Корҳои мамнуъ барои зану шавҳар пас аз ихтилоф ва даъво

Ихтилофи назар дар ҳар завҷе табиӣ ст. Ҳар чӣ бошад мо одамҳо бо ҳам мутафовитем ва мумкин аст гоҳе бо ҳам ихтилофи назарҳое ҳам дошта бошем. Ҳатман мақолоти зиёде дар мавриди боядҳо ва набоядҳои рафторӣ ҳангом даъво хондаед, аммо оё чизе дар мавриди рафторҳои пас аз даъво ҳам медонед?

115

Ҳамонқадар, ки корҳо ва ҳарфҳои мо ҳангоми гуфтугӯҳои ихтилофдор бо шарики зиндагиямон аҳамият дорад, рафторҳоямон ҳам пас аз даъво метавонад сарнавиштсоз бошанд. Мо дар ин матлаб корҳоеро, ки шумо набояд пас аз даъво бо ҳамсаратон анҷом диҳед, бароятон овардаем. Яқинан бо риояти онҳо аз паси ҳар даъвое ба роҳатӣ бар хоҳед омад.

Сарзаниш кардан

Агар баъд аз даъво якдигарро сарзаниш кунед ин мафҳумро мерасонад, ки ҳамсаратон муқассири тамоми иттифоқот аст.

Таҳқир кардан

Аз иштибоҳоти рафторӣ баъд аз даъво таҳқир кардан аст, ки ҳисси ҳамоқатро илқо мекунад.

Қаҳр накунед

Агар пас аз даъво, ба андаке замон барои танҳоӣ ниёз доред, ҳеҷ айбе надорад, ба шарти онки шарики зиндагиятонро низ дар ҷараён бигузоред. Яке аз бузургтарин иштибоҳоте, ки шумо пас аз даъво муртакиб мешавед, ин аст, ки қаҳр мекунед.

Агар шумо ҳамсаратонро нодида бигиред, ӯ ин бардоштро хоҳад кард, ки шумо дар ҳоли талофӣ ё танбеҳи ӯ ҳастед. Ҳамин боис мешавад, ки ӯ гордашро поин нагузорад ва ҳамчунон фосилаашро бо шумо ҳифз кунад.

Дар ин шароит, агар воқеан наметавонед бо ӯ иртибот барқарор кунед, беҳтар аст, ки ба ӯ бигӯед: “ман мисли ту наметавонам хеле зуд ҳамачизро фаромӯш кунам ва ба ҳоли қабл бозгардам, беҳтар аст, ки 24 соат ба ман замони бидиҳӣ. Ба эҳтимоли зиёд ҳама чиз ҳал хоҳад шуд, дар ғайри ин сурат боз ҳам бо ҳам сӯҳбат хоҳем кард.»

Ҳарфҳои ҳамсаратонро фаромуш кунед

Калимаҳои озор диҳандаеро, ки ҳамсаратон дар вақти даъво ба шумо мегӯяд фаромуш кунед ва дар зеҳни худ нигаҳ надоред ва бигузоред ҳар чӣ ҳамсаратон вақти даъво гуфтааст, ҳамонҷо боқӣ бимонад. Аммо пас аз оромиши худ ва ҳамсаратон ба ӯ бигӯед, ки кадом як аз калимоте, ки ӯ дар баҳс ба забон меоварад, шуморо озор медиҳад.

Маъзаратхоҳӣ накунед

Замоне, ки бо ҳамсаратон дучори мушкил шудед ва бо ӯ ба ихтилоф пардохтед пас аз даъво танҳо аз ӯ маъзаратхоҳӣ накунед, балки бигӯед, ки ман ба хотири фулон чиз ё фулон ҳарф, аз ту маъзарат мехоҳам ва дар оянда саъй мекунам, ки иштибоҳамро ҷуброн кунам.

Ҳамчунин барои кори бади худ ва бархурди тундатон баҳонатарошӣ накунед ва нагӯед: «рӯзи кории баде доштаам, сардард дорам ё шаби қабл бад хобидаам» ; чароки ин ҷумалот, мушкилро ҳал намекунанд, пас агар асабонӣ ё хаста ҳастед ва ё аз назари рӯҳӣ осеб дидаед, ва ё дар маҳалли кор ё ҳар ҷои дигаре шароити бадеро гузарондаед, қабл аз расидан ба хона ҳамсаратонро аз ин мавзӯъ огоҳ кунед, то ӯ бидонад шумо бештар аз шароити оддӣ ҳассос ва шикананда ҳастед.»

Ҳаргиз ба хотири тарс аз баррасии муҷаддад аз ин марҳила фирор накунед.

Агар сӯҳбат накунед, мушкили шумо боқӣ мемонад ва нороҳатӣ аз байн намеравад.

Ба калимоти ҳамсари худ вокуниш нишон диҳед ба унвони мисол, ба ӯ бигӯед пас ту барои ман аҳамият дорӣ, дуруст аст? Ва ӯро таъйид кунед то мутмаин шавад, ки ӯро ба хубӣ мешиносед.

Агар ӯ боз сари сӯҳбатро боз кард, ба ӯ пушт накунед

Имкон дорад, ки шарики зиндагии шумо чанд рӯз пас аз даъво дубора ба самтатон биёяд ва бори дигар мавзӯи даъворо пеш бикашад. Агарчи шумо ҳавсалаи баҳси дубораро надоред, аммо беҳтар аст, ки дар ин шароит ба ӯ пушт накунед.

Пешниҳоди мо ба шумо ин аст, ки ҳамеша пас аз ҳар даъво ба тарафи муқобилатон бигӯед, ки дар мавриди мавзӯи баҳсшуда фикр кунад ва агар ниёзе ба сӯҳбат кардани дубора буд, шуморо низ дар ҷараён бигузорад. Агар мушкили шарики зиндагиятон ҳал нашавад, дар дили ӯ монда ва баъдтарҳо ба шакли дигаре сарбоз мекунад. Бинобарин нороҳатиҳои ӯро ҳатто агар чанд рӯз аз даъво гузашта, нодида нагиред.

Наздикӣ ва амали заношӯӣ баъд аз даъво

Баъзе аз мардон алоқа доранд то баъд аз даъво ва пас аз онки узрхоҳӣ карданд ва масъала ҳал шуд робитаи ҷинсӣ дошта бошанд то бештар ба ҳамсарашон наздик шаванд. Аммо занон маъмулан дар ин вақтҳо омодагии эҳсосӣ барои робитаи ҷинсӣ надоранд. Агар шумо ҳам аз он даста заноне ҳастед, ки дар ин вақтҳо ба наздикӣ алоқа надоред бо оромиш ба ҳамсаратон бигӯед. Масалан ба ӯ бигӯед: «медонам дӯст дорӣ ҳисси байнамон беҳтар шавад ва ин барои ман хеле муҳим аст, вале ман ҳоло омодагии робитаро надорам».

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.