Чигунагии дармони фарди гирифтор ба каронавирус дар хона

164

Агар дучори каронавирус шудаед дар навбати аввал аз ҳама муҳиммтар ин аст, ки дар хона бимонед! Ин тавсия дар ҳоле аст, ки каронавируси мусбат нестед, аммо аломатҳоро доред. Дар сурати имокон дар утоқе, ки сервиси беҳдоштӣ(тувалет) дорад бимонед ва аз дигар аъзои хонавода дӯр бошед. Агар маҷбӯред аз сервиси беҳдоштии муштарак бо бақия истифода кунед, бояд баъд аз ҳар бор истифода онро комилан тамиз ва зидди вирус кунед. Ҳеҷ касеро мулоқот накунед ва агар маҷбӯред касеро бубинед, ҳатман моск бизанед. Дигари аъзои хонаводаҳаятон низ бояд тамоми нукоти беҳдоштӣ ва пешгириро ба таври комил риоят кунанд то дучори вирус нашаванд:

Дастҳоро ба таври мураттаб бишӯед

Дохили дастмол сурфа карда ва фавран онро дар кисаи мусри палостикӣ дар сатели даҳнакдор бияндозед

. Васоилҳое, ки ҳамеша ламс мешаванд ба таври мураттаб ва ҳар чанд бор дар рӯз, ки лозим аст пок кунед

. Аз ҳеҷ василаи муштараке истифода накунед, масалан зарфҳо ё рахти хоб.

. Либосҳо ва простинҳоро ба дурустӣ ва такрори ба такрор бишӯед

. Ҳамчунин бояд аз тамос бо ҳайвоноти хонагӣ дурӣ кунед. Маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳо тавсия мекунад то замоне ки ношинохтаҳое дар мавриди каронавирус ва ҳайвонот вуҷуд дорад, аз тамос бо онҳо худдорӣ кунед.

Агар аломатҳоятон маълум гардид бо пизишк ё маркази дармонӣ тамос бигиред то бидонед оё лозим аст ба бемористон муроҷиат кунед ё на.

Баъзе аз ин аломатҳо дар баргирандаи мавридҳои зер мебошанд:

. Мушкил дар нафас кашидан

. Дарди ҳамешагӣ ё эҳсоси фишор дар сина

. Эҳсоси саргиҷа ё минге, ки қаблан надоштаед

. Кабуд шудани лабҳо ё сурат

Агар ин аломатҳоро хатарнок эҳсос кардед бояд ҳар чӣ зудтар ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кунед.

Агар табатон болост метавонед аз доруи таб истифода кунед. Успаквител доруе аст, ки аксаран барои контроли таб тавсия мешавад. Аибупруфин низ доруи аз байн барандаи таб аст, аммо нигарониҳое аз ин бобат вуҷуд дорад, ки мумкин аст дар мавриди карнавирус, ки нав аст муносиб ва эмин набошад.

 Оё доруе барои каронавирус вуҷуд дорад?

Тибқи эъломи созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ва маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳо, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ дору ё воксане барои дармони каронавирус вуҷуд надорад. Лутфан фиреби хабарҳое, ки ба ӯҳда мегиранд метавонанд пешгирии бемории каранавирусро бигиранд ё онро дармон кунанд нахуред. Антибиутикҳо фақат бактерияҳоро дармон мекунанд, бинобарин дар дармони ин вирус ҳеҷ таъсире надоранд.

Коре, ки шумо метавонед анҷом бидиҳед, контроли аломатҳоятон аст то ҳар чӣ зудтар беҳбуд пайдо кунед. Бадан ба гунае танзим шудааст, ки бо вирусҳо мубориза мекунад ва барои бештар афрод ин иттифоқе аст, ки худ ба худ бо муваффақият рӯй медиҳад.

Агар ба таври кулӣ инсони солиме ҳастед, пас баданатон ба эҳтимоли зиёд метавонад баъд аз чанд рӯз беҳтар шавад ва дар мудати тақрибан як ҳафта беҳбуд пайдо хоҳед кард, аммо ҳанӯз то як ё ду ҳафта мумкин аст интиқол диҳандаи вирус бошед ва ба ҳамин далел аст, ки тавсия шудааст ҳар касе, ки дучори каронавирус мешавад, ҳадди ақал то 14 рӯз карантинаро ҳифз кунад.

 Чигуна метавонед аломатҳои каронавирусро дармон кунед?

Аломатҳои каронавирус, ки ҷадид аст иборатанд аз: Таб, сурфа ва тангии нафас.

Барои таб

Доруи таб истифода кунед: Агар табатон болост метавонед аз доруи таб истифода кунед. парацетамол доруе аст, ки аксаран барои контроли таб тавсия мешавад. Нигарониҳое аз ин бобат вуҷуд дорад, ки мумкин аст дар мавриди каронавирус, ки вируси ҷадид аст, муносиб ва эмин набошад. Барои боварӣ ҳосил кардан аз ин ҷиҳат ба таҳқиқоти бештаре ниёз аст.

Моеъоти зиёд бнӯшед: Таб маъмулан боиси арақовардан мешавад, ки ба маънии аз даст рафтани моеъоти бадан аст. Пас моеъоти зиёд бинӯшед (аз ҷумла об, обмеваи табии ва беқанд). Нӯшиданиҳои кофеиндор тавсия намешванд.

Истироҳат кунед: Бадани шумо барои мубориза бо вирусҳо ниёз ба энергия дорад. Фақат истироҳат кунед ва иҷоза диҳед баданатон корашро анҷом диҳад.

 Барои сурфа

Дар мудати рӯз моеъот бинӯшед: Нӯшидани моеъот натанҳо гулӯ ва ҳалқатонро намнок ва нарм нигаҳ медорад, балки баданатонро низ намнок нигаҳ медорад.

Нӯшиданиҳои гарм бинӯшед монанд чой, дамнӯш ва супи мурғ: Моеъоти гарм, роҳҳои ҳавоиятонро гарм мекунанд ва сабаби мулоим шудан луоб, мембарннаи фарингиалӣ ва роҳҳои танаффусии болои боло мешаванд.

Як қошуқи мурабохурии асал бо чои гарм ё оби доғро имтиҳон кунед: Каме асал метавонад гулӯдрдро оромиш диҳад, аммо ба бачаҳои зери як сол набояд асал бидиҳед.

Бухор диҳед: Ба оби доғ душ бигиред, аз дастгоҳи бухор истифода кунед ё ба ҳар сурати дигаре аз бухори оби доғ танаффус кунед. Ин кор боис оромиши гулӯдард шуда ва роҳҳои ҳавоиро боз мекунад то роҳаттар нафс бикшед.

Оби намак ғар-ғара кунед: Ҳар чанд ҳанӯз аз назари илмӣ собит нашудааст, ки ғар-ғара кардани оби намак кӯмаке ба контрол аломатҳои каронавирус кунад, аммо хеле аз афрод ба ин назар ҳастанд, ки гулӯдрдашон бо ин роҳ оромиш меёбад. Ба ҳар ҳол имтиҳон кардани он зараре надорад. Ба ин мақсад як қошуқи чойхурӣ намакро дар як стакони оби ҷӯшидаи гарм ҳал кунед. Баъд аз ғар-ғара кардан, умувалникро зидди вирус кунед.

Як тикка ях бимакед: Агар гулӯятон дар асари сурфа дарднок шуда сармо мумкин аст бо беҳисӣ ба коҳиш ва оромкарадни муваққатии гулӯдардатон кӯмак кунад.

Қурс ё обинаботи сурфа бимакед: Ин равишҳо низ даҳон ва гулӯятонро намнок нигаҳ медоранд ва сурфаҳоятонро кам мекунанд.

Доруи сурфаро имтиҳон кунед: Агар сурфаҳоятон хилтдор аст метавонед шарбати акспктуронт бихӯред то тарашшӯҳотатон тунук шавад. Агар сурфаҳои хӯшк доред, шарбати зиддисурфа чизе аст, ки ниёз доред, аммо навъи муносиби онро интихоб кунед.

Барои дард, устоминуфун масраф кунед: Гоҳе сурфаҳои зиёд, дарднок мешаванд. Як доруи оромбахш монанд устоминифун метавонад чунин дардеро оромиш диҳад.

Барои тангии нафас

Ором нафас бикашед: Кунд кардани равиши нафаскашидан метавонад ба шумо кӯмак кунад дубора дуруст нафаскашиданро оғоз кунед.

Яке аз техникҳои релексишн (мулоим) ё медетишнро имтиҳон кунед: Ин равишҳо бо муназзам ва ором кардани ритми танаффус кӯмакатон мекунанд баднатонро ором кунед. Ва ҳамчунин доштани тангии нафс мумкин аст, ки сабаби нигарониатон шавад, аммо бо кӯмаки текникҳои релексишн метавонед нигарониро аз худатон дӯр кунед.

Агар қаблан пизишк бароятон спрейи бӯкашидан иҷоза додааст, мумкин аст ҳозир дубора ба он эҳтиёҷ дошта бошед: Ба эҳсосе, ки дар синаатон доред диққат кунед ва ба ёд биоваред, ки қаблан пизишкатон бобати кадом аломатҳо, спрейи бӯ кашидан иҷоза дода буд. Аз спрейи ҳеҷ кас дигар истифода накунед ва фақат навъеро истифода кунед, ки бароятон иҷоза дода шуда буд. Қисмати даҳони спреро баъд аз истифода зидди вирусӣ кунед.

 Чанд тавсия

– Аксаран касоне, ки дучори аломатҳои сабуки вируси КАВИДИ19  мешаванд. Дармоне барои ин вирус вуҷуд надорад, аммо роҳҳои соддае ҳастанд, ки метавонанд аломатҳоро контрол кунанд.

– Аксаран касоне, ки баъд аз чанд рӯз ҳолашон беҳтар мешавад ва дар муддати як ҳафта беҳбуд пайдо мекунанд, аммо ҳамчунон мумкин аст сироят диҳанда бошанд. Бинобарин бояд ба муддати 14 рӯз баъд аз шурӯъи аввалин аломатҳо, карантина ҳифз шавад.

– Таб ва сурфа ва тангии нафасро метавонед бо роҳҳое, ки дар боло гуфтем контрол кунед то зудтар ҳолатон хуб шавад. Зиёд об нӯшед ва истироҳат кунед.

– Ёдатон бошад аз дигарон дӯр бимонед ва ба тамоми партаколоҳои беҳдоштӣ ва эҳтиёткоронаро амал намоед то вирусро ба азизонатон интиқол надиҳед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.