Ҳаққи падару модар

562

Аз Имом Ризо(р) нақл шудааст, ки фармуд: “Ба падару модари худ некӣ кунед, агарчӣ мушрик бошанд”.

Дар ҳаққи падару модари кофару мушрик бояд некӣ карда ва эҳтиромашонро ҳифз намуд, ҳоло нисбати падару модаре, ки мусалмонанд ва ба Худову паёмбараш имон овардаанд, чӣ андоза бояд муҳаббат кард?

Аз Расули Худо(с) дар бораи ҳаққи падару модар бар фарзандон савол шуд, дар ҷавоб фармуданд: “Падару модар биҳишту ҷаҳаннами ту ҳастанд”.

Ризояти Худованд дар гарави ризояти падару модар ва хашму ғазаби илоҳӣ дар гарави нороҳатӣ ва ғазаби онҳост. Бадрафторӣ бо падару модар баракатро аз мол мебарад, умрро кӯтоҳ мекунад ва зиндагиро бар инсон сахт мегардонад.

Бархе аз фарзандон ҳамеша ба фикри ислоҳи рафтори падару модари худ ҳастанд. Фикр мекунанд, падару модар дар иштибоҳанд ва бояд рафторашон ислоҳ гардад. Решаи ихтилофоти худро бо падару модар дар ихтилофи назари худашон медонанд. Худро соҳибназар медонанд ва дар андешаи тағйири онҳо ҳастанд.

Ба ин афрод бояд гуфт: гуфтугӯи ҳамроҳ бо эҳтиром бо падару модар барои аз байн бурдани ихтилофи назарҳо хеле хубу лозим аст, аммо агар ҳамназар нашудед, аз аҳруми фишор истифода накунед! Қаҳр, тундӣ ва густохиро интихоб накунед. Шумо бояд худро бо онҳо танзим кунед на онҳо. Шумо бояд инъитофпазирӣ дар рафтор дошта бошед ва кӯтоҳ биёед. Падару модар умрест, ки бо рафтор ва фикри худ, хӯ гирифтаанд ва одат кардаанд, агар бо гуфтугӯ ихтилофи назар бартараф нашуд, шумо бояд кӯтоҳ биёед ва бо назари падару модаратон мувофиқат кунед, чӣ басо худи шумо дар иштибоҳ бошед.

Ёдамон бошад, ки навъи рафтор бо падару модар дар сарнавишти инсон нақши таъйинкунандае дорад. Хушрафторӣ бо онҳо саодати дунёву охират ва бадрафторӣ бо онҳо, шақовату бадбахтии дунёву охиратро ба ҳамроҳ дорад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.