Даҳ нукта дар мавриди тарбияти кӯдак

69

Нукоти муҳим дар тарбият ва парвариши фарзанд

1 – Ҳамеша рост бигӯед

Шумо ба унвони падару модар мехоҳед фарзандатон ҳамеша ростгӯ бошад. Магар ҳамин тавр нест? Пас улгу ва сармашқи хубе барои фарзанди худ бошед ва ҳамеша рост бигӯед.

2 – Ҳар рӯз бо ҳам китоб бихонед

Китоб хонданро ҳанӯз аз замоне ки кӯдаки шумо навзод аст оғоз кунед. Бачаҳои кучак ошиқи гӯш додан ба садои падару модарашон ҳастанд. Вақте ӯро дар оғӯш гирифтаед, хондани китоб барои вай, таҷрибаи пайванддиҳандаро шакл медиҳад ва ӯро барои як умр китоб хондан тарбият мекунад.

3 –  Бо кӯдакатон бозӣ кунед

Ҳаноми бозӣ бо кӯдакон, бигзоред онҳо интихобкунандаи навъи бозӣ бошанд. Дар бораи қонуни бозӣ бисёр сахтгирӣ накунед. Шумо бо ҷараён пеш биравед ва лаззат баред. Ин аст маънои бозӣ.

4 – Сармашқи хубе барои кӯдакатон бошед

Кӯдакон бо нигоҳ кардан ба рафтори падару модар аз онҳо меомӯзанд. Бинобар ин агар улгуи рафтори муносиб, мӯҳтарамона ва хуб бошед, натиҷаи беҳтаре медиҳад то ин ки бихоҳед онҳоро бо ҳарфҳоятон тарбият кунед.

5 – Нисбат ба беэҳтиромии фарзандатон қотеона амал кунед

Ҳаргиз ба фарзандатон иҷоза надиҳед, ки бо шумо ё ҳаркаси дигар густохона сӯҳбат кунад ё аз забони озордиҳанда истифода намояд. Агар ӯ чунин забонеро ба кор барад, қотеона ба ӯ ёдоварӣ кунед, ки ҳеч гуна беэҳтиромиро таҳаммул нахоҳед кард.

6 – Шуҷоатро ба фарзандатон биомӯзед

Нигоҳ кардан ба чашми афрод ба инсон эътимод ба нафс ва худбоварии лозимро медиҳад. Ба кӯдакатон бигӯед, ки ба ранги чашмони дигарон диққат кунад. Ҳидояти таваҷҷӯҳи кӯдак ба чашми дигарон боиси барқарории тамоси чашмӣ бо онҳо мешавад ва ба як кӯдаки мураддад кӯмак мекунад то бо эътимод ба нафс ва дорои худбоварӣ ба назар бирасад ва ба ҳар бачае кӯмак мекунад қотеъ бошад ва дигарон камтар ҷуръат пайдо кунанд то азияташ кунанд.

7 – Ба фарзандатон биомӯзед шаҳрванди масъуле бошад

Дар тамоми айёми сол роҳҳое барои кӯмак ба дигарон пайдо кунед. Анҷоми корҳои доваталабона дар ҷомеа эҳсоси арзишмандӣ ба инсон медиҳад ва кӯдаконро шакл медиҳад.

8 – Сифатҳои одами хубро ба ӯ биомӯзед

Замоне ки достони пеш аз хобро барояш мехонед, аз кӯдакатон бипурсед, ки кадом шахсият меҳрубон аст ё бад аст? баррасӣ кунед .ки чаро ин гуна фикр мекунад.

9 – Ҳамаи фарзандонро ба як андоза дӯст бидоред

Дар айни ин ки ба онҳо ба таври мусовӣ ва баробар ишқ меварзед, бо ҳар як аз онҳо рафтори хоссе дошта бошед, чаро ки онҳо афроди мутафовите бо ҳам ҳастанд.

10 – Ба замони хоби навзод аҳамият диҳед

Навзодатонро замоне, ки хоболуд аст, ба ҷои хобаш гузоред. Замоне ки хоболуд аст, аммо ҳанӯз ба хоб нарафтааст, метавонед навзодро дар ҷояш бихобонед. Бо ин равиш, ба ӯ ёд медиҳед, ки битавонад худашро барои хоб ором кунад. Ин кор аз мушкилоти эҳтимолӣ дар хобби ӯ мекоҳад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.