Рафторҳои иштибоҳи волидайн бо кӯдакон

Бархе аз волидайн бо доштани таҷрибаҳои боло дар тарбияти кӯдакон боз ҳам рафторҳои ғалат ва мухаррибе анҷом медиҳанд, ки сабаби эҷоди мушкилот ва осебҳое дар зиндагии фарзандон мешаванд.

67

Бархе аз волидайн дар заминаи муроқибат аз фарзандон, рафторҳои иштибоҳеро анҷом медиҳанд. Ин рафторҳои иштибоҳ дар ояндаи кӯдак таъсироти номатлубе дорад ва заминасози мушкилоти рафторӣ монанди адами эътимод ба нафс, аз байн рафтани ҳисси истиқлол ва… дар бузургсолӣ мешаванд. Агар намедонед кадом рафторатон саҳеҳ ва кадом рафтори шумо иштибоҳ аст, ин матлабро мутолиа кунед.

Таҳдид кардан ва ришва додан ба кӯдак

Бисёре аз мо кӯдаконеро дидаем, ки ҳамеша дар ҳоли баҳс кардан ва гиря кардан ҳастанд, дар ин вақтҳо волидайн рафторҳое монанди ришва додан ба фарзанд, таҳдид кардани ӯ, асабоният ва… аз худ нишон медиҳанд, ки ҳеҷ кадом аз ин рафторҳо барои ором намудани кӯдак натиҷае надорад.

Бинобарин ба ҳамаи волидайн тавсия мешавад аз талош даст бикашанд ва ба кӯдак ришва надиҳанд ва ӯро таҳдид накунанд, балки ӯро ба ҳоли худаш раҳо кунанд. Кӯдакон медонанд дар ҷамъҳо ва машғалаҳо хостаҳояшон матраҳ кунанд, зеро таваҷҷуҳи шумо ба дархостҳои онҳо дар чунин шароите тағйир мекунад ва шумо барои ором кардан ба онҳо боҷ медиҳед, бинобарин беэътино бошед.

Таҳияи ғизои ҷудогона барои кӯдак

Бархе аз модарон барои кӯдаки худ ғизои ҷудогонае мепазанд ва ба ӯ аз ғизои хонавода намедиҳанд, ин кӯдакон маъмулан нисбат ба кӯдаконе, ки дар канори хонавода ва аз ғизои онҳо тағзия мекунанд, беиштиҳотар ҳастанд ва мумкин аст дар ояндаи ин кӯдак дӯст надошта бошад аз ғизои хонавода бихӯрад ва ғизои дигареро аз модар дархост намояд. Модароне, ки ғизои ҷудогонае барои кӯдаки худ таҳия мекунанд, бештари вақтҳо ҳаҷми ғизо бештаре аз ҳадди ниёзи фарзандашон ба ӯ медиҳанд.

Тавзеҳ додани беш аз андоза

Дар баробари дархостҳо ва саволҳои кӯдакатон як тавзеҳи хуб ва комил бидиҳед, аммо бархе вақтҳо агар ӯ дархосте аз шумо намуд, аз тавзеҳоти изофӣ ва хориҷ аз маҳдудаи дарки ӯ бипарҳезед, зеро тавзеҳи муфассал ва тӯлонӣ дар бархе аз вақтҳо нишондиҳандаи ин аст, ки шумо ба иллати доштани азоби виҷдон наметавонед ба кӯдаки худ “на” бигӯед ва шурӯъ ба тавзеҳ доданҳои ифротӣ мекунед. Пас бархе аз вақтҳо посухҳои кӯтоҳ ва мустақим диҳед ва танҳо саъй накунед кӯдаки худро шод нигаҳ доред, зеро кӯдак бояд бо эҳсосоти дигар ҳам ошно шавад.

Сабти ном дар дарсҳои гуногун

Бигузоред кӯдакони шумо ҳам гоҳе кӯдакӣ кунанд, агар нигарони ояндаи онҳо ҳастед ва доиман кӯдаки худро дар дарсҳои мухталиф сабти ном мекунед дар иштибоҳ ҳастед, зеро кӯдак ниёз дорад дар соатҳое аз рӯз истироҳат кунад ва ҳар коре, ки дӯст дорад анҷом диҳад.

Иҷоза диҳед фарзандатон озод бошад ва бозиҳои халлоқона анҷом диҳад, чароки ӯ ба бозӣ кардан ва саргармӣ ниёз дорад ва ҳамин бозиҳои содда онҳоро месозад ва маҳоратҳои иҷтимоӣ онҳоро боло мебарад ва эҳсоси оромиш ва роҳатӣ дар онҳо эҷод мекунад.

Тавбих кардани кӯдак

Агар кӯдаки худро доим тавбих ва даъво мекунед ва дар муқобили корҳои ӯ доиман иборатҳо “даст назан”, “ин корро накун”-ро такрор мекунед, дар иштибоҳед ҳамонтавр, ки набояд ба кӯдак беш аз ҳад аҳамият диҳед, набояд ӯро тавбих кунед, зеро дар эътимод ба нафси ӯ асар дорад ва ӯ табдил ба кӯдаки мунзавӣ ва гӯшагир мешавад.

Дору додан ба кӯдакон ба шакли нодуруст

Агар ҷузви модароне ҳастед, ки доруҳои зиёдеро нигаҳдорӣ мекунед ва ҳангоми дору додан ба кӯдакатон ба барчасби ин доруҳо таваҷҷуҳ намекунед, дар иштибоҳед, зеро мумкин аст бо ин кор саломати фарзанди худро ба хатар андозед, пас қабл аз истифода аз доруҳо ба барчасби кӯчаке, ки бархе иттилооти зарурии дору рӯи он навишта шуда диққат кунед. Шумо метавонед аз онҳо кумак бигиред ва ё дубора бо пизишк сӯҳбат кунед ва назари ӯро ҷӯё шавед.

Кумак кардани беш аз ҳад ба кӯдак

Кумак кардани бархе аз волидайн дар анҷоми ҳар коре ба кӯдакон мушкилсоз аст. Ин волидайн ҳангоме, ки кӯдак барои анҷом додани кори бисёр кӯчак дучори мушкил мешаванд, бо суръат корашонро анҷом медиҳанд. Ин волидайн бойни кор ба кӯдакони худ ёд медиҳанд, ки худ наметавонанд чолишҳоро таҳаммул карда ва бо онҳо мубориза намоянд ва ҳамеша ба кумаки ӯ ниёз доранд.

Иҷозаи тамошои беш аз ҳадди телевизион ба кӯдак

Кӯдаконе, ки замони зиёдеро сарфи дидани телевизион мекунанд, бо мушкилоти зиёде дар ёдгирӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд, пас кӯдакони навпои худро бо хондан, ва корҳои халлоқонаи дигар, саргарм кунед ва ӯро ташвиқ кунед то илова бар ҳарф задан, гӯш ҳам бидиҳад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.