Аҳодисе дар мавзӯи хушахлоқӣ

79

Чанд намуна аз аҳодисе дар бораи ахлоқи хубу некӯ, ки аз Паёмбари Акрам(с) нақл шудааст:

“Хушахлоқӣ нисфи дин аст”.

“Ахлоқ – зарфи дин аст”.

“Зиндагӣ гуворотар аз ахлоқи хуш нест”.

“Некхӯӣ – хайри дунё ва охиратро аз они худ кардааст”.

“Ҳеч ҳамнишине чун хушахлоқӣ нест”.

“Сарлавҳаи номаи аъмоли мӯъмин, хушхӯии ӯст”.

“Некхӯӣ аз беҳтарин насибҳо ва некӯтарин хислатҳост”.

“Некхӯӣ саромади ҳамаи некиҳост”.

“Хушнудтарини мардумон касест, ки ахлоқаш писандида бошад”.

“Он мӯъмине имонаш комилтар аст, ки ахлоқаш некӯтар бошад”.

“Шабеҳтарини шумо ба ман – хушхулқтарини шумост”.

“Салом кардан аз хулқи нек аст”.

“Дар тарозуи аъмол, чизе вазнинтар аз ахлоқи хуш нест”.

“Ганҷҳои рӯзӣ дар ахлоқи хуш аст”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.