Равишҳое барои афзоиши ризқу рӯзӣ-I

80

Бахши аввал

Дар канори авомиле монанди талошу кӯшиш, роҳҳои дигаре барои афзоиши ризқу рӯзӣ баён шудааст.

Яке аз роҳҳои афзоиши ризқу рӯзӣ, амал намудан ба фармоишоти паёмбарон ва пешвоёни дин ва хондани дуоҳое барои афзоиши ризқ аст. Аҳодис ва ривоёти фаровоне аз Паёмбари Акрам(с), имомон ва пешвоён дар робита бо калидҳои вусъати ризқу рӯзӣ вуҷуд дорад, ки дар ин бахш, ба дастае аз онҳо ишора мекунем.

Тибқи фармудаи Имом Алӣ(р) барои афзоиши ризқу рӯзӣ, ин нукотро бояд риоят кунем:

Силаи раҳим дошта бошем, яъне бо хешовандони худ ба рафту омад бипардозем ва аз аҳволи ҳам бохабар бошем.

Ба дунболи кору талош дар субҳу аср биравем.

Содиқ бошем, зеро ростгӯӣ ризқро афзоиш медиҳад.

Барои афзоиши рӯзӣ, ҳангоми муомила ва хариду фурӯш, ҳирс надошта бошем.

Шукргузори Парвардигор бошем.

Қасами дурӯғ нахӯрем…

***

Афзоиши ризқу рӯзии ҳалол дар аҳодис:

Вузӯ гирифтан пеш аз хӯрдани таом, сабаби афзоиши рӯзӣ мешавад.

Рафтан субҳи зуд ба маҳалли касбу кор, рӯзиро афзоиш медиҳад.

Садақа боиси афзоиши рӯзӣ мешавад.

Барои афзоиши рӯзӣ, зафрҳои худро бишӯед.

Ҷору кардани манзил рӯзиро густариш медиҳад.

Нохун гирифтан дар рӯзи ҷумъа сабаби афзоиши рӯзӣ мешавад.

Саҳархезӣ боиси дур шудани беморӣ аз бадан мешавад ва рӯзиро бештар мекунад.

Ба рахти хоб рафтан бо либоси пок рӯзиро афзоиш медиҳад.

Ҳамсояи хуб будан рӯзиро афзоиш медиҳад.

Хӯрдани тиккаҳои хӯроки атрофи суфра, сабаби афзоиши рӯзӣ мешавад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.