Тавсияҳои муҳим дар мавзӯи таълиму тарбият

51

Чанд тавсияи муҳим дар тарбият

Дар кори тарбият барнома дошта бошед.

Кӯдаконро ба шакли ғалат бо ҳам муқоиса накунед.

Адолатро байни фарзандон риоят кунед.

Дар рафторҳои худ нисбат ба кӯдакон, меҳрубон, қотеъ, мустақил ва устувор бошед.

Дар бораи арзиши мустақил будан ва рӯи пои худ истодан намунаҳое ба кӯдакон ироа бидиҳед.

Бо сабру тафаккур, тааммул дар гуфторро ба фарзандони худ биомӯзед.

Ба фарзандони худ кӯмак кунед тохудро беҳтар дарк кунад ва аз таҳқири дигарон бипарҳезед.

Бо тарҳи суолоти муносиб ва баҳсҳои гуногун кӯдаконро ба тафаккуру тааққул ва изҳори назар овдор созед.

Саъй кунед ба таври табиӣ дар маърази андешидан ва тасмим гирифтан қарор гиранд.

Ҳангоме ки аз кори нописанди кӯдакон нороҳат ҳастед, суол кардан ва тавзеҳ хостан дар ин бора таъсири мусбате дорад. Бо ҳифзи хунсардӣ ба таври ғайримустақим ва дар фурсат ва мавқеияти муносибе метавонед ба тарҳи чунин суолоте бипардозед.

Контроли кӯдак ба маънои маҳдуд кардани арсаи фаъолият ва ҷунбуҷӯши ӯ нест.

Дар муқобили мушкилот ва рафторҳои бади дигарон, бо ҳифзи хунсардӣ, муқовимат нишон диҳед то кӯдак низ ёд бигирад, ки дар бархурд бо мушкилот, бурдборӣ ва истодагӣ нишон диҳад.

Ҳангоми насиҳат ва роҳнамоӣ кардан, аз эъмоли равиши таҳаккуомомез ва таҳдидомез худдорӣ кунед ва ҳаргиз бо шеваҳои таҳдид, таҳқир, сарзаниш, таъна ва тамасхур ба ӯ, ба амру наҳй напардозед.

Дар рафтор бо кӯдакон мавқеияти синнӣ, шароити синнӣ, вижагиҳои руҳию эҳсосӣ ва мароҳили рушди зеҳнии ононро дар назар бигиред ва ба кӯдакон бо риояти син ва зарфияташон масъулият бидиҳед.

Бояд бидонед, ки тарбияти хуб, меваи хонаводаи хуб ва самимӣ ва пурмеҳру муҳаббат аст. тақвияти эътимод ба нафс ва худбоварӣ ва ҳисси хушбинӣ дар иртибот бо дигарон аз заруриёт аст ва бояд бо ибрози меҳру муҳаббати баҷо, заминаи ҳарфшунавиро фароҳам кунед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.