Ҳамсарони бартар аз назари Қуръони карим

86

«هُنَّ لِبَاسٌ لَّکُم وَ أَنتُم لِبَاسٌ لَّهُنَّ»]1]

[1] Сураи Бақара ояти 187

Қӯрони карим  мегӯяд, ки зан барои мард либос аст ва мард барои зан либос аст.
1.    Чаро Ислом гуфта зану  шавҳар либоси ҳамдигаранд? Чӯн либос севвумин ниёзи башар аст. Аввалин ниёзи башар оксижен ва ҳаво аст, дуввумин ниёзи башар ғазост, севвумин ниёзи башар либос аст, ҳамсар севвумин ниёзи аслӣ башар аст.
2.    Либос бояд дар тарҳу рангу ҷинс муносиби инсон бошад. Ҳамсар ҳам бояд куфф бошад, яъне дар фикру фарҳангу шахсият мисли ҳам бошанд. Лозим нест аз назари молӣ мисли ҳам бошанд. Издивоҷ дӯ чарха ва мошин нест, то ман бигӯям бобои ман дӯ чарха дорад ё бобои ӯ мошин дорад. Ман рӯи палос менишинам ӯ рӯи қолин мешинад. Ман дар хонаи хиштӣ менишинам ӯ бобояш кох дорад. Издивоҷ дӯ чарха ва мошину палосу қолин нест. Издивоҷ издивоҷи мағз ба мағз аст ва лизо Қӯрони карим мегӯяд:
« وَ لأمَّةٌ مُّؤمِنَةً خَیرٌ مِن مُشرِکَةٍ وَ لَو أَعجَبَتکُم»  яъне ба фикри эмон бошед яъне издивоҷ мағз ба мағз аст. Либос мояи зинат ва оромиш аст ҳамсар ҳам зинат ва оромиш аст.
3.    Либос ъайби инсонро мепӯшонад. Зану мард ҳам бояд ъайби ҳамдигарро бипушонанд.
4.    Ғайр аз ин ки ъайбро мепӯшонад либос инсонро аз сармоу гармо ҳифз мекунад. Ҳамсар ҳам конӯни хонаводаро гарм мекунад ва зиндагиро аз сармо наҷот медиҳад.
5.    Одами бе либос ба расвои кашида мешавад. Одаме ки ҳамсар надорад дар хатари расво шудан аст.
6.    Ҳаво ки сард аст либос ғафсу захим мешавад ва ҳаво ки гарм аст либос нозук ва тунук мешавад. Зан ки асабонӣ аст, бояд мард хӯш ахлоқ бошад, мард ки асабонӣ аст, зан кӯтоҳ биёяд яъне ҳар чи дидӣ сард аст либосат захим аст гарм аст либос нозук аст.
7.    Инсон бояд либоси хӯдро аз олӯдагӣҳо ҳифз кунад. Ҳар яке аз дӯ ҳамсар ҳам, бояд ҳамдигарро аз гуноҳ ҳифз кунанд, ин найҳи аз мункар кунад ӯ найҳи аз мункар кунад яъне ҳар дӯ супориш ба тақво кунанд. Ҳар дӯ ҳамдигарро пок нигаҳ доранд.
8.    Баъзе аз афроди солим бо пӯшидани либос мариз мешаванд. Либосе ки ейдз дорад одам солим аст, либоси олӯда пӯшидааст мариз мешавад. Баъзе аз одамҳои солим агар ҳамсари бад бигиранд фосид мешаванд.
9.    Баъзе бемориҳо бо пӯшидани либос хӯб мешаванд мисли бадани сӯхта либоси махсӯс дорад ки хӯб мешавад. Як оташ нишон бо либос ҳифз  мешавад, бемори амали ҷарроҳӣ либоси хос дорад. Яъне гоҳе вақтҳо либос, инсони маризро солим мекунад ва ё гоҳе аз вақтҳо инсони солимро мариз мекунад.
10.    Гоҳе дар даъвоҳо осеб ба либос мерасад осеб ба либос, осеб ба хӯди одам ҳам аст. масалан ҷанг мекунанд либосро мекашад пора мешавад агар либос осеб дид осеби либос, осеб ба шумо ҳам ҳаст, осеб ба ҳамсар, осеб ба ҳамсар ҳам аст.
11.    Интихоби либос, ранги либос, дӯхти либос нишонаи шахсият аст. интихоби ҳамсар ҳам нишонаи шахсият аст.
12.    Гоҳе як лака дар либос, кулли арзиши либосро аз байн мебарад. Гоҳе як айби ҳамсар, ба  кулли шахсияти ҳамсарро аз байн мебарад.
13.    Ҳатман либоси гарон ва қимат, нишонаи хӯбиаш нест, мумкин аст либос қимат бошад аммо арзиш надошта бошад. Ҳатман маҳрияи зиёд нишонаи ин нест, ки зан зани хӯбе аст, мумкин аст маҳрия боло бошад аммо зан дар сатҳи боло набошад. Ҳар либоси қимате далел бар арзиш нест ва ҳар либоси арзоне, далели бар беарзиши нест. Либоси эҳром арзон аст аммо либоси шараф аст. Гоҳе як чизе либос қимат ва гарон аст, мисли либоси шоҳан шоҳӣ, либоси қимат аст, аммо ҳар кас бипӯшад шоҳ мешавад. Ва як бор либоси эҳром, арзон аст. Пас қиматӣ ва арзонӣ нишонаи бар шахсият нест.
14.    Агар зебо тарин либос бошад ба тани шумо ба андозаи шумо нахӯрад арзиш надорад. Беҳтарин ҳамсар ба шумо нахӯрад арзиш надорад.
15.    Ба иборати дигар хӯб бӯдани либос муҳим нест, балки ба фард хӯрданаш муҳим аст. Мумкине либоси хӯб аст, аммо ба ин фард намехӯрад. Масалаи дигар ин, ки либос барои инсон маҳдудият меоварад, масалан, шумо вақте либос доред, маҳдудияти шумо ба ин аст, ки бо ин либос наметавонед шино кунед. Ҳамин тавр ки либос маҳдудият меоварад одаме, ки зан бигирад аввали ғурӯб биравад хона. Либос маҳдудият меорад, вале ин маҳдудият арзиш дорад. Ҳамсар ҳам ки маҳдудият меоварад вале ин маҳдудият арзиш дорад.
16.    Як либосро наметавонад дӯ нафар бипушанд, аз як ҳамсар(зан)ҳам дӯ нафар наметавонанд истифода кунанд.
17.    Дар интихоби либос фақат гармо ва сармо ва лаззати хӯдат набош, балки ба фикри ҷомиа ҳам бош. Мумкин аст, ки ин либос хӯб бошад шуморо ҳам гарм мекунад дӯсташ ҳам дорӣ, аммо ҷомиа ин рақам либосро намеписандад. Дар интихоби либос бояд ҷомиа нигар ҳам бӯд. Дар интихоби ҳамсар ҳам бояд ҷомиа нигар ҳам бӯд. Дар ҳоли ҳозир як руҳонӣ ҳамсараш бад либос(яъне либоси кӯтоҳ) дошта бошад, зане ки либоси кӯтоҳ( аз зону ками поинтар) бошад барои як корманди бонк, мумкин аст мушкил набошад, аммо барои зани мулло ин ҳиҷоб кам аст. Қӯрони карим мегӯяд: зани пайғамбар ғайр аз бақияи занҳост. • « يَا نِسَاءَ النَّبِيِّ لَسْتُنَّ كَأَحَدٍ مِّنَ النِّسَاء»
Эй ҳамсарони паёмбар, шумо ҳамчун яке аз он занон маъмули нестед.
Шумо зани  муло ҳамчун зани пайғамбар, унвони иҷтемоӣ доред. Зани муло ҳисобаш аз дигарон ҷӯдост. Шумо мулоед. Мулло бо сала ҳақ надорам бидавад. Сала ва амома барояш боарзиш аст, вале арзиш маҳдӯдият дорад, мулло набояд бо амома дар хиёбон  бидавад. Касе ки мулло шуд бояд мувозиб бошад ин дар шаъни тӯ ҳаст ё дар шаъни тӯ нест.
18.    Либос ҳам метавонад сабаби калак задан бошад, ва ҳам сабаби наҷот. Либоси Юсуф сабаби калак задан шуд бо хӯн махлӯт карданд “بِدَمٍ کَذِیبٍ”. Омаданд пеши  Ҳазрати Яъқуб(а) гуфтанд: гург Ҳазрати Юсуф(а) пора кардааст, яъне бо либос ҷав созӣ карданд. Бо ҳамсар ҳам мешавад ҷав созӣ кард. Ҳамсар дар муқобили ҳамсар ҷав созӣ кунад, ҳамчуноне, ки либос метавонад либоси покдоманӣ бошад.   (  (إن کَانَ قَمِیصُهُ قُدَّ مِن قُبُل   دُبُرٍ )  (إن کَانَ قَمِیصُهُ قُدَّ مِن   Пас либос аз куҷо пора шуда? Агар аз пушт пора шуда маълум мешавад ки Ҳазрати Юсуф(а)  пок аст, агар аз тарафи пешм либос пора шуда бошад, маълум мешавад Зулайхо пок аст, яъне либос ҳам метавонад ҷав созӣ кунад алайҳи инсон, ҳам метавонад наҷот бидаҳад инсонро. Ҳамсар ҳам метавонад ҷав созӣ кунад алайҳи шавҳараш ва ҳам метавонад ҷилуи ҷавсозӣро бигирад ва бар ҳамсар шаҳодат ба покӣ бидиҳад.
Мехоҳам дилатонро бисӯзонам, бигам аввали туятон ва аввали ҷавониятон биравед суроғи Қӯрон карим, чи касе метавонад як калама ҳарф бизанад ки 50 то нукта дар он калима, бошад.  Кадом прафессор метавонад як ҳарф бизанад, ки даҳ то нукта дар он бошад. Зинда бод Қӯрони карим вой бар мо ки Қӯронро нафаҳмем.
19.    Инсон дар интихоби либос соҳиб ихтиёр аст, вале вақте либосро интихоб кард дигар бояд бипушад. Аз аввал, дар интихоби ҳамсар соҳиб ихтиёред, аммо вақте гирифтӣ бояд хӯб ҳамсардорӣ кунӣ.
Ҳамсардории хӯб чи чиз аст?
Ҳамсардории хӯб, чаҳорто шарт дорад:
1.    “لاَ یَحزن” яъне ҳамсарат ҳузн пайдо накунад, яъне ба хонумат ғӯса надеҳ.
2.     “وَ یَرضَین” бояд манро розӣ кунӣ.
3.    “تَقَرَ أعیُنُهُنَّ  ” бояд шавҳаре бошӣ, ки чашми ман ба ҷамоли тӯ равшан шавад.
4.    “عاشرهن بالمعروف”
Қӯрони карим, оини ҳамсардориро чаҳорто ҷумла гуфтааст ҳоло китоб бинавис, бизан ба боло ба поин аз ин чаҳор то бештар матлаб пайдо намешавад.
Ҳеч кас бо пушидани либоси илм, олим намешавад. Шумо фикр накунед ки духтари муллоро гирифтӣ тӯ ҳам муллоҳӣ, духтари раиси ҷумҳурро гирифтӣ тӯ ҳам раиси ҷумҳурӣ. Хӯдат бояд ҳар чи ҳастӣ бошӣ. Ҳамсар ба ҳамсар шахсият намедиҳад, либоси олим инсонро олим намекунад.
Фозили Ҳисорӣ

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.