Кӯдаки хиҷолатӣ

49

Бо фарзанди хиҷолатӣ чӣ гуна рафтор кунем?

Шояд шумо дида бошед, ё барои шумо ҳам иттифоқ афтода бошад, ки фарзанди азизатон аз рӯи шарм бо дӯстонатон салом накунад ё аз рӯи хиҷолат, дар меҳмониҳо, фақат як гӯшае бинишинад ва бо дигарон сӯҳбат накунад…

Аз дидгоҳи илми равоншиносӣ, ин рафтори кӯдакон нишонаи изтироб аст ва бинобар ин, набояд дар ҳузури ӯ дод бизанем, чун кӯдаки хиҷолатӣ наметавонад эҳсосоташро нишон диҳад ва вақте мо ба сари ӯ дод ҳам мезанем, боис мешавад, изтироби бештареро дар худаш махфӣ кунад.

Пас мо – ба унвони падару модар, наметавонем ӯро ба хотири ин кораш танбеҳ кунем ва ба сари ӯ фарёд кашем ва ё ӯро водораш кунем, ки хиҷолати худро канор гузорад.

Агар фарзанди мо хиҷолатист, аввал аз ҳама сабру ҳавсалаи зиёд дота бошем, зеро бо масъалаи печидае рӯбарӯ ҳастем.

Бояд ба фарзандамон таваҷҷӯҳи бештар кунем. Ӯро ба муҳитҳое, ки барояш шоду ҷолиб аст, бибарем то дар муҳити амну бидуни изтироб фаъолият дошта бошад.

Хиҷолатӣ ва шармгин будани кӯдак ирсӣ нест, аммо музтариб будан заминаи ирсӣ дорад. Агар фарзандатон хиҷолатӣ аст, бояд бештар муроқиби муҳити хона бошед, чун изтироб метавонад эътимод ба нафси бачаҳоро аз байн бибарад ва ё боиси афсурдагӣ ва васвос бишавад.

Муроқиби гулҳои зиндагиамон бошем ва ба онҳо бештар таваҷҷӯҳ кунем ва ёдамон бошад, ки тағйири зиндагии як кӯдак, тағйири зиндагии як насл аст ва чӣ зебост, ки мо ҳам дар ин тағйир саҳме дошта бошем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.