Наҳваи саҳеҳи бархурд бо навҷавон

59

Гоҳе адами ошноӣ бо наҳваи саҳеҳи бархурд бо як навҷавон, боис мешавад, падару модарҳо фарсангҳо аз фарзандашон дур шаванд, фосилае, ки шояд ҳаргиз натавон онро ҷуброн кард.

Барқарории иртибот бо як навҷавон маҳоратест, қобили ёдгирӣ, волидайн ба роҳатӣ метавонанд бо кӯмак гирифтан аз тадбирҳои зер, гуфтугӯи самарабахш дошта бошанд.

Ба ҳарфҳои навҷавон гӯш диҳед

Дар сурате ки муваффақ ба иртибот шудед, дар ин марҳала тавсия мешавад, то он ҷое ки мумкин аст, изҳори назар накарда ва дидгоҳи худро баён накунед. Балки бигзоред суккони ҳидояти гуфтугӯ ба дасти навҷавон бошад. Фақат ба ҳарфи навҷавон гӯш диҳед. Беҳтар аст ҳар чанд гоҳе бо баёни ибороте чун “бале, дуруст…” ба ӯ собит кунед, ки ба ҳафрҳояш гӯш медиҳед ва ё бо пурсиши суолоте аз он чи ки гуфтааст, назари ӯро барои идомаи баҳс ҷалб кунед ва худ низ ба ин итминон бирасед, ки сӯҳбатҳои ӯро дуруст мутаваҷҷеҳ шудаед.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.