Тавсияҳои муҳим барои бонувон ва духтарон

78

Маҳрам ва номаҳрам

То замони ақд, аз ҳар гуна наздикии физикӣ худдорӣ кунед

Саодати инсон дар гарави итоат аз аҳком ва талимоти ҳаётбахши ислом аст. Дини муқаддаси ислом ҳар гуна тамос ва наздикии физикӣ бо номаҳрамро гуноҳи бузург мешуморад, ки инсон бояд аз он дурӣ кунад.

Имрӯза бузургтарин мутахассисони равобити инсонӣ дар кишварҳои ғарбӣ низ ба ин натиҷа расидаанд, ки тамоси физикӣ пеш аз издивоҷ, появу асоси як издивоҷи солимро аз байн мебарад.

Дар даврони ҷавонӣ ғаризаи ҷинсӣ бисёр қавист ва вақте ки таҳрик шавад, боиси иртикоби бузургтарин гуноҳон хоҳад шуд. Инчунин дар ин даврон маъмулан нируи эҳсосот бар нируи ақл ғалаба мекунад. Агар бо касе ошно шудед ва ҳанӯз нисбат ба ӯ шинохти дурусте надоред, саъй кунед аз ҳар гуна тамоси физикӣ ба таври комил парҳез кунед, зеро дар ин ҳангом, як алоқаи козиб ва ғайривоқеӣ байни шумо эҷод хоҳад шуд, ки ҳарду таҳти таъсири ҳамдигар қарор мегиред ва баъд аз издивоҷ мефаҳмед, ки бо фарде издивоҷ кардаед, ки бо ҳеч як аз меъёрҳои шумо созгорӣ надорад ва ҳеч гуна алоқае нисбат ба ӯ надоред.

Мутаасифона адами риояти ин меъёр то кунун издивоҷҳои нодурусти бисёреро ба вуҷуд овардааст, ки ин кор, боиси ба миён омадани мушкилот барои худашон, хонаводаҳояшон ва барои ҷомеа шудааст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.