони таъмини зиндагӣ тафсир шудааст. Имом Содиқ(а) дар ин бора мефармояд:

“Ҳам шаън будан дар издивоҷ иборат аз покдоманӣ ва имкони таъмини зиндагӣ аст”.[13]

Он чи то ҳол дар заминаи меъёрҳои гузиниш ва интихоби ҳамсар зикр шуд, меъёрҳои асосӣ ва муҳим дар ин замина аст. Дар инҷо пораи дигар аз меъёрҳоро ба сурати гузаро баён мекунем.

5–Тақво

Имом Ҳасани муҷтабо (а) дар посухи шахсе, ки дар мавриди издивоҷи духтараш машварат карда буд, фармуд:

“Духтаратро ба издивоҷи марди бо тақво даровар, зеро агар ӯ духтаратро дӯст бидорад, ба ӯ эҳтиром мегузорад ва чунон чи ба ӯ алоқа надошта бошад, ба ӯ ситам намекунад”.[14]

6 Саломати фикр ва равон

Имом содиқ(а) ба нақл аз имом Алӣ(а) мефармояд:

“Аз издивоҷ бо зани нодон бипарҳезед, ки ҳамнишини бо ӯ гирифторӣ ва фарзанди ӯ (табоҳ ва) нолоиқ аст”.[15]

[1]. Канзул Аъмол, ҷ 16, саҳ 296

[2]. Биҳор, ҷ103, саҳ 232.

[3]. Фарҳанги маорифи исломӣ, Саид Ҷаъфари Саҷҷодӣ.

[4]. Сураи Нур, ояти 26.

[5]. Наҳҷул фасоҳа, мутарҷим, Абулқосим Поянда, саҳ 37.

[6]. Ҳамон, саҳ 357.

[7]. васоил, ҷ 14, саҳ 44.

[8]. васоил, ҷ 14, саҳ 39.

[9]. Биҳор, ҷ 43, саҳ 97.

[10]. Тавзеҳил масолили имом, масалаи 2397.

[11].Таҳрирул васила, ҷ 2, саҳ 286.

[12]. Васоил, ҷ 14, саҳ 51.

[13]. Ҳамон.

[14]. Макоримул ахлоқ, Табарсӣ, саҳ 204, боби 8, фасли 3.

[15]. Ҳамон, саҳ 56.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.