Вафо ба аҳд

65

 

Равишҳои тарбият (идомаи матлаб)

2 – Вафо ба аҳд

Вақте падару модарон ва мураббиён ҷиҳати ташвиқ, ба фарзанд ваъдае медиҳанд, фарзанд аз онҳо интизор дорад, ки ба ваъдаи худ амал кунанд, дар ғайри инсурат, эътимоди фарзанд нисбат ба онҳо аз байн меравад ва дигар таваҷҷӯҳе ба онон намекунанд.

Дар ривояте аз Имом Козим(р) нақл шудааст:

“Замоне ки ба фарзандон ваъдае доде, ба он вафо кунед, зеро онҳо тасавур мекунанд, ки шумо рӯзирасони онҳо ҳастед”.

***

3 – Ҳилму бурдборӣ

Тарбият ва омӯзиши фарзандон бояд ҳамроҳ бо меҳру муҳаббат ва гузашт бошад, бо айбпӯшӣ ва нармӣ бо онҳо бархурд шавад ва ба онҳо кӯмаку ёрӣ гардад.

Дар бархурд бо кӯдак бояд ба вижагиҳояш таваҷҷӯҳ дошт ва дар муқобили ҷунбу ҷӯш ва ҷустуҷӯи ӯ бояд падару модарон сабру ҳавсала бояд нишон диҳанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.